Санаи 7 октябри соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираи васеи вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Шакли пур кардани ҳисобот оид ба нишондиҳандаҳои ҳолати илм ва корҳои илмию таҳқиқотӣ» вебинар баргузор гардид.

Вебинар тавассути барномаи «ZOOM» пахш гардида, аз ҷониби ходими калони илмии Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассиса Мунира Азимова доир ба мавзуъи  тартиби пешниҳод ва пур кардани ҳисобот оид ба нишондиҳандаҳои ҳолати илм ва корҳои илмию таҳқиқотӣ маълумот дода шуд.

Дар фарҷоми вебинар ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён аз ҷониби маърӯзачӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!