Санаи 28 октябри соли ҷорӣ дар бинои Муассиса мизи мудаввар дар мавзӯи «Рақамикунонии фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории Муассиса, баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар бо тақдимҳои худ устодони Кафедраи байнидонишгоҳии «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» дар мавзӯҳои рақамикунонии самтҳои ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, иттилооти илмӣ-техникӣ ва дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ баромад намуданд. Ҳамчунин дар ин раванд аз ҷониби ҳозирин бо мақсади ҷорӣ намудани самтҳои фаъолияти Муассиса, тибқи низоми коргузории электронӣ  ва бартариятҳои он муҳокимарониҳо гардид.

Қайд карда шуд, ки дар ҳолати ҷорӣ намудани низоми коргузории рақамӣ, фаъолияти Муассиса осон, босифат ва  ба мутахассисон боиси сарфа намудани вақт сабаб мегардад, инчунин  ба рушди соҳа таъсири мусбӣ мерасонад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!