Санаи 29 октябри соли 2020, дар маҷлисгоҳи Муассиса Ҷаласаи ғайринавбатӣ бо намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти Муассиса, намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор, иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Низомнома оид ба намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав баррасӣ гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати мутобиқкунии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Муассиса, вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳо шунида шуд.

Дар фарҷом пас аз муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.   

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!