Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6- ноябри соли 1994 қабул кард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризояти шаҳрвандӣ, сулҳу суббот ва ороми дар ҷомеа мебошад.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту – итттилоот» – и Вазорати рушди иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сокинони ватани азизамонро бо ин рӯзи ҷашни  26 –умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!