Ворид намудани тағйиротҳо ба феҳристи давлатии ихтироъ
Дар феҳристи давлатии ихтироъ тағйиротҳо вобаста ба амалҳои зерин дарҷ карда мешаванд:
– дар бораи тағйир ёфтани номи дорандаи патент;
– дар бораи тағйир ёфтани ҳайати муаллифон;
– дар бораи беэътибор шудани патент;
– дар бораи бакайдгирии шартномаҳо оид ба гузашткунии патент, шартномаҳо оид ба гузашткунии ҳуқуқи истифодаи ихтироот;
– дар бораи беэътибор дониста шудани шартнома оид ба гузашткунии патент, беэътибор дониста шудани шартнома дар бораи гузашткунии ҳуқуқи истифодаи ихтироот;
– дар бораи барќарор шудани амали патент;
– дар бораи тағйир додани формулаи ихтироъ;
– дар бораи пеш аз муҳлат қатъ шудани эътибори патент;
– дар бораи тамдид шудани муҳлати амали патент;
– дар бораи дода шудани нусхаи дуюм (дубликат)-и патент;
– дар бораи ислоҳ шудани хатогиҳои назаррас ва техникӣ.
Барои ворид намудани тағйирот ба феҳристи ихтироот мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда пардохти корбарӣ ситонида мешавад.
Меъёри пардохти корбарӣ
барои ворид намудани тағйирот ба феҳристи давлатии ихтироот дар соли 2024
Ворид намудани тағйирот ба феҳристи давлатии ихтироъ ва нашри маълумот дар бораи он:
1231,2


