Санаи 15 ноябр дар маҷлисгоҳи калони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Роҳбарият ва кулли кормандони Муассиса чорабинӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

   Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин нишонаи эҳтиром, садоқат ба Президент ва давлату миллат буда,  арҷгузорӣ намудан аз дастовардҳои идоракунии президентӣ ва иқдомҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дарвоқеъ Президент ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафили амният ва истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдории давлат ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол  мебошанд. Хизматҳои арзанди ин шахси накӯном, ки баҳри пойдорӣ, сулҳу суббот, пешрафт ва рушду нумӯи Тоҷикистон азиз анҷом додаанд, бо хатҳои зарин дар таърих навишта хоҳад шуд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Залишити відповідь

Ваша e-mail адреса не оприлюднюватиметься. Обов’язкові поля позначені *

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!