Экспертизаи расмӣ

 Маводи аризаи ба ММПИ пешниҳодгардида аз ҷиҳати дурустии тартибдиҳии он ва мавҷуд будани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурй тафтиш карда мешаванд.

Нашри маълумот оид ба ариза

Идораи патентӣ маълумотро оид ба ариза экспертизаи расмиро гузаштааст дар Хабарномаи расмӣ («Навиди патентӣ») баъди гузаштани 18 моҳ аз санаи пешниҳоди ариза нашр мекунад.

Моҳияту арзиши нашр дар он аст, ки ихтирои шумо ба маҷмӯи маълумот дар бораи сатҳи техника пештар ворид мегардад (пас аз ин аризадиҳандаи дигар наметавонад, ки ихтирои ҳаммонандро дар ягон мамлакат патентнок гардонад).

Камбудии нашр дар он аст, ки ихтироъ то маълум гардидани он, ки Шумо патент мегиред ё не, ошкор карда мешавад (яъне ҷавоби ин саволро надониста, Шумо сирри ғояи худро ошкор мекунед).

Дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ

Пешниҳоди ариза маънои онро надорад, ки пас аз ин амал экспертизаи моҳиятии ариза оғоз меёбад. Шумо бояд дар бораи гузаронидани экспертиза дархости расмӣ дода, боҷи муайян супоред. Ин гуна дархост бояд дар давоми се соли баъди санаи пешниҳоди ариза пешниҳод карда шавад, дар акси ҳол аризаи Шумо бозхондашуда ҳисоб меёбад.

Чаро Шумо аризаро пешниҳод карда истода, якбора гузаронидани экспертизаро талаб намекунед?

Шояд барои баҳо додан ба имконияти амалӣ намудан ва ё татбик кардани ихтироятон вақт лозим бошад. Пешниҳоди ариза то андозае ба ихтирои Шумо бе зарурати гузаштани тамоми марҳилаҳои патентӣ ҳифзи ҳуқуқӣ медиҳад.

Интизор меравад, ки пас аз нашри маълумот дар бораи ариза рақибонатон ихтирои Шуморо ба тариқӣ ғайриқонунӣ истифода намебаранд, зеро дертар, дар сурати гирифтани патент Шумо метавонед аз онҳо ҷуброни муайянеро талаб кунед.

Лекин, агар Шумо дар давоми се сол дархостро дар бораи гузаронидани экспертиза пешниҳод накарда бошед, ҳар кадом шахс сохтор ва ё тарзҳои дар аризаатон тавсифшударо метавонад истеҳсол кунад, истифода барад ва ё фурӯшад.

Экспертизаи мохиятӣ

Экспертизаи моҳиятии ариза омӯзиши аризаро аз нуқтаи назари мувофиқати он ба талаботи Қонун дарбар мегирад.

Мувофиқи Қонун дар бораи ихтироъ барои гирифтани патент зарур аст, ки ихтироъ талаботҳои зеринро қонеъ гардонад:

а) он бояд ба таърифи ихтироъ, ки дар Қонун дода шудааст, мувофиқ бошад;

б) ихтироъ бояд нав, дорои сатҳи ихтироъкорӣ ва қобили татбиқ бошад;

в) он набояд ба гурӯҳи ихтирооте, ки ба қайд гирифта намешаванд, дохил гардад.

Шуморо дар бораи қароре, ки нисбати аризаатон қабул шудааст, ба тариқи хаттӣ хабардор мекунанд (тафтиши ариза тақрибан ду солро талаб мекунад). Агар талаби додани патент рад шуда бошад, Шумо метавонед ба формулаи ихтироъ тағйирот ворид намуда, имконияти додани патентро асоснок кунед. Баъзан коршинос аризаи Шуморо рад мекунад, гарчанд баъдтар муайян мешавад, ки ихтирои Шумо патентпазир аст.

Мубодилаи байни шумо ва коршинос то даме давом ёфта метавонад, ки коршинос ё аризаи Шуморо қабул мекунад ё дар бораи рад шудани талаби додани патент қарори ниҳоӣ мебарорад. Агар Шумо ҳанӯз ҳам боварӣ дошта бошед, ки ихтироатон патентпазир аст, метавонед ба Шӯрои шикоятӣ эътирознома пешниход кунед.

Қарор дар бораи додани патент ё қарор дар бораи рад кардани ариза

Агар коршинос барои рад кардани ариза далел надошта бошад ё ба эродҳои худ пас аз тағйиру ислоҳоти аризадиҳанда ҷавоби қаноатбахш гирифта бошад, вай дар бораи додани патент қарор кабул мекунад. Дар акси ҳол аризаи пешниҳодшуда рад карда мешавад.

Нашри маълумот оид ба патент

Маълумот дар бораи патенти додашуда дар муддати шаш моҳи баъд аз санаи баровардани қарор оид ба додани патент дар Хабарномаи расмӣ («Навиди патентӣ») интишор мегардад.

Бақайдгирӣ

Дар сурати пардохта шудани боҷи патентӣ, баробари қабули қарор дар бораи додани патент ҳуқуқ ба ихтироъ ба миён меояд ва ба Фехристи давлатии ихтироот ворид карда мешавад. Танҳо дар хамин лаҳза ба ихтироъ рақами патент гузошта мешавад.

Додани патент

Баъд аз бақайдгирии ҳуқуқ ба ихтироъ» ба аризадиҳанда патент дода мешавад.

Патенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз санаи пешниҳоди ариза амал мекунад. Эътибори патент дар сурати пардохтани боҷи дахлдор метавонад дар муддати 20 сол нигоҳ, дошта шавад.

Шикоят

Аризадиҳанда дар сурати норозӣ буданаш бо қарор дар бораи радди додани патент ҳуқуқк дорад, ки дар давоми се моҳи баъди санаи гирифтани қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътирози дахлдорро пешниҳод намояд. Шӯрои шикоятӣ эътирозро бояд дар муддати шаш моҳи баъди санаи ворид шудани он баррасӣ намояд.

Ҳар кадоме аз тарафҳо ҳангоми бо қарори Шӯрои шикоятӣ розӣ набудан ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат кунад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!