20 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо муаррифии татбиқи марҳилаи дуюми «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» баргузор гашт.

   Дар чорабинии мазкур аъзоёни Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат намуданд.

   Стратегияи мазкур аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якум бештар ба муаррифӣ, фаҳмондадиҳии вазифа ва мақсадҳои Стратегияи мазкур ба доираи васеи ҷомеа, такмил ва рушди конунгузорӣ, марҳилаи дуюм ба таъсиси технопарк ва марказҳои инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, марҳилаи сеюм бошад таҳлили монеаҳо ва баҳодиҳии натиҷаҳои бадастовардашуда гузаронида шуда, дар ин замина ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод намудан, муайян карда шудааст.

   Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур вазорату идораҳои дахлдор дар самти моликияти зеҳнӣ корҳои муайянро ба сомон расонидаанд ва қисми вазифаҳои Стратегия бо сабабҳои объективӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта иҷро нагардидаанд.

   Вабоста ба ин, ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба мақоми иҷроияи Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ – Вазорати рушди иқтисод ва савдо таклифҳои худро оид ба монеаҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, ки сабаби иҷро нагардидани баъзе аз вазифаҳои Стратегияи мазкур гардиданд, пешниҳод намоянд.

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!