Санаи 11-уми феврал вохӯрии директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилот» муҳтарам Мирзо Исмоилзода бо бонувони ихтироъкори кишвар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» баргузор гардид.

   Дар ҷараёни вохӯрӣ Мирзо Исмоилзода бонувони ихтироъкорро ба ҷашни «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» табрик гуфта, ҳамзамон қайд намуданд, ки нақши занон дар рушди ҷомеа, пешравии маориф, илму техника ва дигар соҳаҳо муҳим мебошад.

   Ҷоизи қайд аст, ки занону бонувони тоҷик таҳти ғамхорӣ ва қадрдонии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

   Боиси зикр аст, ки дар қатори мардон, дар соли 2019, бонувони тоҷик низ фаъолона ба ихтироъкорӣ машғул буда, аз 348 нафар ихтироъкорони кишвар, 55 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

   Ҳамчунин, аз 4000 ҳазор олимони кишвар 1066 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор 106 нафар доктори илм ва 960 нафар номзадҳои илм мебошанд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!