Санаи 17 апрел дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Суди конститутсионӣ, Раиси Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

 Мутобиқи рӯзномаи маҷлис “Дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо пешниҳоди узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим ва бо муҳокимаи вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом ва Қонунзода Шодигул  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида дастгирӣ ёфтанд.

Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аъзои Маҷлиси миллӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

 Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамзамон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб шудан ба мақоми олии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, барояшон комёбиҳои беназироо дар кору пайкорашон таманно менамояд.

Ҳамасола бо фармонҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе озмунҳои навоварону ихтироъкорон барои ҷавонон, ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад, ки ин ба рушди соҳаи моликияти саноатӣ, аз ҷумла ба ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ ва баланд бардоштани савияи дониш дар самти моликияти зеҳнӣ мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар як давраи фаъолияти пурсамари Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳои арзанда дода мешавад, чунки бо ташаббусҳо ва иқдомҳои худ пойтахти тоҷиконро ба  куллӣ тағйир доданд.

Бо ташаббусҳои созандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрўз симои пойтахти кишвар дигаргун гардида маърифати ҳуқуқиву фарҳангии сокинони пойтахт ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар шаҳри Душанбе бамаротиб боло рафт. Дар пойтахти кишвар биноҳои наву замонавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, зиёда аз 200 адад майдончаҳои варзишӣ ва 10 адад гулгаштҳои истироҳатӣ бунёд шуда мавриди истифода қарор дода шуданд. Парки нақлиётии мусофиркашонии шаҳри Душанбе бо автобусҳо, тролейбусҳо ва микроавтобусҳои наву замонавӣ таъмин гардида системаи инноватсионии пардохти роҳкиро ба роҳ монда шуд. Нақлиёти ҷамъиятӣ- «Таксӣ»-и шаҳрӣ ба ягона дизайн оро дода шуд, ки таваҷҷуҳи мизоҷонро ба худ тез ҷалб менамояд ва ба рушди сайёҳии кишвар мусоидат намуд.

Роҳбари мушфиқу ғамхор муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо азму иродаи  ватандўстиву миллӣ ва бо дарки баланди  масъулият дар пайи иҷрои ҳадафҳои созандаи давлату миллат, содиқона дар пайи иҷрои рисолати хеш мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ ҷавононро ояндаи давлату миллат ва хазинаи тиллоӣ мешуморанд. Мо имрўз ба азму иродаи қавии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун як ҷавони созандаю бунёдкор ва намунаи ибрату омӯзиш боварии комил дорем.

Итминони онро дорем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин вазифаи пурмаҳсул низ рисолати худро баҳри ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати наҷибона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда боз ҳам кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар таъмини волояти қонун, ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон, озодии инсон, рушду нумўи соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Бори дигар муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо интихоб гардиданашон дар ин вазифаи пурмаҳсул табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти салоҳиятнокашон  комёбиҳои беназирро орзу менамоем.

 

Исмоилзода Мирзо

 Директори Муассисаи давлатии

«Маркази миллии патенту иттилоот»-и

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!