Санаи 5 июни соли ҷорӣ, бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи олимон, унвонҷӯён, аспирантон, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва хоҳишмандон, тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Ихтироъ моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он» вебинари иттилоотӣ баргузор гардид.

Вебинар барои шумораи иштирокчиён бемаҳдуд баргузор гардида ҳудуди сӣ дақиқаро фаро хоҳад гирифт.

Муассиса тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ ба соҳаҳои дигари объектҳои моликияти саноатӣ вебинарҳои иттилоотиро баргузор намояд. 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!