Санаи 6 декабр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҳакамони босалоҳияти Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол-2019” таҳти унвони “Қуллаи шараф” бо Роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо – Н. Ҳикматуллозода кори худро оғоз намуд.

   Ҳакамон озмуни мазкур аз намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ иборат буданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Қуллаи шараф” барои муайян намудани “Бренди сол” бори саввум аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон озмуни мазкур нишон медиҳад, ки бренд чи гуна бартариятҳои рақобатнокиро ба ширкатҳо дар бозор ва пешрафти тиҷорат медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ ва рушди тиҷорат ва брендинг дар Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро пайваста меандешад.

Озмуни мазкур тибқи Қоидаҳо оид ба гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019» ва Нақша чорабиниҳо вобаста ба гузаронидани Озмун ташкил ва баргузор мегардад.

Бояд қайд кард, ки дар Озмун ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо брендҳои  рақобатнок иштирок менамоянд.

Залишити відповідь

Ваша e-mail адреса не оприлюднюватиметься. Обов’язкові поля позначені *

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!