Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хоҳишмандон, ба хусус паркҳои технологӣ ва донишҷӯёни муассисаҳоии таҳсилоти олӣ тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Сиёсат дар  соҳаи моликияти зеҳнӣ ва фаъолияти паркҳои технологӣ дар кишвар» вебинар баргузор менамояд.

Ҷиҳати иштирок дар вебинар хоҳишмандон метавонанд санаи 11 августи соли 2020, тавассути барномаи «ZOOM» ворид шуда, дар вебинар иштирок намоянд.

 Оғоз: 14:00

Барои ворид шудан ба вебинар тавассути барномаи «ZOOM» Ҳиҷокалима (логин) ва рамзи махфӣ (порол) зеринро ҳуруфчинӣ намоед.

Воридшавӣ ба конфронси Zoom:

https://us04web.zoom.us/j/8263537451?pwd=OEZGa3R3d01sMDc1MVd0VU16Zld4UT09

Идентификатори конфронс (логин): 826 353 7451

Рамзи махфӣ (парол): 2121

Вобаста ба масъалаҳои техникии ҷойдошта метавонед ба телефонҳои мобилии 918777215 ё  931107500 тариқи почтаи электронии nasibchon@mail.ru дар тамос шавед.

Иштирокчиён метавонанд саволҳои худро (бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ) дар самти мавзӯи вебинар пешакӣ ба почтаи электронии monitoring@ncpi.tj  пешниҳод  намоянд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!