Санаи 25 августи соли 2020 ба тариқи маҷозӣ (видеомашварат) семинар-машварат дар мавзӯи «Тамғагузории молҳо бо мақсади андозбандии онҳо» баргузор гардид.

Дар он коршиносони хориҷӣ ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо иштирок намуданд.

Дар рафти семинар-машварат аз ҷониби коршиносони беруна якҷо бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор асосан масъалаи тамғагузории молҳо (маркировка товаров) бо мақсади бақайдгирӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба андозбандии онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!