Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати иттилоотонӣ ва баланд бардоштани савияи дониши олимон, ихтироъкорон, мутахассисони вазорату идораҳо, муассисаҳои соҳаи илм ва маориф, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Низоми байналмилалии патенткунонии ихтироот» вебинар баргузор намояд.

Ҷиҳати иштирок дар вебинар хоҳишмандон метавонанд санаи 21 октябри соли 2020, тавассути барномаи «ZOOM» ворид шуда, дар вебинар иштирок намоянд.

 Оғоз: 1000

Барои ворид шудан ба вебинар тавассути барномаи «ZOOM» ҳиҷокалима (логин) ва рамзи махфӣ (порол) зеринро ҳуруфчинӣ намоед.

Воридшавӣ ба конфронси Zoom:  https://us04web.zoom.us/j/8263537451?pwd=OEZGa3R3d01sMDc1MVd0VU16Zld4UT09

Идентификатори конфронс (логин): 826 353 7451

Рамзи махфӣ (парол): 2121

 Вобаста ба масъалаҳои техникии ҷойдошта метавонед ба телефонҳои мобилии 918777215 ё  931107500 тариқи почтаи электронии nasibchon@mail.ru дар тамос шавед.

Иштирокчиён метавонанд саволҳои худро (бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ) дар самти мавзӯи вебинар пешакӣ ба почтаи электронии boyzoda16@gmail.com ё дар рафти вебинар дар гӯшаи «Чат» ҳуруфчинӣ намуда пешниҳод  намоянд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!