Санаи 5 ноябр дар маҷлисгоҳи Муассиса бо иштироки роҳбарият ва кормандон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -6 ноябр, чорабинӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарият ва як қатор кормандони Муассиса вобаста аҳамияти таърихии Конститутсия дар таъмини сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, Конститутсия санади сарнавиштсоз ва ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ дар бунёди давлати демократӣ, таҷассуми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016) баромадҳо намуда  бо зикри сарчашмаҳои таърихӣ, муҳтаво ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии мардуми тоҷик бо тавзеҳот ба кулли кормандон фаҳмониданд.

Қайд карда шуд, ки бо қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ давра ба давра ислоҳоти ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар амалӣ гардида, бо татбиқи бомароми ҳадафҳои созандаи пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар як муддати кӯтоҳ рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъмин гардид ва сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан боло бардошта шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби  баромадкунандагон  вобаста ба саволҳои пешниҳодгардида, ҷавобҳои дахлдор посух дода шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!