Санаи 16 сентябри соли 2020 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи кормандони соҳаи илм ва маориф, аз ҷумла унвонҷӯён, аспирантон ва омӯзгорон тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии дифоъшуда» вебинар баргузор гардид.

Вебинар тавассути барномаи «ZOOM» пахш гардида, аз ҷониби Сардори Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассиса Боймурод Боев доир ба мавзуъҳои гузаронидани ҷустуҷӯи мавзӯӣ, тартиби пешниҳоди рисолаҳои илмӣ, тартиби пур кардани варақаи бақайдгирии рисолаи илмӣ, варақаи баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ, варақаи шахсии олим ва дигар масъалаҳои алоқаманд ҷиҳати бақайдгирии рисолаҳои илмии ҳимояшуда маълумот дода шуд.

Муассиса тасмим гирифтааст, ки давоми соли ҷорӣ силсилаи вебинарҳоро дар самти бақайдгирии давлатии корҳои илмӣ таҳқиқотӣ баргузор намояд.   

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!