Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати олимон, унвонҷӯён, аспирантон, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва хоҳишмандон мерасонад, ки Муассиса тасмим гирифтааст, ки санаи 5 июни соли 2020 тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Ихтироъ моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он» вебинари иттилоотӣ баргузор намояд. Иштирок дар вебинар бемаҳдуд буда, ҳудуди 30 дақиқаро фаро хоҳад гирифт.

Ҷиҳати иштирок дар вебинар хоҳишмандон метавонанд санаи 5 июни соли 2020, тавассути барномаи «ZOOM» ворид шуда, дар вебинари иттилоотӣ иштирок намоянд.

Оғоз: 10:00

Барои ворид шудан ба вебинар тавассути барномаи «ZOOM» Ҳиҷокалима (логин) ва рамзи махфӣ (порол) зеринро ҳуруфчинӣ намоед.

Воридшавӣ ба конфронси Zoom:

https://us04web.zoom.us/j/8263537451?pwd=Ylc0VkZMNitpMXhVNHkwLzJBcFdnZz09

Идентификатори конфронс (логин): 826 353 7451

Рамзи махфӣ (парол): 4545

Вобаста ба масъалаҳои техникии ҷойдошта метавонед ба телефонҳои мобилии 918777215 ё  931107500 тариқи почтаи электронии nasibchon@mail.ru дар тамос шавед.

Иштирокчиён метавонанд саволҳои худро (бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ) дар самти мавзӯи вебинар пешакӣ ба почтаи электронии зикршуда ё дар рафти вебинар дар гӯшаи «Чат» ҳуруфчинӣ намуда пешниҳод  намоянд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!