Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шуморо ҳамватанони азиз – соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯяд.

Ва ба ҳар фарди мардуми шарифи Тоҷикистон, ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор ва барори кор орзу менамояд.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!