Санаи 25 августи соли 2020 Ҷаласаи даҳуми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ, ки мақомоти соҳавии бахшӣ ҳамкории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад, тавассути видео-конференсия баргузор гардид. Бо қарори Шӯро дар соли 2020, раиси Шӯро намояндаи комилҳуқуқ–узви Шӯро аз Ҷумҳурии Молдова мебошад.

Дар ҷаласа намояндагони ваколатдор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ аз кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорусия, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Инчунин, дар ҷаласа намояндагон ба ҳайси нозир аз Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва Идораи патентии Авруосиёгӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа 13 масъалаҳо вобаста ба ҳифз ва иҷрои ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ дар ҳар як кишвари аъзо баррасӣ гардид.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро интихоботи Раиси Шӯро баргузор гардид. Аъзои Шӯро номзадии намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Молдова, Директори генералии Агентии давлатии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Молдова – Виорел Ҷастинро якдилона ҷонибдори намуданд ва макони баргузории ҷаласаи 11-уми Шӯро – Ҷумҳурии Молдоваро интихоб намуданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!