Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми ноябри соли 2009, рӯзи 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 

Ҳар як давлат тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзи истиқлолият ва соҳибдавлатӣ ба шумор меравад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

30 августи соли 2011 дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 м. партавфишон гардид. Баландии  Парчам 30м ва паҳноии он 60м мебошад.

Зимни баромади худ дар Рӯзи парчами миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд «Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст. Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он мебошад. Ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеияш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд»

Парчами давлатӣ  бо се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора ифода гардидааст, ки ҳар ранг ва  тоҷу ситораҳо дорои моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсӣ доранд.

Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, шукуҳи истиқлолияти кишвар, шуҳрату иқболи баланд, баёнгари ормонҳои миллат ва шуълаи  имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибтамаддун мебошад.

Бигзор Парчами давлатии мо-рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи  кишварамон то абад парафшон   бошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!