Санаи 22 сентябри соли 2020 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи кормандони соҳаи илм ва маориф, аз ҷумла унвонҷӯён, аспирантон ва омӯзгорон тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Тартиби бақайдгирии давлатии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ конструкторӣ» вебинар баргузор гардид.

Вебинар тавассути барномаи «ZOOM» пахш гардида, аз ҷониби муовини сардори Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассиса Қиёмиддин Миралиев доир ба мавзуъҳои гузаронидани ҷустуҷӯи мавзӯӣ, тартиби пешниҳоди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тартиби пур кардани варақаи бақайдгирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, варақаи баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд ҷиҳати бақайдгирии корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ конструкторӣ  маълумот дода шуд.

Дар фарҷоми вебинар ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён аз ҷониби маърӯзачӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Муассиса тасмим гирифтааст, ки давоми соли ҷорӣ силсилаи вебинарҳоро дар самти бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ баргузор намояд.   

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!