Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) дар Федератсияи Россия  хоҳишмандонро  ба вебинари ройгони СУМЗ,  ки санаи 16 июни соли 2020 дар мавзӯи “Ҳифзи ишораҳои ҷуғрофӣ тавассути бақайдгирии тамғаҳои коллективӣ ва сертификатсионӣ” баргузор мегардад  даъват менамояд.

Дар ҷараёни вебинар шумо метавонед дар бораи ҳифзи ишораҳои ҷуғрофӣ тавассути истифодаи қонунҳои тамғаи молӣ, хусусан тамғаҳои коллективӣ ё сертификатсионӣ маълумоти бештар гиред.

Вебинари мазкур барои ҳуқуқшиносон, мушовирон, истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти  дорои ишораҳои ҷуғрофӣ, инчунин менеҷерҳо, соҳибкорон, стартапҳо, менеҷерҳои ширкатҳо, истеъмолкунандагон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор  дар бораи ишораҳои  ҷуғрофӣ муфид хоҳад буд.       Вебинар соати 11:00 бо вақти Маскав ва бо забони русӣ баргузор мегардад. Истиноди сабти ном: https://register.gotowebinar.com/register/7036380044564984078        Пас аз анҷоми тақдимҳо, иштирокчиёни вебинар тариќи маҷозӣ (онлайн) метавонанд фикру мулоҳизаҳояшонро фиристанд ва саволҳои мавриди таваҷҷӯҳашонро пешниҳод намоянд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!