Санаи 11 март дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон иҷроиши мақсадҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», чорабинӣ дар мавзўӣ «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» баргузор гардид.

   Чорабинӣ бо мақсади муаррифӣ ва мусоидат ба раванди татбиқи амалии ихтироъҳои тайи солҳои охир бо ҳуҷҷати муҳофизатӣ таъмингардида роҳандозӣ гардида, дар доираи он ихтироъкорон ихтироъҳои худро бо воситаи рўнамоҳо ба доираи истифодабарандагон, аз ҷумла соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисони дигари соҳаҳо муаррифӣ намуданд.

   Теъдоди ихтироъҳо бештар аз 60 ададро ташкил дода, асосан дар се бахш бо гурӯҳбандии соҳавӣ муаррифӣ гардиданд, аз он ҷумла дар бахшҳои тиб ва бойторӣ, бахши  химия, металлургия, физика ва барқ ва ҳамзамон бахши кишоварзӣ, механика, нассоҷӣ, сохтмон ва корҳои кӯҳӣ дар алоҳидагӣ.

   Боиси зикр аст, ки дар чорабинӣ намояндагон аз вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва бахшҳои соҳибкорӣ ширкат варзиданд, аз он ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, КВД «Тоҷикагролизинг», Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ 2», ҶДММ «Тиб барои шумо», ҶДММ «Вежа фармасевтикалс», ҶДММ «Вегафарм», ҶДММ «Райҳонфарма», ҶДММ «Фармико», ҶДММ «Фармсуғд», ҶДММ «Ясмин-мед» ва дигарҳо.

   Дар рафти баргузории чорабинӣ ихтироъкорон ба саволҳои аз ҷониби шахсони ҳавасманд пешниҳод гардида ҷавобҳои мушаххас дода, инчунин дар доираи мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта низ байни иштирокчиён муҳокимаронӣ анҷом гирифт.

   Мақсади дигари баргузории чорабинии мазкур, ин иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ «Саноатикунонии босуръат» ва «Алоқамандии илм ба истеҳсолот» мебошад.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!