Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ моҳи сентябри соли 2000-ум Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳниро таъсис дод ва аз соли 2001 то инҷониб ҳамасола санаи 26 апрел дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Воқеан ин сана тасодуфан интихоб нагардидааст, чунки маҳз 26 апрели соли 1970 Созмони умиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) таъсис дода шуда буд.

Ҳамасола таҷлили Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ба ягон мавзуъ бахшида мешавад. Дар ин рӯз чорабиниҳои тантанавӣ, намоишгоҳҳои мавзӯӣ, дар доираи он масъалаҳои муаррифии моликияти зеҳнӣ ба ҷомеа, нақши моликияти зеҳнӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон ба монанди фарҳанг, санъату адабиёт, ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ,  фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ ва рушди инноватсионӣ матраҳ карда мешаванд.

СУМЗ мавзӯи моликияти зеҳниро дар соли 2018 зери унвони «Қувваи пешбарандаи тағйиротҳо: занон дар соҳаи инноватсия ва эҷодиёт», соли 2019  «Ба даст овардани тилло: Моликияти зеҳнӣ ва варзиш» ва соли 2020 бошад чорабиниҳо ба ин муносибат «Инноватсия барои ояндаи «сабз»» номгузорӣ намудааст.

Тибқи иттилои СУМЗ соли ҷорӣ дар шароитҳои паҳншавии пандемияи короновирус ё худ COVID-19 дар ҷаҳон, бо назардошти талаботҳои ҳифзи саломатии ҷомеа чорабиниҳо бо истифодаи шабакаҳои виртуалии интернетӣ баргузор карда мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қатори дигар кишварҳо ҳамасола Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ-26 апрел таҷлил карда шуда, дар доираи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистн ва дигар нақшаву барномаҳои соҳавӣ ҷиҳати рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои зиёди гуногун баргузор гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз роҳҳои  рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро, рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа таъкид намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишваро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду соли охир як қатор чорабиниҳо аз қабили, баргузории конференсияи минтақавӣ ва «Форуми ихтироъкорон  ва навоварон» таҳти унвони “Аз ихтироъ то инноватсия”, Озмун – Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон созандагони Ватан», «Озмуни ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018», Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» ва дигар чорабиниҳо, ки ба рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ мусоидат намуд.

Ҳамасола бо фармонҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе озмунҳои навоварону ихтироъкорон барои ҷавонон, ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад, ки ин ба рушди соҳаи моликияти саноатӣ, аз ҷумла ба ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҷомеа аз соҳаи моликияти зеҳнӣ мусоидат менамояд.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ аз оғози фаъолият, ҷиҳати татбиқи афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, махсусан ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи обектҳои моликияти саноатӣ, ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотнокии ҷомеа ва рушди соҳа як қатор корҳои муҳимро иҷро намуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Қайд менамоем, ки ҷиҳати баромадан ба арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои навоварон ва ихтироъкорони кишвар дар соли 2019 корҳои мусоидаткунанда барои иштироки занҳои ихтироъкори кишвар дар Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри Сеули  Кореяи ҷанубӣ ва иштироки наврасону ҷавонони кишвар дар Универсиадаи патентии Авруосиёгии «Взгляд в будущее (Нигоҳ ба сӯи оянда)» анҷом дода шуда, натиҷаҳои мусбатро ба бор овардаанд.

Илова ба ин, солҳои 2018-2019 ҷиҳати тарғиби соҳа барои доираи васеи шаҳравандони кишвар аз ҷумла толибилмони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва миёна, ихтироъкорон ва навоварон семинар-машваратҳои фаҳмондадиҳӣ дар тамоми манотиқи кишвар баргузор карда шудааст.

Соли ҷорӣ низ дар партави нақшаҳои ояндасоз ва сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Озмун – Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон муҳаррики инноватсия» ва як қатор семинар-машваратҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешаванд.

Аз ҷониби дигар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази милли патенту иттилоот дар доираи як қатор озмунҳо ва чорабиниҳо ҳамасола онҳоеро қадрдонӣ менамояд, ки бо хирад ва офаридаҳои хеш, бо эҷоди тахайюлот ба зиндагӣ ва ҷомеаи имрӯза, баҳри манфиати ҳама инсонҳои рӯи замин кору фаъолият менамоянд ва дастовардҳои зеҳнии хешро барои манфиати халқ равона менамоянд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, олимону эҷодкорон аз ҷониби Муассиса дар ду сол як маротиба Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад, ки то ба имрӯз 22 нафар ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), 13 нафар соҳиби Медали тиллоии ба номи В.И. Блинникови Идораи патентии Авруосиёгӣ («Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ») ва 26 нафар ихтироъкорони ҷумҳурӣ соҳиби “Нишони фахрӣ”-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд. 

Дар самти ихтироъкорӣ то имрӯз 2334 ариза пешниҳодшуда аз онҳо 1577 адад ихтироъ дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифташуда бо ҳуҷҷати ҳифозатӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба рушди минбаъдаи  низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ, дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои давлатӣ чораҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст.

Бо ин санаи фархунда, кулли ихтироъкорону навоварон, адибону рассомон, санъаткорону нависандагон ва умуман  ҳамаи онҳоеро, ки дар рушди моликияти зеҳнӣ саҳмгузор ҳастанд, ба муносибати “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори хушу хонаи ободро таманно менамоем.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!