Санаи 21 июли соли ҷорӣ, бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи бахши соҳибкорӣ, ширкатҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ихтироъкорон тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Намунаҳои саноатӣ моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он» вебинар баргузор гардид.

Дар кори вебинари мазкур шахсони манфиатдор иштирок намуда, вобаста ба масъалаи намунаҳои саноатӣ, аз ҷумла расмиёти бақайдгирӣ ва ҳифзи онҳо бо коршиносони муассиса муҳокима намуданд.

Муассиса тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ ба соҳаҳои дигари объектҳои моликияти саноатӣ вебинарҳои иттилоотиро баргузор намояд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!