Баъди соатҳои башумор мардуми сарбаланди тоҷик чун дигар кишварҳои олам Соли нави мелодии 2020-ро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи кишвар, беҳбудии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии халқ, фароҳам омадани заминаҳои мусоид барои боз ҳам баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум ва корҳои омодагӣ ба истиқболи шоистаи сисолагии ҷашни мубораку муқаддаси истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомоти хоссае ҷашн хоҳанд гирифт.

   Дар ҳақиқат соли 2019 барои мардуми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид.

Гузоштани қадамҳоии бузург дар таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат, бунёди иншоотҳои гуногун, қасру марказҳои фарҳанг, осорхонаву китобхонаҳо, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, таҷлили солгарди бузургони илму адабиёт, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, тарғиби илму донишҳои муосир, густариши худшиносии таърихиву фарҳангӣ дар байни наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо падидаҳоеянд, ки соли сипаришавандаи 2019 дар саҳифаи таърих сабт хоҳад намуд.

Эътимоди комил дорем, ки мо бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи хеш ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар Соли нави 2020 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро боз ҳам таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи сокинони сарбаланди кишвари тозаистиқлол – Тоҷикистони азизро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 самимона муборакбод намуда,  ба ҳар яки шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи некро таманно менамоем.

 

Соли Нави мелодӣ муборак бошад!

Залишити відповідь

Ваша e-mail адреса не оприлюднюватиметься. Обов’язкові поля позначені *

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!