Санаи 20 феврали соли 2020, дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, баргузор гардид.

   Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои миллӣ – намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

   Ҷаласаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Илёсиддин Камолиддинзода ифтитоҳ намуда, вобаста ба иҷрои корҳои анҷомдодашуда ва саҳмгузории аъзоёни Шӯрои мазкур дар рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар соли 2019, изҳори сипос намуд.

   Тибқи тартиби муқарраргардида, дар ҷаласа ҳисоботи муффасал оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи кори Шӯро ва ҳисоботи намояндагони Шӯроҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе шунида шуд.

   Бояд қайд намуд, ки аз натиҷаи иҷрои Нақшаи кори Шӯро барои соли 2019, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муффасал пешниҳод карда мешавад.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!