Санаи 6 март дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Илёсиддин Камолиддинзода, роҳбарият ва кормандони Муассиса чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи модар баргузор гардид.

   Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – модар дар ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мегардад.

   Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад,  ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

   Дар чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони Муассиса бо барномаи таҳиякардашудаи фарҳангӣ-фароѓатӣ хотири бонувон болида гардонида шуд.

   Дар фарҷоми чорабинӣ ва фазои тантанавӣ туҳфаҳои таъсиснамуда бо як дасту гули тару тоза аз номи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувон тақдим карда шуд.

 

 

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!