Бо сабаби паҳншавии бемории сироятӣ-пандемияи  COVID-19  ва таъсири он ба фаъолияти Роспатент, Бюрои байналмилалии СУМЗ, шабакаи почтаҳо дар тамоми ҷаҳон, Роспатент ҳамчун Мақомоти байналмилалии ҷустуҷӯӣ (ISA/RU) ва Мақомоти байналмилалии экспертизаи пешакӣ (IPEA/RU),  аз санаи 30 марти соли 2020 тартиби ба арзномадеҳон равон намудани хабарномаҳо, ҳисоботҳо оид ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ, маълумотҳои хаттӣ ва ниҳоии экспертизаи пешакии  байналмилалӣ аз руи арзномаҳои ШҲП-ро дигар кард.

Арзномадеҳон метавонанд  маълумоти пурраи коргузориро аз рӯи арзномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шиносоӣ бо натиҷаи ҳисобот оид ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ  ва  маълумотҳои хаттиро тавассути хизматрасонии Бюрои байналмилалии СУМЗ  еРСТ дастрас намоянд.

Арзномадеҳоне, ки то ин вақт аз хизматрасонии еРСТ истифода накардаанд, тавсия дода мешавад, ки  дар шабакаи  еРСТ худро бақайд гиранд.  Маълумоти пурра оиди хизматрасонӣ бо нишонии: https://pct.wipo.int/ePCTExtemal/pages/landing.xhtml.

Хабарномаҳои иттилоотиро арзномадеҳон тавассути почтаҳои электронии худ, ки дар арзномаи худ дарҷ намуда буданд ба даст оварда метавонанд.  

Арзномадеҳоне, ки дар арзномаи байналмилалии худ почтаҳои электронии худро дарҷ накарда буданд, метавонанд аз тавсияҳои зерин бо нишонии https://www.wipo.int/pct/en/news/2020/news_0008.html. истифода намоянд.

Ҳангоми зарурат арзномадеҳон метавонанд ба нишонии зерин дархост е саволҳои худро ирсол намоянд: pct-peo@rupto.ru.

Сарчашмаи маълумот:  https://www.eapo.org/ru/index.php?newspress=view&d=1026

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!