Санаи 31 январ  дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассиса шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

   Дар чорабинӣ нуқтаҳои асосӣ ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби роҳбарият ва як катор кормандони Муассиса ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

  Зикр карда шуд, ки  Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву ҷамъиятии кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои он ба сифати як роҳнамо дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи кишвар нақши муассир мегузорад.

   Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикосгари рушду нумӯи  Тоҷикистони азиз ва роҳнамоест баҳри татбиқи нақшаҳои стратегӣ ва афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва  таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!