Ариза барои додани патент

Аризаи пурра барои додани патент аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат аст:

– арзнома дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ бо нишон додани номи ихтироъ, муаллиф(он)и ихтироъ ва шахс(он)е, ки ба номи ӯ (онҳо) ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад, инчунин ҷои истиқомат ва ё ҷойгиршавии онҳо;

  • тавсифномаи ихтироъ, ки ихтироъро бо пуррагии кифоя барои амалй гардондан аз ҷониби мутахассис ошкор мекунад;
  • формулаи ихтироъ, ки моҳияти онро ифода мекунад ва ба тавсифнома асос ёфтааст;

– реферат;

– нақшаҳо ва маводи дигар, агар онҳо барои фаҳмидани моҳияти ихтироъ зарур бошанд.

Пешниҳоди ариза

Пешниҳоди ариза барои додани патент маънои тартиб додани аризаи расмӣ ва аз ММПИ дархост намудани патентро дорад.

Барои муқаррар намудани санаи расмии пешниҳоди ариза ба ММПИ бояд ақаллан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

  • арзнома барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;
  • тавсифномаи ихтироъ;
  • нақшаҳо, агар онҳо дар тавсифнома зикр шуда бошанд.

Санаи пешниҳоди ариза дар низоми аввалиятӣ хеле муҳим аст, зеро дар ҳолати баҳс бо аризадиҳандаи дигари ихтирои ҳаммонанд ин сана барои муайян намудани аризадиҳандае, ки ҳуқуқи гирифтани патентро дорад, истифода бурда мешавад. 

Ба аризаи қабулшуда рақами муаяйн гузошта ва санаи пешниҳоди он муайян карда мешавад. Дар ин бора ба аризадиҳанда огоҳнома фиристода мешавад. Вале ин амал кафолати гирифтани патент набуда, танҳо чунин маъно дорад, ки ариза мавриди баррасӣ қарор дорад.

• Тартиби ҳавасмандкунии офаридан ва истифодаи ихтироот

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!