Санаи 29 январи соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатиии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Муассиса бо намояндагони Маркази байналмилалии тиҷоратӣ баргузор гардид.

   Ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҷории ишораҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

   Пас аз таҳлил ва омӯзиши вазъи низоми ишораҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди низоми мазкур, тибқи тартиби муқараргардида лоиҳаи дахлдор таъсис дода хоҳад шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!