Ба муносибати 27 солагии таъсисёбии низоми миллии моликияти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-2020)

Имрӯз аз рӯзи таъсисёбии низоми миллии моликияти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993 №242, дар заминаи собиқ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иттилооти илмӣ-техникӣ Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, топологияи микросхемаи интегралӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ) таъсис дода шудааст.

Дар ин давра, кормандону мутахассисони Муассиса ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, ҷиҳати таъмини ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллии нерӯи зеҳнӣ бо меҳнати заковатмандона ҷидду ҷаҳд намуданд.

Муассиса дар як давраи кутоҳ, дар самти ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотнокии ҷомеа ва рушди соҳа як қатор корҳои муҳимро иҷро намуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар давраи фаъолият заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти саноатӣ бо шаш қонунҳои соҳавӣ, аз  ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтироъ” “Дар бораи намунаҳои саноатӣ”, “Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ”, “Дар бораи топологияи микросхемаҳои интегралӣ”, “Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ”, “Дар бораи ихтирооти махфӣ” пурра гардонида шуда, мавриди амал қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 25 созишномаву шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ҳамроҳ гардида бо 5 Идораҳои патентии давлатҳои ҷаҳон, бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонид.

Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 №371«Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» қабул карда шуд.

Дар давраи фаъолият аввалин патент ба ихтироъ санаи 10 июни соли 1994 дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст. Шумораи патентҳо ба ихтироъ 492 адад ва нахустпатентҳо ба ихтироъ бошад 1090 ададро ташкил медиҳад.

Аввалин патент ба намунаи саноатӣ бошад санаи 28 ноябри соли 1994 дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта  шуд. Шумораи патентҳое, ки ба намунаи саноатӣ дода шудааст 101 ададро ташкил медиҳад. Аз рӯи низоми бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ (Созишномаи Гаага) бошад, бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 750 адад намунаи саноатӣ бақайд гирифта шудааст.

Дар давраи фаъолият дар Феҳристи давлатӣ 13978 адад тамғаҳои молӣ аз рӯи низоми бақайдгирии миллӣ бақайди давлатӣ гирифта шудаанд. Ҳамчунон Муассиса дар асоси Протокол ба низоми Мадрид оиди бақайдгирии байналмилалии тамғаҳои молӣ, аз соли 1996 то ба имрӯз, 52313 адад тамғаҳои молиро (ба ҳолати 28.05.2020) ба қайд гирифтааст.

Дар ин давра аз ҷониби шаҳрвандон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ  мутобиқи Конвенсияи патентии авруосиёгӣ 27 адад патент ба ихтироъ ба даст оварданд.

Миқдори патентҳое, ки тибқи низоми Конвенсияи патенти авруосиёгӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, 6243 ададро ташкил медиҳад.

Дар моҳи марти соли 1996 нашри хабарномаи расмии Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Навиди патентӣ” (бо забони русӣ ва тоҷикӣ) ва аз соли 2001 аввалин шумораи маҷаллаи илмӣ-амалии “Моликияти саноатӣ ва бозор” (аз соли 2017, “Моликияти саноатӣ”) ба роҳ монда шуд.

Моҳи апрели соли 1996 институти намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи ҳуқуқӣ барои амал намудани он таъсис дода шуд. Дар айни замон 21 нафар намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси “Иҷозатнома”, Низомнома “Дар бораи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентӣ” фаъолият менамоянд.

Аз соли 1993 дар сохтори Муассиса Шӯрои шикоятӣ амал мекунад, ки як қатор баҳсҳои дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ бавуҷудомадаро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор баровардааст. Шӯрои шикоятӣ мақоми тосудии баррасикунандаи баҳсҳо ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва омода намудани мутахассисон дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ соли 2003 бо ташаббуси Муассиса Кафедраи байнидонишгоҳии “Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ” таъсис дода шуд.

Аз ҷониби Муассиса соли 2014 бо мақсади таъмини дастраси умум ва қонеъ гардонидани талаботҳои муштариён ба иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти саноатӣ, аввалин Интернет–портали миллии инноватсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.innovation.tj таъсис дода шуд.

Дар давраи фаъолият, дар Муассиса 2044 -рисолаи номзадӣ ва докторӣ, 450 – захираҳои иттилоотӣ, 1832 – дастхатҳои илмӣ, 4800 – корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, 4100 варақаи шахсии олим бақайди давлатӣ гирифта шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” бо мақсади муаррифии дастовардҳои навоварон ва ихтироъкорони кишвар, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, олимону эҷодкорон ва соҳибкорон давоми солҳои охир як қатор чорабиниҳо аз ҷумла, баргузории конференсияи минтақавӣ, Намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорон ва «Форуми ихтироъкорон ва навоварон», Озмун – Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», «Озмуни ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон», Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» ва дигар чорабиниҳоро баргузор намудааст, ки, ба рушди соҳаи моликияти саноатӣ мусоидат намуд.

Дар давраи фаъолият 22 нафар ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 13 нафар соҳиби Медали тиллоии ба номи В.И. Блинникови Идораи патентии Авруосиёгӣ «Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ» ва 26 нафар ихтироъкорони ҷумҳурӣ соҳиби “Нишони фахрӣ”-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд. 

Дар намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Кореяи ҷанубӣ баргузор мегардад, 44 адад ихтироъи 34 нафар бонувон ихтироъкори кишвар сазовори 15 медали тилло, аз ин миқдор 2 медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 3 медали тилоии Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии мардумии Чин, Таиланд ва Олмон, 18 адад медали нуқра ва 13 адад медали биринҷӣ гардиданд.

Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти саноатӣ ва равандҳои инноватсионӣ, дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои давлатӣ чораҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!