Марҳилаи 1: Омодагӣ барои бақайдгирӣ

  1. Интихоби намуди тамғаи молӣ:
      Дар Тоҷикистон тамғаҳои молие, ки аз вожаҳо,тасвирҳо, рангҳо, шаклҳои ҳаҷмӣ, садоҳо ва дигар намуди нишонаҳо иборат мебошанд  ба қайд гирифта мешавад.
     Боварӣ ҳосил кунед, ки тамғаи молии шумо ба талаботи қонун ҷавобгӯ аст: он бояд аслӣ бошад ва истеъмолкунандагонро ба иштибоҳ набарад.
  2. Муайян намудани синфҳои молҳо ва хизматрасониҳо:
     Тамғаи молӣ мувофиқи таснифи ТБМХ (Таснифи Байналмилалии Молҳо ва Хизматрасониҳо) ба қайд гирифта мешаванд. Барои он ки тамғаи молии шумо истифода шавад, синфҳои дурусти молҳо ва хизматрасониҳоро интихоб кунед.
  3. Санҷиши ҳаммонандии тамғаи молӣ
     Пеш аз пешниҳоди ариза, лозим аст, ки санҷед, ки оё тамғаи молии ҳаммонанд дар Тоҷикистон аллакай ба қайд гирифта шудааст ё не. Инро тавассути Маркази миллии патенту иттилоот (ММПИ) ё бо ёрии намояндаи патентӣ анҷом додан мумкин аст.

Марҳилаи 2: Пешниҳоди ариза барои бақайдгирӣ

  1. Пешниҳоди ариза ба ММПИ:
     Ариза барои бақайдгириро метавон ба Маркази миллии патенту иттилоот пешниҳод кард.
     Ариза бояд инҳоро дар бар гирад:

    • Дархост барои бақайдгирӣ.
    • Тасвири тамғаи молӣ (агар он вожавӣ набошад).
    • Рӯйхати молҳо ва хизматрасониҳо бо ишораи синфҳои ТБМХ.
    • Ҳуҷҷатҳое, ки пардохти боҷҳои давлатиро тасдиқ мекунанд.
       Агар аризаро шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кунад, нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисёбиро низ бояд замима кунад.
  2. Пардохти боҷҳо:
     Якчанд боҷҳо мавҷуданд: барои пешниҳоди ариза ва барои гузаронидани санҷиш. Арзиши онҳо вобаста ба намуди тамғаи молӣ аз руи синфҳо фарқ мекунад.

Марҳилаи 3: Экспертизаи ариза

  1. Санҷиши расмӣ:
     Идораи патентӣ санҷиши расмии аризаро гузаронида, дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва мувофиқати ба талаботи муқарраршударо мебинад.
  2. Экспертизаи моҳиятӣ:
     Пас аз муваффақона гузаштани экспертизаи расмӣ, экспертизаи моҳиятӣ оғоз мешавад. Мутахассисон ҳаммонандии тамғаи молиро мувофиқати он бо қонунгузорӣ ва набудани монандии онро бо тамғаи қаблан ба қайд гирифташуда, месанҷанд.

Марҳилаи 4: Қарор дар бораи бақайдгирӣ

  1. Нашр ва эътирозҳо:
     Агар тамғаи молӣ муваффақона аз экспертизаи расмӣ ва моҳиятӣ гузарад, ММПИ маълумоти аризаро дар нашрияи расмӣ нашр мекунад.
     Дар муддати муайян шахсони манфиатдор метавонанд нисбати бақайдгирии тамғаи молӣ эътироз баён кунанд, агар ҳуқуқҳои худро поймолшуда ҳисоб кунанд.
  2. Қарори ниҳоӣ:
     Агар эътирозҳо набошанд ё рад шаванд, ММПИ қарори худро дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ қабул мекунад.
     Агар эътирозҳо қонеъ карда шаванд, бақайдгиии тамғаи молӣ  рад карда мешавад.

Марҳилаи 5: Гирифтани шаҳодатнома

  1. Бақайдгирии тамғаи молӣ:
     Пас аз қабул кардани қарор дар бораи бақайдгирӣ, ММПИ тамғаи молиро ба Феҳристи давлатии тамғаҳои молӣ ворид менамояд
  2. Гирифтани шаҳодатнома:
     Пас аз пардохти боҷҳои дахлдор, шаҳодатномаи тамғаи молӣ дода мешавад, ки ҳуқуқҳои истисноии шуморо барои истифодаи тамға дар муддати 10 сол тасдиқ мекунад.

Марҳилаи 6: Нигоҳдорӣ ва тамдиди бақайдгирӣ

  1. Истифодаи тамғаи молӣ:
     Пас аз бақайдгирӣ, тамғаи молӣ бояд воқеан истифода шавад. Дар акси ҳол, бақайдгирии он метавонад мавриди баҳс қарор гирад.
  2. Тамдиди бақайдгирӣ:
     Бақайдгирии тамғаи молӣ 10 сол эътибор дорад ва баъд аз ин метавонад ба чунин давраҳо тамдид карда шавад. Барои ин ариза пешниҳод карда, боҷи давлатӣ пардохт кардан лозим аст.