Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 октябри соли 2011,
№ 497 тасдиқ шудааст.
Андозаҳои пардохтҳои корбарӣ, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012, № 635)
№ | Номгӯи амалҳо |
Андозаи пардохтҳои корбарӣ (бо ченаки нишондиҳанда барои ҳисобҳо)1 нишондиҳанда = 68,0 сомонӣ |
Вобаста ба ихтироъ | ||
1. | Гузаронидани санҷиши моҳиятии арзнома: | |
– барои як ихтироъ; | 70 | |
– барои ҳар як ихтирои иловагии гурӯҳи ихтироот. | 56 | |
2. | Гузаронидани санҷиши моҳиятии арзнома дар сурати мавҷуд будани ҳисобот дар бораи ҷустуҷӯи патентӣ ё хулосаи санҷиш, ки яке аз мақомоти байналмилалии ҷустуҷӯӣ мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, омода намудааст: | |
– барои як ихтироъ; | 67 | |
– барои ҳар як ихтирои иловагии гурӯҳи ихтироот. | 67 | |
3. | Гузаронидани санҷиши моҳиятии арзнома дар сурати мавҷуд будани ҳисобот оид ба ҷустуҷӯи иттилоотие, ки онро Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст | |
– барои як ихтироъ; | 35 | |
– барои ҳар як ихтирои иловагии гурӯҳи ихтироот. | 35 | |
4. | Гузаронидани санҷиши пешакии арзнома дар барои додани нахустпатент: | |
– барои як ихтироъ; | 2 | |
– барои ҳар як ихтирои иловагии гурӯҳи ихтироот. | 1 | |
5. | Бо ташаббуси арзномадеҳ ворид намудани ислоҳ ва тасҳеҳ ба маводи арзнома ба: | |
-ихтироъ; | 2 | |
-иловатан баррои ҳар як ихтирое, ки чун банди мустақили формулаи ихтироъ ҷудо шудааст. | 2 | |
6. | Бо ташаббуси арзномадеҳ пас аз додани дархост дар бораи гузаронидани санҷиши моҳиятии арзнома ворид намудани тағйирот ба формулаи ихтироъ аз рӯи арзномае, ки санҷиши расмиро бо натиҷаи мусбат гузаштааст: | 14 |
– иловатан барои ҳар як ихтирое, ки ба банди мустақили формулаи тағйирдодашудаи ихтироъ ҷудо карда шудааст; | 10 | |
7. | Бо ташаббуси арзномадеҳ пас аз додани дархост дар бораи гузаронидани санҷиши пешакии арзнома ворид намудани тағйирот ба формулаи ихтироъ аз рӯи арзномае, ки санҷиши расмиро бо натиҷаи мусбат гузаштааст: | 2 |
-иловатан барои ҳар як ихтирое, ки ба банди мустақили формулаи тағйирдодашудаи ихтироъ ҷудо карда шудааст. | 1 | |
8. | Ба баррасӣ қабул намудани қисмҳои арзномаи байналмилалӣ, ки нисбат ба онҳо аз ҷониби мақоми байналмилалии ҷустуҷӯӣ ҷустуҷӯи патентӣ ё санҷиши пешакии байналмилалӣ гузаронида нашудааст (моддаҳои 17 (3) ва 34 (3) Шартнома дар бораи ҳамкориҳои патентӣ аз 19 июни соли 1970). | 5 |
9. | Нашри маълумот дар бораи арзнома ба ихтироъ, ки санҷиши расмиро бо натиҷаи мусбат гузаштааст, то анҷоми муҳлати 18 моҳи пас аз санаи воридшавии арзнома. | 30 |
10. | Нашри маълумот дар бораи арзнома ба ихтироъ, ки санҷиши расмиро бо натиҷаи мусбат гузаштааст, баъди анҷоми муҳлати 18 моҳи пас аз санаи воридшавии арзнома. | 6 |
11. | Нашри маълумот дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда нисбат ба ихтироъ. | 10 |
12. | Додани шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллифӣ ба ихтироъ (барои як шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллифӣ ба ихтироъ) | 1.5 |
13. | Табдилӣ: | |
– арзнома дар бораи додани патент ба ихтироъ ба арзнома бобати додани нахустпатент | 3 | |
-арзнома дар бораи додани нахустпатент ба ихтироъ ба арзнома бобати додани патент ба ихтироъ | 5 | |
14. | Дар Шӯрои шикоятии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани эътирознома | |
– нисбат ба қарори санҷиши расмии арзнома оид ба ихтироъ; | 10 | |
– нисбат ба қарори радия ҷиҳати додани нахустпатент, ки дар натиҷаи санҷиши пешакии арзнома барои додани нахустпатент қабул гардидааст; | 60 | |
– нисбат ба қарори радия оид ба додани патент ба ихтироъ, ки дар натиҷаи санҷиши моҳиятии арзнома қабул гардидааст; | 68 | |
-муқобили додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ. | 80 | |
15. | Бақайдгирии шартномаҳои литсензионӣ бо: | |
– патент ба ихтироъ ва олаватан барои ҳар як патенти ихтироъ, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, зиёда аз як; | 10 | |
– нахустпатент ба ихтироъ ва иловатан барои ҳар як нахустпатенти ихтироъ, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, зиёда аз як. | 3.8 | |
16. | Бақайдгирии иҷозатномаи маҷбурӣ. | 9 |
17. | Бақайдгирии шартнома дар бораи вогузории (гузашти): | |
– патент ба ихтироъ | 9 | |
– иловатан барои ҳар як патент ба ихтирои дар шартнома пешбинишуда | 6.3 | |
– нахустпатент ба ихтироъ | 6.3 | |
18. | Ворид намудани тағйирот ба шартномаҳои бақайдгирифташудаи литсензионӣ ё вогузории (гузашти): | |
– патент ба ихтироъ | 7 | |
– нахустпатент ба ихтироъ | 1.3 | |
19. | Баррасии ариза дар бораи вогузор (гузашт) намудани ҳуқуқи гирифтани: | |
– патент ба ихтироъ, ки дар давраи аз санаи воридшавии арзнома то санаи бақайдгирии ихтироъ пешниҳод шудааст; | 5 | |
– нахустпатент ба ихтироъ, ки дар давраи аз санаи воридшавии арзнома то санаи бақайдгирии ихтироъ пешниҳод шудааст. | 2 | |
20. | Баррасии ариза оид ба додани ҳуқуқи истифодаи ихтироъ аз ҷониби шахси дилхоҳ (иҷозатномаи кушода) ва интишори маълумот дар бораи он | 5 |
21. | Додани нусхаи нави ҳуҷҷати муҳофизатӣ оид ба ихтироъ дар ҳолати гум кардани он ва нашри маълумоти дахлдор. | 17 |
22. | Ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ вобаста ба ихтироъ ва нашри маълумот дар бораи онҳо. | 15 |
Вобаста ба намунаҳои саноатӣ | ||
23. | Гузаронидани санҷиши моҳиятии арзнома: | |
– барои як намунаи саноатӣ; | 40 | |
– иловатан барои аз ду то даҳ варианти намунаи саноатӣ | 25 | |
– барои бештар аз даҳ варианти намунаи саноатӣ. | 40 | |
24. | Гузаронидани санҷиши моҳиятии арзнома дар сурати мавҷуд будани ҳисобот дар бораи ҷустуҷӯи патентӣ ё хулосаи санҷиш, ки яке аз мақомоти байналмилалии ҷустуҷӯӣ мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, омода намудааст: | |
– барои як намунаи саноатӣ; | 30 | |
– иловатан барои аз ду то даҳ варианти намунаи саноатӣ пешниҳод шуда бошад | 20 | |
– барои бештар аз даҳ варианти намунаи саноатӣ пешниҳод шуда бошад | 30 | |
25. | Гузаронидани моҳиятии арзнома дар сурати мавҷуд будани ҳисобот дар бораи ҷустуҷӯи иттилоотие, ки онро Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
– барои як намунаи саноатӣ; | 19 | |
– иловатан барои аз ду то даҳ варианти намунаи саноатӣ пешниҳод шуда бошад | 9 | |
– барои бештар аз даҳ варианти намунаи саноатӣ пешниҳод шуда бошад | 18 | |
26. | Бо ташаббуси арзномадеҳ ворид намудани ислоҳ ва тасҳеҳ ба маводи арзнома ба намунаи саноатӣ. | 3 |
27. | Нашри маълумот оид ба додани патент ба намунаи саноатӣ: | |
– барои як намунаи саноатӣ; | 6 | |
-иловатан агар аз се то даҳ варианти намунаи саноатӣ пешниҳод шуда бошад; | 2 | |
– иловатан агар бештар аз даҳ варианти намунаи саноатӣ пешниҳод шуда бошад; | 3 | |
– иловатан агар дар шакли ранга нашр шуда бошад. | 3 | |
28. | Додани шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллифӣ ба намунаи саноатӣ (барои як шаҳодатномаи расмии тасдиқкунандаи муаллифӣ ба намунаи саноатӣ | 1.5 |
29. | Дар Шӯрои шикоятии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани эътирознома | |
– нисбат ба қарори санҷиши расмии арзнома оид ба намунаи саноатӣ; | 10 | |
– нисбат ба қарори раддия ҷиҳати додани патент ба намунаи саноатӣ, ки дар натиҷаи санҷиши моҳиятии арзнома қабул гардидааст; | 70 | |
– зидди додани патент ба намунаи саноатӣ. | 70 | |
30. | Бақайдгирии шартномаи литсензионӣ вобаста ба патент ба намунаи саноатӣ ва иловатан барои ҳар як патент ба намунаи саноатии дар шартнома пешбинишуда. | 10 |
31. | Бақайдгирии шартнома дар бораи| вогузории (гузашти) патент ба намунаи саноатӣ | 10 |
– иловатан барои ҳар як патент ба намунаи саноатии дар шартнома пешбинишуда | 10 | |
32. | Ворид намудани тағйирот ба шартномаҳои бақайдгирифташудаи литсензионӣ ё вогузории (гузашти) патент ба намунаи саноатӣ | |
33. | Баррасии ариза дар бораи вогузор (гузашт) намудани ҳуқуқи гирифтани патент ба намунаи саноатӣ, ки дар давраи аз санаи воридшавии арзнома то санаи бақайдгирии намунаи саноатӣ пешниҳод шудааст | 5 |
34. | Баррасии ариза оид ба додани ҳуқуқи истифодаи намунаи саноатӣ ба ҳар як шахси дилхоҳ (иҷозатномаи кушода) ва интишори маълумот дар бораи он. | 5 |
35. | Додани нусхаи нави ҳуҷҷати муҳофизатӣ оид ба намунаи саноатӣ дар ҳолати гум кардани он ва нашри маълумоти дахлдор | 17 |
36. | Ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ вобаста ба намунаи саноатӣ ва нашри маълумот дар бораи онҳо. | 15 |
Вобаста ба тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ (минбаъд тамғаи молӣ) | ||
37. | Гузаронидани санҷиши нишонаи арзшуда вобаста ба арзнома ба тамғаи молӣ: | |
– барои як синфи ТБМХ; | 25 | |
– барои ҳар як синфи иловагии ТБМХ. | 10 | |
38. | Ворид намудани ислоҳ ва тасҳеҳ ба маводи арзнома ба тамғаи молӣ | 5 |
39. | Нашри маълумот: | |
– дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ, тамғаи коллективӣ ва тамғаи молии маъруф | 20 | |
– дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ, тамғаи коллективӣ ва тамғаи молии маъруфи ранга; | 30 | |
– дар бораи дароз намудани мӯҳлати амали бақайдгирии тамҷаи молҳ, тамғаи коллективӣ ва тағйироти дигар дар Феҳристи давлатӣ. | 8 | |
40. | Табдилӣ | |
– тамғаи молии коллективӣ ба тамғаи молӣ; | 5 | |
– арзнома дар бораи бақайдгирии тамғаи молии коллективӣ ба арзнома дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ. | 3 | |
41 | Дар Шӯрои шикоятии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
– баррасӣ намудани ариза дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ шудани ҳифзи ҳукуқии тамғаи молӣ бинобар сабаби истифода нашуданаш ва ариза оид ба маъруф эътироф намудани тамғаи молӣ; | 110 | |
– баррасии эътирознома нисбат ба қарори санҷиши расмӣ оид ба рад гардидани қабули арзнома ба тамғаи молӣ барои баррасӣ; | 17 | |
– баррасии эътирознома нисбат ба қарори аз рӯи натиҷаи санҷиши нишонаи арзшуда қабулгардида; | 60 | |
– баррасии эътирознома нисбат ба қарори бозхондӣ эътироф гардидани арзнома; | 60 | |
– мавриди баҳс қарор додан ва беэътибор донистани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ. | 110 | |
42. | Бақайдгирии шартномаи литсензионӣ вобаста ба шаҳодатномаи тамғаи молӣ ва барои ҳар як шаҳодатномаи тамғаи молии дар шартнома пешбинишуда. | 20 |
43. | Бақайдгирии шартномаи вогузории (гузашти) шаҳодатнома ба| тамғаи молӣ ва барои ҳар як шаҳодатномаи тамғаи молии дар шартнома пешбинишуда. | 17 |
44. | Ворид намудани тағйирот ба шартномаҳои бақайдгирифташудаи литсензионӣ ё вогузории (гузашти) шаҳодатномаи тамғаи молӣ | 10 |
45. | Баррасии ариза дар бораи вогузор (гузашт) намудани ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи тамғаи молӣ, ки дар давраи аз санаи воридшавии арзнома то санаи бақайдгирии тамғаи молӣ дохил шудааст. | 10 |
46. | Додани нусхаи нави шаҳодатномаи тамғаи молӣ дар ҳолати гум кардани он ва нашри маълумоти дахлдор. | 20 |
Вобаста ба номи маҳалли истеҳсоли мол | ||
47. | Гузаронидани санҷиши аломати арзшуда вобаста ба арзнома дар бораи бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол. | 25 |
48. | Ворид намудани ислоҳ ва тасҳеҳ ба маводи арзнома дар бораи бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол. | 5 |
49 | Нашри маълумот дар бораи: | |
– бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол; | 20 | |
– дароз намудани мӯҳлати амали шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол. | 8 | |
50. | Дар Шӯрои шикоятии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани эътирознома | |
– нисбат ба қарори санҷиши расмӣ оид ба рад гаштани қабули арзнома барои баррасии номи маҳалли истеҳсоли мол; | 17 | |
– нисбат ба қарор дар бораи рад гаштани бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол ва ҳуқуқи истифодаи он, дар бораи рад шудан ва додани ҳуқуқи истифода барои ин номгӯй додани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташудаи маҳалли истеҳсоли мол; | 60 | |
– нисбат ба қарори бозхондашудаи эътироф гардидани арзнома дар бораи бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол; | 60 | |
– бар зидди мавриди ҳифзи ҳуқуқӣ қарор додани номи маҳалли истеҳсоли мол ва додани шаҳодатнома. | 110 | |
51. | Додани нусхаи нави шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол дар ҳолати гум кардани он ва нашри маълумоти дахлдор. | 20 |
52. | Ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ вобаста ба номи маҳалли истеҳсоли мол ва нашри маълумот дар бораи онҳо. | 15 |
Вобаста ба топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ (минбаъд топология) | ||
53. | Гузаронидани санҷиши арзнома барои бақайдгирии топология. | 9 |
54. | Ворид намудани ислоҳ ва тасҳеҳ ба маводи арзнома барои бақайдгирии топология. | 2 |
55. | Нашри маълумот дар бораи бақайдгирии топология. | 20 |
56. | Дар Шӯрои шикоятии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани эътирознома нисбат ба қарори санҷиш дар бораи рад гардидани бақайдгирии топология | 10 |
57. | Бақайдгирии шартномаи литсензионӣ вобаста ба шаҳодатномаи топология. | 10 |
58. | Бақайдгирии шартнома дар бораи вогузории (гузашти) ҳуқуқ ба топология. | 9 |
59. | Ворид намудани тағйирот ба шартномаҳои бақайдгирифташудаи литсензионӣ ё вогузории (гузашти) ҳуқуқ ба топология. | 7 |
60. | Додани нусхаи нави шаҳодатномаи топология дар ҳолати гум кардани он ва нашри маълумоти дахлдор. | 17 |
61. | Ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ вобаста ба топология ва нашри маълумот дар бораи онҳо. | 15 |