Санаи 17 октябр маҷлиси Ташкилоти ибтидоии «Нерӯи зеҳнӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Зулфиқор Гулаҳмадзода ва аъзои Ташкилоти ибтидоии «Нерӯи зеҳнӣ» ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои баррасишаванда мавзуъҳои вобаста ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии «Нерӯи зеҳнӣ»-ро дар бар гирифта дар раванди он аз ҷониби масъулон ҳисоботи фаъолияти Ташкилот дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод ва мавриди музокира қарор гирифт.

Дар доираи суханрониҳо раиси Ташкилоти ибтидоии «Нерӯи зеҳнӣ» Мирзо Исмоилзода қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бешубҳа ҳамчун мактаби низоми сиёсӣ дар ташаккули сиёсии шахс таъсири созанда дорад. Айни замон ҳизби мо ҳудуди ниммиллион аъзо дорад ва нақши он дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеаи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мегардад.

Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва сиёсати наҷибонаи Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, рисолаташро барои зиндагии арзандаи сокинони мамлакат равона намудааст. Агар ба таърихи таъсис ва рушду нумуӣ ҲХДТ нигарем дар масири давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Асоси барномаҳои рушди давлатдории давлати имрӯзаи мо ин барномаи ҲХДТ мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Шоҳмансур – Зулфиқор Гулаҳмадзода низ бо дастгирӣ аз суханҳои Исмоилзода М. оиди мавқеи сазовори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон изҳори назар карданд.

Ҳамзамон тибқи тартиби муқараргардида дар кори ҷаласа интихоби хайати Раёсати ташкилоти ибтидоии «Нерӯи зеҳнӣ»-и ҲХДТ дар Муассиса, интихоби Раис, Муовин ва Котиби ТИ «Нерӯи зеҳнӣ»-и ҲХДТ дар Муассиса, инчунин интихоби вакилон аз ташкилоти ибтидоӣ барои иштирок дар Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тариқи овоздиҳии шаффоф анҷом гирифт.

 

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!