Санаҳои 21-25 сентябри соли 2020 дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (СУМЗ) Ҷаласаи шасту якуми Ассамблеяҳои Давлатҳои аъзои СУМЗ баргузор гардид.

Вобаста ба пандемияи COVID-19 маҳдудиятҳо ҷорӣ гардида буданд, ки Ассамблеяҳо дар шакли қисман фосилавӣ ташкил гардиданд. 

Дар Ассамблея як қатор масъалаҳо баррасӣ шуд, аз ҷумла дар бораи корҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар саросари ҷаҳон ҳисоботҳо шунида шуданд.

Директори генералии тозаинтихоби СУМЗ ҷаноби Дарен Тан расман аз 1 октябри соли 2020 ба кор шурӯъ мекунад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои Ассамблеяҳо тариқи  фосилавӣ  ширкат варзиданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!