Санаи 20 марти дар Муассисаи давлатии « Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони  Муассиса чорабинии тантанавӣ ба муносибати  ҷашни «Наврӯз» баргузор гардид. 

   Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ ва ваҳдати комили миллӣ истиқбол мегиранд.

   Дар фарҷоми чорабинӣ ва фазои тантанавӣ муҳтарам М. Исмоилзода суханрони намуда кулли кормандони Муассисаро табрику таҳният намуда ба онҳо дар соли нави аҷдодӣ сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доранд, комёбиҳои беназиро таманно намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!