Санаи 17 ноябри соли ҷори бо ташаббуси ширкати P&G (Проктер энд Гембел) тариқи маҷозӣ (фосилавӣ)  вебинар дар мавзуи «Ислоҳоти Осиёи Марказӣ, чӣ гуна муайян намудани қалбакӣ ва ҳимояи бозори истеъмолӣ дар Осиёи Марказӣ» бо намояндагони як қатор ширкатҳои бонуфуз, давлатҳои ИДМ, Аврупо, ИМА, кормандони соҳаҳои гумрук, андоз ва моликияти зеҳнӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур коршиносон ва намояндагони Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Идораи патентии Авруосиёгӣ, Идораи патентии Аврупоӣ, ширкати P&G (Проктер энд Гембел) дар мавзуҳои «Рақобати бевиҷдонона», «Пешгирии муомилаи ғайриқонунии молу маҳсулот (қочоқ)» ва «Низомҳои ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ» тариқи тақдимҳо маърузаҳо пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ тариқи пешниҳоди саволу ҷавобҳо аз ҷониби маърузачиён ва иштирокчиён паҳлуҳои дахлдори мавзуъҳо мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар вебинари мазкур фаъолона иштирок намуданд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!