Халқи Тоҷикистон шукрона аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр ва ифтихор мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор ва муаззаму маҳбуб доранд.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту – иттилоот» – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро бо самимият бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16- ноябр дар саросари ҷумҳуриямон ҷашн гирифта мешавад муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат, сулҳу сафо ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамояд.

Президенти мо – роҳнамои мо!

Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!