Санаи 13 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи реҷаи маҷозӣ (онлайн) дар мавзӯи «Тартиби гузаронидани ҷустуҷӯи мавзӯии иттилоотӣ аз манбаҳои дастрас» вебинар баргузор карда шуд.

Дар кори вебинар  мутахассисони вазорату идораҳо, унвонҷӯёну аспирантони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ

ширкат намуда вобаста ба гузаронидани ҷустуҷӯи мавзӯии иттилоотӣ аз манбаҳои  гуногуни дастрас маълумот гирифтанд.

Дар фарҷоми вебинар ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён  ходими калони илмии Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентии Муассиса Ифтихор Қаҳхоров ҷавобҳои мушаххас дод.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!