Меъёрҳои пардохтҳои ҳатмӣ, корбарӣ ва хизматрасонӣ барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ

 Пардохтҳои ҳатмӣ:

 (Иқтибос аз замимаи 12 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 ноябри соли 2007 №546)

Номгӯи амалҳо Меъёрҳои пардохт (бо сомонӣ)
1. Пешниҳоди арзнома барои додани патент ба ихтироъ:  
  – барои як ихтироъ; 324.34
  – барои гуруҳи ихтироот; 324.34
  – иловатан барои ҳар як ихтирои беш аз як. 121.64
2. Пешниҳоди арзнома барои додани нахустпатент ба ихтироъ:  
  – барои як ихтироъ; 69.83
  – барои гурӯҳи ихтироот; 69.83
  – иловатан барои ҳар як ихтирои беш аз як. 27.95
3. Бақайдгирии ихтироъ ва додани:  
  – патент ба ихтироъ; 685.48
  – нахустпатент ба ихтироъ. 215.34

Mуфассал ⇒

 

  Пардохтҳои корбарӣ:

 (Иқтибос аз замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 7 октябри соли 2011 №497)

 

Номгӯи амалҳо Андозаи пардохтҳои корбарӣ (бо ченаки нишондиҳанда барои ҳисобҳо*)
1. Гузаронидани санҷиши моҳиятии арзнома:  
  – барои як ихтироъ; 70
  – барои ҳар як ихтирои иловагии гурӯҳи ихтироот. 56
 2. Гузаронидани санҷиши пешакии арзнома дар бораи додани нахустпатент:
– барои як ихтироъ; 2
  – барои ҳар як ихтирои иловагии гурӯҳи ихтироот. 1
 3. Нашри маълумот дар бораи арзнома ба ихтироъ, ки санҷиши расмиро бо натиҷаи мусбат гузаштааст, баъди анҷоми муҳлати 18 моҳи пас аз санаи воридшавии арзнома 6
 4. Нашри маълумот дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатӣ нисбат ба ихтироъ 10
5. Додани шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллифӣ ба ихтироъ (барои як шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллифӣ ба ихтироъ)   1.5
* Нишондиҳанда  барои ҳисобҳо 58 сомониро ташкил медиҳад (ҚҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 26 ноябри соли 2019, №1650)

Mуфассал ⇒ 

 

Пардохтҳои хизматрасонӣ:

(Нархномаи хизматрасонии пулакии иловагӣ марбут ба ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ (ба таври ихтиёрӣ))

Номгӯи хизматрасониҳо  Андозаи тарофаҳо бо сомонӣ (бе назардошти ААИ)
1. Машварат ҷиҳати ба расмият даровардани арзномаҳо нисбати ихтироъ 
– маълумотномаи расмӣ оид ба натиҷаи машварат (чоп бо масофаи 1,5 на зиёда аз 1800 аломат дар формати коғази А4) 50
2. Гузаронидани машварати коршиносон аз рӯи арзномаи пешниҳодшуда бо иштироки арзномадеҳ ва намояндаи он:
– барои гузаронидани машварат бо ҷалби коршинос дар муддати 1 соат 100
– барои гузаронидани машварат бо ҷалби гуруҳи коршиносон дар муддати 1 соат 150
3. Мувофиқи арзнома гузаронидани ҷустуҷӯ аз рӯи як гуруҳи Синфбандии байналмилалии патентӣ нисбат додани патент (нахустпатент) ба ихтироъ
– дар давоми 14 рӯзи корӣ 400
– дар давоми  7 рӯзи корӣ 450
 4. Гузаронидани ҷустуҷӯи патентҳо аз рӯи дорандаи патент, муаллиф, ва номи ихтироъ   400 
 5. Пеш аз муҳлат, гузаронидани санҷиши расмӣ аз рӯи арзномаи пешниҳодшуда  50
 6. Рақамгузории бақайдгирии маводҳои арзнома дар муҳлати ду рӯз пеш аз муҳлат додашудаи огоҳиномаҳо дар бораи бақайдгирии маводҳои арзнома  25
 7. Дар асоси пешниҳоди дархост таъҷилан додани патент, нахустпатент ба ихтироъ, ки дар Феҳристи давлатии ихтироъҳо ба қайд гирифта шудааст
  – дар давоми 14 рӯзи корӣ  100
  – дар давоми  7 рӯзи корӣ  200

Mуфассал ⇒