Санаи 12  декабри соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатиии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

вохӯрии роҳбарияти Муассиса бо намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон – Олег Гучгельдыев ва  Дмитрий Звягинцев – Мушовири калони техникии Дафтари минтақавӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, ки дар ш. Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон воқеъ аст баргузор гардид.

Ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҷории моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла рушди ишораҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодиалаи афкор намуданд.

Бо мусоидати Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар оянда оид ба рушди низоми ишораҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи дахлдор таъсис дода хоҳад шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!