Санаи 21 октябр Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фосилавӣ (онлайн) семинар дар мавзӯи «Конвенсияи патентии авруосиёгӣ, гирифтани ҳифзи ҳуқуқии минтақавӣ ба ихтироъ» баргузор намуд.

Дар кори чорабинии мазкур олимон, ихтироъкорон, унвонҷӯён, аспирантҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ширкат намуданд.

Дар рафти семинар ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён  сармутахассис-коршиноси Раёсати санљиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ Шарифов Соатулло ҷавоб пешкаш намуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!