Санаи 29 сентябри соли 2020 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи кормандони соҳаи илм ва маориф, аз ҷумла унвонҷӯён, аспирантон ва омӯзгорон тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Тартиби бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ» вебинар баргузор гардид.

Вебинар тавассути барномаи «ZOOM» пахш гардида, аз ҷониби ходими калони илмии Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассиса Нодира Имомёрова доир ба мавзуъи  тартиби пешниҳод ва пур кардани варақаи бақайдгирии захираҳои иттилоотӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд ҷиҳати бақайдгирии захираҳои иттилоотӣ  маълумот дода шуд.

Дар фарҷоми вебинар ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён аз ҷониби маърӯзачӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Муассиса тасмим гирифтааст, ки давоми соли ҷорӣ силсилаи вебинарҳоро дар самти бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ баргузор намояд.   

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!