Бо Фармоиши Вазорати рушди

иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20

декабри соли 2019, №82 тасдиқ шудааст

 

 

ҚОИДАҲОИ ПЕШНИҲОД ВА БАРРАСИИ АРИЗА

БАРОИ ДОДАНИ ПАТЕНТ ВА НАХУСТПАТЕНТ БА ИХТИРОЪ

 

Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ва нахустпатент ба ихтироъ (минбаъд – Қоидаҳо) дар асоси моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» (минбаъд – Қонун) таҳия гардида, муносибатҳоро оид ба пешниҳод ва баррасии ариза барои додани патент ва нахустпатент ба ихтироъ танзим мекунад.

 

БОБИ 1. ПЕШНИҲОДИ АРИЗА БАРОИ ГИРИФТАНИ ҲУҶҶАТИ МУҲОФИЗАТӢ БА ИХТИРОЪ

 

  • 1. Пешниҳоди ариза
  1. Мутобиқи моддаи 8 Қонун, ҳуқуқи пешниҳоди аризаро барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ муаллифи ихтироъ, корфармо ва ё ворисони ҳуқуқии онҳо доранд.
  2. Мутобиқи моддаи 9 Қонун ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба инҳо дода мешавад:

– ба муаллифи ихтироъ;

– ба шахсе, ки ӯро муаллифи ихтироъ дар ариза дар барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ муайян намудааст;

– ба ворисони ҳуқуқии шахсони дар боло зикргардида.

Муаллифи ихтироъ (шахсе, ки бо меҳнати эҷодкоронаи вай ихтироъ офарида шудааст) дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқи пешниҳоди ариза ва гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатиро дорад:

– агар ихтироъ дар алоқамандӣ бо иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ё супориши мушаххаси аз корфармо гирифташуда офарида нашуда бошад.

– агар ихтироъ ихтирои хизматӣ бошад, вале дар созишномаи байни корфармо ва муаллиф ҳуқуқи муаллиф барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ пешбинӣ шуда бошад, ё агар корфармо дар давоми чор моҳи баъд аз рӯзе, ки муаллиф ӯро дар бораи офариниши ихтирои хизматӣ огоҳонидааст, аризаро барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ пешниҳод накунад, ҳуқуқи пешниҳоди аризаро ба шахси дигар вогузор накунад, ё муаллифро оид ба махфӣ нигоҳ доштани ихтироъ хабардор накунад.

Барои тасдиқи ҳуқуқи пешниҳоди ариза ҳеҷ гуна ҳуҷҷат талаб карда намешавад.

  1. Ариза бевосита ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Идораи патентӣ) дар чор нусха пешниҳод карда мешавад, ё ба суроғаи он ба воситаи почта фиристода мешавад ва ё ба шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Ариза аз ҷониби худи аризадиҳанда ё ба воситаи намояндаи патентӣ, ки Идораи патентӣ ӯро ба қайд гирифтааст, пешниҳод шуда метавонад.

Мутобиқи қисми 3 моддаи 11 Қонун шахсони воқеие, ки доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ё намояндагони онҳо корҳои марбут ба гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани эътибори онро ба воситаи намояндагони патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда пеш мебаранд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан берун аз ҳудуди он мебошанд, корҳои марбут ба гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ ва нигоҳ доштани эътибори онҳоро ба воситаи намояндаи патентӣ ва ё дар сурати нишон додани нишонии мукотиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита худашон пеш мебаранд.

  • 2. Объектҳои ихтироъ
  1. Сохтор, тарз, модда, штамми микроорганизмҳо, штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот, инчунин аз рӯйи таъиноти нав истифода бурдани онҳо объектҳои ихтироъ буда метавонанд (қисми 6 моддаи 6 Қонун).
  2. Ба гурӯҳи сохторҳо ҳамчун объекти ихтироъ конструксияҳо ва маҳсулот дохил мешаванд.
  3. Ба гурӯҳи тарзҳо ҳамчун объекти ихтироъ ҷараёнҳои иҷро намудани амалҳо бо объекти моддӣ бо ёрии воситаҳои моддӣ дохил мешаванд.
  4. Ба гурӯҳи моддаҳо ҳамчун объекти ихтироъ пайвастагиҳои кимиёвии инфиродӣ дохил мешаванд, ки ба онҳо шартан мансуб дониста шудаанд, аз ҷумла:

– пайвастагиҳои калонмолекулавӣ ва объектҳои муҳандисии генӣ;

– композитсияҳо (таркибҳо, омехтаҳо);

– маҳсулоти табдилҳои ядроӣ.

  1. Ба гурӯҳи штамми микроорганизмҳо, штамми коштаҳои ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот ҳамчун объекти ихтироъ дохил мешаванд:

– штаммҳои микроорганизмҳои инфиродӣ, штаммҳои коштаҳои ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот;

– консортсиумҳои микроорганизмҳо, коштаҳои ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот.

  1. Ба гурӯҳи аз рӯйи таъиноти нав истифода бурдани сохтор, тарз, модда ва штамми пештар маълумбуда, ҳамчун объекти ихтироъ истифодаи сохтор, тарз, модда ва штамм барои ҳалли чунин масъалаҳои техникӣ, ки пештар барои ин масъалаҳо объектҳои номбурда пешбинӣ намешуданд, мансуб дониста мешавад.

Истифодаи аввалини моддаҳои маълум (табиӣ ё ба тариқи сунъӣ ҳосилшуда) барои қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа низ ба истифода аз рӯйи таъиноти нав баробар карда мешавад.

  1. Тибқи қисми 7 моддаи 6 Қонун пешниҳодоти зерин ихтироъ маҳсуб намешаванд:

– назарияҳои илмӣ ва методҳои математикӣ;

– методҳои ташкилу идоракунии хоҷагӣ;

– аломатҳои шартӣ, ҷадвалҳо, қоидаҳо;

– қоидаҳо ва методҳои иҷрои амалиёти фикрӣ;

– алгоритмҳо ва барномаҳо барои мошинҳои ҳисоббарор;

– лоиҳаҳо ва схемаҳои тарҳи иншоот, биноҳо ва заминҳо;

– пешниҳодҳое, ки танҳо ба намуди зоҳирии маҳсулот дахл дошта, ба қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ равона шудаанд.

  1. Мувофиқи қисми 8 моддаи 6 Қонун объектҳои зерин ба сифати объектҳои патентпазир эътироф карда намешаванд:

– топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ;

– навъҳои растаниҳо ва зотҳои ҳайвонот;

– пешниҳодоте, ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондӯстӣ ва ахлоқӣ мебошанд.

  • 3. Ариза ва талаботи ягонагии ихтироъ
  1. Ариза бояд ба як ихтироъ ва ё гурӯҳи ихтирооти бо ҳам то дараҷае алоқаманд, ки ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил медиҳанд, дахл дошта бошад.
  2. Талаби ягонагии ихтироъ дар ҳолатҳои зерин риояшуда ба ҳисоб меравад, агар:

1) дар формулаи ихтирое, ки як банди новобаста дорад, як ихтироъ тавсиф шуда бошад;

2) дар формулаи ихтироъ дар якчанд банди новобаста гурӯҳи ихтирооте тавсиф шуда бошанд, ки:

– яке аз онҳо барои ҳосил кардани (сохтани) дигараш пешбинӣ шуда бошад (масалан, сохтор ё модда ва тарзи ҳосил кардани (сохтани) сохтор, ё модда, ё қисми онҳо);

– яке аз онҳо барои ба амал баровардани дигараш пешбинӣ шуда бошад (масалан, тарз ва сохтор барои ба амал овардани ин тарз ё яке аз амалҳои он);

– яке аз онҳо барои истифода намудани дигараш (истифода бурдан дар дигараш) пешбинӣ шуда бошад (масалан, тарз ва моддае, ки барои истифодабарӣ дар он тарз пешбинӣ шудааст;

– тарз ё сохтор ва қисми онҳо;

– мувофиқи таъиноти нав истифода шудани сохтор ё модда ва тарзе, ки дар он сохтор ё модда мувофиқи ҳамин таъиноти нав истифода мешаванд; истифодаи сохтор ё модда аз рӯйи таъиноти нав ва сохтор ё композитсияе, ки онҳоро ба сифати қисми таркибӣ дар бар мегиранд);

– ба объектҳои як намуд, таъиноташон якхела дахл дошта бошанд ва ҳосил шудани ҳамон як натиҷаи техникиро таъмин намоянд (вариантҳо).

  1. Мувофиқи қисми 2 моддаи 12 Қонун ариза бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар гирад:

– дархост дар бораи додани патент тибқи замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур бо нишондоди номи ихтироъ, муаллиф (он) – и ихтироъ ва номи шахс (он) – е, ки ба унвони ӯ (онҳо) ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад ва инчунин макони зист ё ҷойгиршавии онҳо;

– тавсифномаи ихтироъ, ки ихтироъро бо пуррагии кифоя барои амалӣ намудан аз ҷониби мутахассис маънидод мекунад;

– формулаи ихтироъ, ки моҳияти онро ифода намуда, бояд пурра дар асоси тавсифнома тартиб дода шавад;

– реферат (хулоса);

– нақшаҳо (маводи дигар) агар онҳо барои фаҳмидани моҳияти ихтироъ зарур бошанд.

  1. Ба ариза расиди пардохти ҳатмие, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» (минбаъд – пардохти ҳатмӣ), ки андозааш муқарраршуда, ё ҳуҷҷате, ки асосҳои бо қонунгузории ҷорӣ пешбинишуда барои озод кардан аз пардохти пардохти ҳатмиро тасдиқ мекунад, замима карда мешавад.

Дар ҳолати камтар аз андозаи муқарраршуда пардохт шудани пардохти ҳатмӣ, ғайр аз расид дар бораи пардохти ҳатмӣ, боз ҳуҷҷате замима мегардад, ки асосҳоро барои кам кардани андозаи пардохти ҳатмӣ тасдиқ менамояд (қисми 5 моддаи 12 Қонун). Ҳуҷҷатҳои номбаршуда ҳамзамон бо ариза ва ё на дертар аз се моҳи пас аз санаи ворид шудани ариза пешниҳод карда мешаванд.

  1. Ба аризаи ба воситаи намояндаи патентӣ, ё дигар намоянда пешниҳодшаванда, ваколатномаи ба вай додаи аризадиҳанда, ки ваколатҳои ӯро тасдиқ менамояд, ё нусхаи ин ваколатнома замима карда мешавад.

Ваколатнома тибқи банди 17 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо санаи 09.06.2009, №25 тасдиқ гардида, санаи 23.11.2009, №551 дар Вазорати адлия бақайд гирифта шудааст, барои намояндагӣ кардан дар назди Идораи патентӣ аз ҷониби ваколатномадиҳанда дар шакли хаттӣ дода мешавад ва тасдиқкунии нотариалиро талаб намекунад.

Ваколатнома бояд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории давлате, ки дар он ваколатнома тартиб дода шудааст ба расмият дароварда шавад ва дар консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунӣ гардонидани ваколатнома дар асоси шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфташуда талаб карда намешавад ва ё дар асоси принсипи муомилоти мутақобил, омода гардида бошад.

  1. Ваколатнома ҳамзамон бо ариза ва ё на дертар аз ду моҳи баъд аз санаи ворид шудани ариза пешниҳод карда мешавад. Ваколатномае, ки ваколатномадиҳанда ба номи намояндаи патентӣ ё дигар намоянда медиҳад, бояд ҷавобгӯи шартҳои зерин бошад:

– аз ҷониби аризадиҳанда имзо шуда бошад;

– ба номи шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад ва дар Феҳристи давлатии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, дода шуда бошад;

– нишондодро оид ба ҳаҷми ваколатҳои намояндаи патентӣ дар бар гирифта бошад;

– дар ваколатнома бояд муҳлати ба анҷом расидани он нишон дода шавад, ки бе ин ишора ваколатнома эътибор надорад;

– ваколатномаи ба дигар намоянда додашуда, бояд тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бошад.

  1. Муҳлати амали ваколатнома аз се сол зиёд буда наметавонад.
  2. Агар ваколатнома ба якчанд намояндаи патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда дода шуда бошад, корҳои марбут ба додани ҳуҷҷати муҳофизатиро аз рӯйи ариза ҳар кадоми онҳо пеш мебаранд.

Ҳар як амали намояндаи патентӣ, ки ба иҷрои он ваколатнома ӯро ваколатдор намудааст, ҳамчун амали аризадиҳанда эътироф карда мешавад.

  1. Мувофиқи моддаи 18 Қонун аввалияти ихтироъ аз рӯйи санаи дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж «Оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ» пешниҳод шудани аризаи якум барои ин ихтироъ муқаррар шуданаш мумкин аст, агар ариза ба Идораи патентӣ дар давоми дувоздаҳ моҳи баъди санаи зикршуда ворид шуда бошад. Агар бинобар ҳолатҳои новобаста ба аризадиҳанда ариза бо дархости аввалияти конвенсионӣ дар муҳлати зикргардида пешниҳод нашуда бошад, ин муҳлат бо дархости аризадиҳанда ба муддати на зиёда аз се моҳ дароз карда шуданаш мумкин аст.

Аризадиҳандае, ки аз ҳуқуқи аввалияти конвенсионӣ истифода бурдан мехоҳад, бояд ин хоҳишашро ҳангоми пешниҳоди ариза ва ё дар давоми ду моҳи баъди санаи ба Идораи патентӣ пешниҳодшавии ариза тибқи замимаи 2 ба Қоидаҳои мазкур изҳор намояд ва нусхаи аризаи якумро замима кунад ва ё онро на дертар аз се моҳи баъди санаи пешниҳод кардани ариза ба Идораи патентӣ фиристонад.

  1. Агар ихтироъ ба штамми микроорганизм, штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот ва ё ба воситае, ки дар он штамми номаълуми микроорганизм ва ё штамми ҳуҷайраҳо истифода мешаванд, дахл дошта бошад, дар ариза нигоҳдории он дар бойгонии ваколатдори микроорганизмҳо қайд карда шуда, ҳуҷҷат дар бораи ба нигоҳдорӣ супорида шудан замима карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба Идораи патентӣ бо забони давлатӣ ё русӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои дигари ариза бо забони дигар пешниҳод шуда метавонанд.

Агар ҳуҷҷатҳои ариза бо забони дигар пешниҳод шуда бошанд, ба ариза тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ замима карда мешавад. Тарҷумаро ба забони давлатӣ дар давоми се моҳи баъди воридшавии ариза, ки ин ҳуҷҷатҳоро бо забони дигар дар бар мегирифт, пешниҳод кардан мумкин аст (қисми 4 моддаи 12 Қонун). Ҳангоми риоя шудани ин шарт ҳуҷҷатҳое, ки бо забони дигар пешниҳод карда шудаанд, дар санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани онҳо пешниҳодшуда ҳисоб карда мешаванд.

Агар тарҷума баъди гузаштани се моҳ аз санаи бо забони дигар ворид шудани ҳуҷҷатҳо супорида шуда бошад, ин ҳуҷҷатҳо дар рӯзи супорида шудани тарҷумаи онҳо пешниҳодшуда ҳисоб карда мешаванд.

  • 4. Мундариҷаи ҳуҷҷатҳои ариза
  1. Ариза дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ мувофиқи шакли дар замимаи 1 Қоидаҳои мазкур овардашуда пешниҳод карда мешавад.

Агар маълумотро пурра дар сатрҳои дахлдор ҷой додан мумкин набошад, онҳоро аз рӯйи ҳамон шакл дар варақи иловагӣ меоранд ва дар сатри дахлдори ариза ибораи «ниг. давомаш дар варақи иловагӣ»-ро ҷой медиҳанд.

  1. Сатрҳои дар қисми болоии дархост ҷойгиршуда барои қайдҳои Идораи патентӣ пешбинӣ шудаанд ва аризадиҳанда онҳоро пур намекунад.
  2. Дар сатре, ки хоҳишро дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарбар мегирад, баъд аз калимаҳои «ба номи» маълумоти зерин дар бораи шахс (он) – е, ки ба номаш (он) ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост шудааст, оварда мешавад:

– насаб, ном (номи падар, агар он дар шиноснома бошад) – и шахси воқеӣ (зимнан насаб пеш аз ном зикр карда мешавад) ва ё номи расмии шахси ҳуқуқӣ (мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ), ҳамчунин мувофиқан маълумот дар бораи ҷойи иситиқомат, ё макони ҷойгиршавии онҳо, аз ҷумла номи расмии мамлакат ва нишонии пурраи почтавӣ.

  1. Дар худи ҳамин сатр зери рамзи (71) ҳамин гуна маълумот дар бораи аризадиҳанда (аризадиҳандагон) оварда мешавад. Маълумот дар бораи ҷойи истиқомати аризадиҳандагоне, ки муаллифи ихтироъ мебошанд, дар сатри мазкур оварда нашуда, танҳо дар сатре, ки зери рамзи (97) дар саҳифаи дуюми дархост ҷойгир аст, оварда мешавад.
  2. Барои корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба номашон дархост карда мешавад, рамзи умумии корхонаҳо ва ташкилотҳо (минбаъд – РУКТ) (агар он муқаррар шуда бошад) нишон дода мешавад. Агар барои корхона РУКТ муқаррар нашуда бошад, дар ҷойи дахлдор ишораи «муқаррар карда нашудааст» қайд карда мешавад.
  3. Барои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ё шахсони воқеии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба номашон дархост карда мешавад, мувофиқи стандарти ST.3-и Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (минбаъд – СУМЗ) рамзи мамлакат (агар он муқаррар шуда бошад) нишон дода мешавад.
  4. Агар ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба унвони якчанд шахс дархост шуда бошад, ё аризадиҳандагон якчанд нафар бошанд, маълумоти номбаршуда барои ҳар кадоми онҳо оварда мешавад.
  5. Дар ҳолате, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба номи аризадиҳанда (гон) дархост карда мешавад, ба ҷойи маълумот дар бораи шахс (он) -е, ки ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба номаш (он) дархост карда мешавад, баъди калимаҳои «ба номи» калимаҳои «аризадиҳанда (гон)» оварда мешаванд.
  6. Сатр бо дархости муқаррарнамудаи аввалият танҳо дар сурати дархост шудани аввалияте, ки аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ пештар аст, пур карда мешавад. Дар ин ҳолат бо гузоштани аломати «Х» дар катакҳои дахлдор асосҳо барои дархост кардани аввалият қайд карда мешаванд ва рақами аризаи пештар пешниҳодшуда, ки дар асоси он ё маводи иловагии он аввалият дархост карда мешавад, инчунин санаи аввалияти дархостшаванда (санаи ворид шудани аризаи пештар пешниҳодшуда ва ё маводи иловагии он) нишон дода мешаванд.
  7. Агар аввалият дар асоси якчанд ариза дархост карда шавад, рақамҳои ҳамаи аризаҳо ва дар ҳолатҳои дахлдор якчанд санаи аввалияти дархостшаванда нишон дода мешаванд. Дар ҳолати дархост шудани аввалияти конвенсионӣ рамзи мамлакати пешниҳоди ариза мувофиқи стандарти ST.3 СУМЗ нишон дода мешавад.
  8. Дар сатри зери рамзи (54) номи ихтирои арзшаванда (гурӯҳи ихтироъҳо) оварда мешавад, ки он бояд ба номи дар тавсифномаи ихтироъ овардашуда мувофиқат кунад.
  9. Дар сатри зери рамзи (98) нишонӣ барои мукотиба, номи гиранда, ки бояд бо риояи тартиби муқаррарии почтаи фаврӣ навишта шаванд, рақамҳои телефон, телекс (шабакаи байналхалқии алоқаи абонентии телеграфӣ), факс ва суроғаи почтаи электронӣ (агар онҳо бошанд) оварда мешаванд.

Ба сифати нишонӣ барои мукотиба нишонии ҷойи истиқомати аризадиҳанда (яке аз аризадиҳандагон), агар ӯ шахси воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда бошад, ё нишонии макони ҷойгиршавии аризадиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – агар ӯ шахси ҳуқуқӣ бошад ва ё нишонии ҷойи сукунати намояндаи патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифта шуда метавонанд.

  1. Дар сатри зери рамзи (74), ки танҳо дар ҳолати аз ҷониби аризадиҳанда то пешниҳоди ариза таъин намудани намояндаи патентӣ пур карда мешавад, маълумот дар бораи ӯ: насаб, ном ва номи падар, рақами бақайдгирӣ дар Идораи патентӣ, нишонии намояндаи патентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақамҳои телефон, телекс, факс ва суроғаи почтаи электронӣ (агар онҳо бошанд) оварда мешаванд.
  2. Сатри «Номгӯйи ҳуҷҷатҳои замимашаванда» дар саҳифаи дуюми ариза бо роҳи гузоштани аломати «Х» дар катакҳои дахлдор ва нишон додани шумораи нусхаҳою варақҳо дар ҳар кадом нусхаи замимашавандаи ҳуҷҷатҳо пур карда мешавад. Барои ҳуҷҷатҳои замимашавандае, ки дар дархост мушаххасан номбар нашудаанд (сатри «ҳуҷҷати дигар»), ба таври мушаххас таъиноти онҳо нишон дода мешавад.
  3. Дар сатри замимаи 1 «Асосҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи пешниҳоди ариза ва гирифтани патент» бо гузоштани аломати «Х» асос (ҳо) барои пешниҳод ва гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ қайд карда мешаванд. Сатри номбаршуда дар ҳолатҳое пур карда мешавад, ки агар ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба номи аризадиҳанда (гон) дархост карда шавад (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар аризадиҳанда муаллиф бошад ва ё агар аризадиҳандагон якчанд нафар бошанд, ҳамаи онҳо муаллифи ихтироъ бошанд).
  4. Дар сатрҳои зери рамзҳои (72) ва (97) маълумоти зерин дар бораи муаллиф (он) – и ихтироъ оварда мешавад: насаб, ном, номи падар, нишонии пурраи почтавии ҷойи истиқомат, ки номи аниқи мамлакат ва рамзи онро мувофиқи стандарти СУМЗ ST.3 дарбар мегирад.
  5. Агар муаллиф ба аризадиҳанда ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатиро вогузор карда бошад, дар сатре, ки аз тарафи рости сатри дорои рамзи «97» ҷойгир шудааст, имзо ва санаи имзокуниро дарҷ менамояд.
  6. Сатре, ки бевосита дар зери сатрҳои дорои рамзҳои (72) ва (97) ҷойгир шудааст, танҳо ҳамон вақт пур карда мешавад, ки агар муаллиф (он) хоҳиши ба ҳамин сифат номбар нашудани худро дар вақти нашри маълумот оид ба ариза ва ё додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ изҳор карда бошад. Дар ин ҳолат сатрҳои номувофиқ хат зада шуда, насаб, ном ва номи падари (агар дар шиноснома бошад) ҳар кадоме аз муаллифон, ки хоҳиши дар нашри маълумот номбар нашуданашонро изҳор доштанд, оварда мешаванд. Дар сатрҳои мазкур синну соли муаллифоне низ дарҷ карда мешавад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
  7. Сатри пеш аз сатри охирини саҳифаи дуюми дархост танҳо ҳамон вақт пур карда мешавад, ки агар ҳуқуқи пешниҳод намудани аризаро ба шахс вориси ҳуқуқии муаллиф дода бошад. Дар он маълумоти зерин дар бораи вориси ҳуқуқ оварда мешавад:

– насаб, ном (ва номи падар агар дар шиноснома бошад), суроғаи ҷойи истиқомати шахси воқеӣ, имзои ворис ва санаи имзо, ё номи расмӣ ва нишонии ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, имзои роҳбар ва ба сана (дар ҳолате, ки агар вориси муаллиф шахси ҳуқуқӣ бошад, бо имзои роҳбар тасдиқ мешавад).

  1. Ба ҷойи пур кардани он сатрҳои ариза, ки дар бандҳои зикргардидаи 39-41 нишон дода шудаанд, ҳамзамон бо ариза ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод кардан мумкин аст, ки маълумот ва имзоҳои дар бандҳои мазкур пешбинишударо дар бар мегиранд.
  2. Пур кардани сатри охирини дархост «Имзо» ва нишон додани ному насаби шахси имзокунанда, санаи имзо дар тамоми ҳолатҳо зарур мебошад. Дархостро аризадиҳанда инчунин шахсе имзо мекунад, ки ба номаш ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда шудааст, агар ин шахс аризадиҳанда набошад. Дархостро аз номи шахси ҳуқуқӣ роҳбари ташкилот ва ё шахси дигар (бо нишон додани вазифааш), ки ин гуна ваколатро дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ дорад, имзо мекунанд; имзо бо муҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.

Дар ҳолати ба воситаи намоянда патентӣ пешниҳод шудани ариза дархостро намояндаи патентӣ имзо мекунад.

  1. Агар ягон маълумоти имзоталаби дархост дар варақи иловагӣ оварда шуда бошад, он варақ бо тартиби дар боло зикргардида имзо карда мешавад.

Дар ҳар кадом варақи иловагӣ гузошта шудани имзои аризадеҳ ва ё намояндаи патентӣ зарур аст.

  1. маи ихтироъ бояд ихтироъро бо пуррагии барои амалӣ намудан кифоя маънидод кунад.
  1. Тавсифнома аз номи ихтироъ (агар сарлавҳаи Таснифи байналхалқии патентӣ (минбаъд – ТБП), ки ихтирои арзшуда ба он дахл дорад, муқаррар шуда бошад, ҳамчунин индекси сарлавҳа) сар шуда, бобҳои зеринро дар бар мегирад:

– соҳаи техника, ки ихтироъ ба он дахл дорад;

– сатҳи техника;

– моҳияти ихтироъ;

– номгӯйи нақшаҳо ва маводҳои дигар (агар онҳо замима карда шаванд);

– маълумоте, ки имконияти амалигардонии ихтироъро тасдиқ мекунанд.

Ягон боби тавсифномаро бо истинод ба манбае, ки маълумоти заруриро дарбар мегирад (адабиёт, тавсифномаи аризаи пештар пешниҳодшуда, тавсифномаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ва ғ.), иваз намудан мумкин нест.

  1. Номи ихтироъ, чун қоида таъиноти онро тавсиф мекунад ва дар шакли исми танҳо оварда мешавад. Ҳолатҳои зерин аз ин қоида истисно мебошанд:

1) номҳое, ки дар шакли исми танҳо истифода бурда намешаванд;

2) номҳои ихтирооти марбут ба пайвастагиҳои кимиёвӣ, ки бо формулаи умумии сохторӣ фаро гирифта мешаванд.

  1. Ба номи ихтирое, ки ба пайвастагии кимиёвии инфиродӣ дахл дорад, номи он мувофиқи яке аз номенклатураҳои дар кимиё қабулшуда дохил карда мешавад; нишондод ба таъиноти мушаххаси ихтироъ ва намуди фаъолнокии биологӣ (барои пайвастагиҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол) низ оварда шуданаш мумкин аст.
  2. Ба номи ихтирое, ки ба тарзи ҳосил намудани пайвастагии калонмолекулавии сохтораш номаълум дахл дорад, номи ин пайвастагӣ ва нишондод ба таъиноти он ҳамроҳ карда мешавад.

Ба номи ихтирое, ки ба тарзи ҳосил намудани модда – омехтагии таркибаш номаълум дахл дорад, нишондод ба таъинот ва ё хусусиятҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли ин модда ҳамроҳ карда мешаванд.

Ба номи ихтирое, ки ба штамми микроорганизм ва ё штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот дахл дорад, номи авлодӣ ва намудии объекти биологӣ ба забони лотинӣ бо нишон додани ному насаб (ҳо) – и муаллиф (он), намуд ва таъиноти штамм ҳамроҳ карда мешавад. Номи микроорганизм ва ё штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот бояд мувофиқи талаботи номенклатураи байналхалқӣ оварда шавад.

Номи ихтирое, ки ба татбиқ намудани сохтор, тарз, модда, штамми маълум мувофиқи таъиноти нав дахл дорад, аз рӯйи талаботи барои объекти дахлдор қабулкардашуда тартиб дода шуда, таъиноти нави объекти маълумро тавсиф мекунад.

Номи гурӯҳи ихтирооти марбут ба объектҳое, ки яке аз онҳо барои ҳосил кардан (сохтан), амалӣ намудан, ё истифодаи дигараш пешбинӣ шудааст, номи пурраи як ихтироъ ва номи ихтисоршудаи ихтирои дигарро дар бар мегирад. Номи гурӯҳи ихтирооти марбут ба объектҳое, ки яке аз онҳо барои дар дигараш истифода шудан пешниҳод шудааст, номи пурраи ихтирооти ба гурӯҳ дохилшавандаро дар бар мегирад.

Номи гурӯҳи ихтирооти ба вариантҳо дахлдошта, номи як ихтирои гурӯҳро, ки бо калимаи дар қавс гирифташудаи «вариантҳо» пурра карда шудааст, дар бар мегирад.

Дар номи ихтироъ набояд номҳои шахсӣ, ихтисорҳо, тамғаҳои молӣ ва хизматрасонӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ, номҳои фирмавӣ, номҳои рекламавии фирмавӣ ва номҳои дигари махсус, номҳои ҷойи пайдоиши молҳо, калимаҳои «ва ғайра», «ва ҳоказо» ва амсоли онҳо истифода шаванд.

  1. Дар боби «Соҳаи техника, ки ихтироъ ба он дахл дорад» соҳаи татбиқ намудани ихтироъ нишон дода мешавад. Агар чунин соҳаҳо зиёд бошанд, соҳаҳои бартариятдошта нишон дода мешаванд.
  2. Дар боби «Сатҳи техника» маълумот дар бораи ҳаммонандҳои (аналогҳои) ба аризадиҳанда маълуми ихтироъ оварда шуда, дар айни замон аз байни онҳо ҳаммонанде, ки ба ихтироъ аз рӯйи маҷмӯи аломатҳои асосӣ наздиктарин (прототипи ихтироъ) аст, ҷудо карда мешавад.

Ба сифати ҳаммонанди ихтироъ воситае нишон дода мешавад, ки маълумот дар бораи он то санаи аввалияти ихтироъ дастраси умум гардидааст ва таъиноти он бо таъиноти ихтирои арзшаванда як буда, маҷмӯи аломатҳое, ки ин воситаро муайян мекунанд, бо маҷмӯи аломатҳои асосии ихтироъ монанд аст.

Ҳангоми тавсиф кардани ҳар кадоми ҳаммонандҳо маълумоти библиографӣ оид ба манбаи иттилоот, ки дар он ҳаммонанд (аналог) маънидод карда шудааст, аломатҳои ҳаммонанд бо нишон додани ҳамон аломатҳое, ки ба аломатҳои асосии ихтирои арзшуда мувофиқат мекунанд, оварда мешаванд, ҳамчунин сабабҳои ба аризадиҳанда маълуме зикр мегарданд, ки онҳо монеаи ҳосил намудани натиҷаи матлуби техникӣ шудаанд.

Агар ихтироъ ба тарзи ҳосил намудани омехтаи таркибаш муқаррар карданашудаи таъиноташ мушаххас ва ё дорои хусусиятҳои фаъоли биологӣ дахл дошта бошад, ба сифати ҳаммонанд тарзи ҳосил намудани омехтаи ҳамин гуна таъинот ва ё ҳамин гуна хусусиятҳои фаъоли биологидошта нишон дода мешавад.

Агар ихтироъ ба тарзи ҳосил намудани пайвастагиҳои кимиёвии инфиродӣ, аз ҷумла пайвастагии калонмолекулавӣ ва ё маҳсули муҳандисии генӣ дахл дошта бошад, маълумот оид ба тарзи ҳосил намудани ҳаммонанди маълуми сохтории он оварда мешавад.

Ҳангоми тавсифи ҳаммонанди наздиктарини ихтирое, ки ба штамми микроорганизм, штамми ҳуҷҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот, истеҳсолкунандаи модда дахл дорад, маълумот дар бораи моддаи истеҳсолшаванда оварда мешавад.

Агар ихтироъ ба мувофиқи таъиноти нав татбиқ намудани сохтор, тарз, модда, штамми пештар маълум дахл дошта бошад, пас ба гурӯҳи ҳаммонандҳои вай сохторҳо, тарзҳо, моддаҳо, штаммҳои микроорганизмҳои ҳамон гуна таъинот дошта мансубанд.

Ҳангоми тавсиф намудани гурӯҳи ихтироот маълумот дар бораи аналогҳо барои ҳар як ихтироъ алоҳида оварда мешавад.

  1. Моҳияти ихтироъ дар маҷмӯи аломатҳои асосие ифода меёбад, ки барои ноил шудан ба натиҷаи техникии бо ихтироъ таъминшаванда кифоя аст.

Агар аломатҳо ба имконияти ҳосил кардани натиҷаи техникӣ таъсир расонанд, яъне бо натиҷаи номбаршуда дар алоқаи сабабиву натиҷавӣ бошанд, онҳо ба гурӯҳи аломатҳои асосӣ дохил мешаванд.

  1. Дар боби мазкур масъалае ба пуррагӣ ошкор карда мешавад, ки ихтирои арзшуда ба ҳалли он равона шудааст, ҳамзамон натиҷаи техникие, ки дар сурати ба амал баровардани ихтироъ ҳосил шуда метавонад, низ нишон дода мешавад.

Аломатҳои асосии тавсифкунандаи ихтироъ оварда мешаванд, аломатҳои аз ҳаммонанди наздиктарин фарқкунанда ҷудо карда мешаванд, дар айни замон маҷмӯи аломатҳое нишон дода мешавад, ки ба даст овардани натиҷаи техникиро дар ҳамаи ҳолатҳои фарогир бо ҳаҷми дархостшавандаи ҳифзи ҳуқуқӣ таъмин мекунад, инчунин аломатҳое низ зикр мегарданд, ки ихтироъро танҳо дар ҳолатҳои алоҳида, дар шаклҳои мушаххаси баамалбарорӣ ва ё ҳангоми шароитҳои махсуси иҷро намудани он тавсиф менамоянд.

Агар ихтироъ ба даст овардани якчанд натиҷаи техникиро (аз ҷумла, дар шаклҳои мушаххаси ба амал баровардан ва ё дар шароитҳои махсуси истифода намудани он) таъмин кунад, нишон додани ҳамаи онҳо тавсия карда мешавад.

Натиҷаи техникӣ, масалан, дар кам кардани лаҳзаи даврзанӣ; афзун (паст) намудани коэффитсиенти соиш; бартараф кардани нуқсонҳои сохтори рехтагарӣ; афзун намудани масъуният (иммунитет); паст кардани фишори корӣ дар аппарат, пешгирӣ намудани бандшавӣ (дар сохтор); беҳтар кардани гардиши хун, маҳдуд кардани таъсиррасонии дору; паст кардани заҳролудии он; беҳтар кардани робитаи органи корӣ бо муҳит; кам кардани таҳрифи шакли бонг (сигнал); кам кардани моеъгузарӣ; беҳтар кардани таршавӣ; пешгирӣ намудани кафидан ва ғайра ифода ёфта метавонад.

Агар ҳангоми офарида шудани ихтироъ танҳо масъалаи васеъ кардани маҷмӯи воситаҳои техникии таъиноташон муайян ва ё масъалаи аввалин маротиба ҳосил намудани ингуна воситаҳо ҳал карда шавад, натиҷаи техникӣ метавонад дар амалӣ гардидани ин таъинот ифода гардад ва алоҳида нишон додани он талаб карда намешавад.

Барои гурӯҳи ихтироот маълумоти номбаршуда, аз ҷумла маълумот дар бораи натиҷаи техникӣ, барои ҳар кадом ихтироъ алоҳида оварда мешавад.

Ҳангоми тавсиф кардани штамми микроорганизм, штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот ба таври илова аломатҳое нишон дода мешаванд, ки онҳоро аз штаммҳои аввалӣ ва ё зотан наздик фарқ мекунонанд.

  1. Барои тавсиф кардани сохторҳо аломатҳои зерин истифода мешаванд:

– мавҷуд будани элемент (ҳо) – и конструктивӣ;

– мавҷуд будани робитаи байни элементҳо;

– ҷойгиршавии байниҳамдигарии элементҳо;

– шакли сохташавии элемент (ҳо) ва ё умуман сохтор, аз ҷумла шакли геометрӣ;

– шакли баамалбароварда шудани робитаи байни элементҳо;

– ченакҳо ва тавсифҳои дигари элемент (ҳо) ва робитаи байни онҳо;

– маводе, ки элемент (ҳо) ва ё умуман сохтор аз он сохта шудааст;

– муҳите, ки вазифаи элементро иҷро мекунад.

Барои тавсиф кардани сохторҳо аломатҳоеро набояд истифода бурд, ки дар сохтор ва ё дар унсури (элементи) он мавҷуд будани нишонаҳоеро (вожавӣ, тасвирӣ ва ё омехта) ифода менамоянд, ки онҳо ба кор кардани сохтор ва амалигардонии таъиноти он таъсир намерасонанд.

  1. Барои тавсиф кардани тарзҳо аломатҳои зерин истифода мешаванд:

– мавҷуд будани амалиёт ва ё маҷмӯи амалиёт;

– талаботи замонии иҷро кардани ингуна амалиёт (пай дар пай, дар як вақт ё дигар);

– шароити иҷро намудани амалҳо; низом; истифодаи моддаҳо (ашёи хоми ибтидоӣ, реагентҳо, катализаторҳо ва ғ.), сохторҳо (афзор, ускунаҳо, таҷҳизот ва ғайра), штаммҳои микроорганизмҳо, штаммҳои ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот.

  1. Барои тавсиф кардани пайвастагиҳои кимиёвии инфиродӣ, аз ҷумла аломатҳои зерин истифода мешаванд:

– барои пайвастагиҳои хурдмолекулавӣ – таркиби сифатӣ (атомҳои элементҳои муайян), таркиби миқдорӣ (шумораи атомҳои ҳар як элемент), робитаи байни атомҳо ва ҷойгиршавии мутақобилаи онҳо дар молекула, ки бо формулаи таркибии кимиёвӣ ифода гардидааст;

– барои пайвастагиҳои калонмолекулавӣ – таркиби кимиёвӣ ва сохтори як звенои макромолекула, сохтори макромолекула дар маҷмӯъ (хаттӣ, шохавӣ), даврияти звеноҳо, массаи молекулавӣ, тақсимоти молекулавию массавӣ, геометрия ва стереометрияи макромолекула, гурӯҳҳои интиҳоӣ ва паҳлӯии он;

– барои пайвастагиҳои инфиродӣ сохторашон номуайян – хусусиятҳои физикию кимиёвӣ ва дигар хосиятҳои онҳо (аз ҷумла, аломатҳои тарзи ҳосил намудан), ки имконияти мушаххасгардонии онҳоро медиҳанд.

  1. Барои тавсиф кардани композитсияҳо аломатҳои зерин истифода мешаванд:

– таркиби сифатӣ (ингредиентҳо);

– таркиби миқдорӣ (миқдори ингредиентҳо);

– сохтори композитсия;

– сохтори ингредиентҳо.

Барои тавсиф кардани композитсияҳои таркибашон муқаррарнашуда нишондиҳандаҳо ва аломатҳои физикию кимиёвӣ, физикӣ ва аломатҳои марбут ба истифодабарии онҳо истифода шуда метавонанд.

  1. Барои тавсиф кардани моддаҳои бо роҳи табдили ядроӣ ҳосилгардида, аз ҷумла аломатҳои зерин истифода мешаванд:

– таркиби сифатӣ (изотопи элемент), таркиби миқдорӣ (шумораи протонҳо ва нейтронҳо);

– хусусиятҳои асосии ядроӣ: давраи нимтаҷзия, тип ва нерӯи нурафшонӣ (барои изотопҳои радиоактивӣ).

  1. Барои тавсиф кардани штаммҳои инфиродии микроорганизмҳо аз ҷумла аломатҳои зерин истифода мешаванд:

– хусусиятҳои коштавии морфологӣ;

– хусусиятҳои физикию биологӣ;

– хусусиятҳои хемо ва генотаксономӣ;

– хусусияти кариологӣ;

– хусусиятҳои генетикӣ, иммунологӣ, биохимикӣ, физиологӣ;

– хусусиятҳои биотехнологӣ: ном ва хосиятҳои моддаи муфиде, ки ба воситаи штамм ҳосил мешавад, дараҷаи фаъолнокӣ (маҳсулнокӣ), таъиноти штамме, ки истеҳсолкунанда нест; маълумот дар бораи устувории нигоҳдории хусусиятҳо дар сурати парвариши тӯлонӣ ва ғайра;

– заҳрнокӣ, сохтори зиддиирсӣ: иммуноирсият, хусусиятҳои серологӣ, омосзодӣ, ҳассосӣ нисбат ба антибиотикҳо, хусусиятҳои антагонистӣ (барои штаммҳои микроорганизмҳои таъиноташон тиббӣ ва байторӣ);

– хусусиятҳои штаммҳои аҷдодӣ, принсипи гибридкунонӣ (барои штаммҳои микроорганизмҳои гибридӣ).

  1. Барои тавсиф кардани штаммҳои инфиродии ҳуҷайраҳои растанӣ ва ё ҳайвонот ба таври илова аломатҳои зерин истифода мешаванд:

– сохти авлодӣ (шаҷараи штамм);

– шумораи намудҳо (пассажҳо) то лаҳзаи барасмиятдарорӣ (паспортизатсия);

– шароитҳои муқаррарии парвариш;

– хусусиятҳои маданӣ;

– хусусиятҳои кинетикӣ;

– хусусияти парвариш дар организми ҳайвон (барои гибридомаҳо);

– хусусиятҳои ситогенетикӣ (кариологӣ);

– хусусиятҳои ситоморфологӣ;

– маълумот дар бораи мансубияти намудӣ (барои ҳуҷайраҳои ҳайвонот, аз ҷумла гибридомаҳо);

– қобилияти морфогенез (барои ҳуҷайраҳои растаниҳо);

– омосзодӣ (барои ҳуҷайраҳои ҳайвонот, аз ҷумла гибридомаҳо);

– хусусиятҳои маркерӣ: ситоирсӣ, иммунологӣ, биокимиёвӣ, физиологӣ;

– маълумот дар бораи олудашавӣ (бо соддатаринҳо, занбуруғҳо, бактерияҳо, микоплазмаҳо, вирусҳо ва ғ.)

– хусусиятҳои биотехнологӣ: ном ва хосиятҳои моддаи муфиде, ки ба воситаи штамм ҳосил мешавад, дараҷаи фаъолнокӣ (маҳсулнокӣ), таъиноти штамме, ки истеҳсолкунанда нест; маълумот дар бораи устувории нигоҳдории хусусиятҳо дар сурати парвариши тӯлонӣ ва ғайра;

– тарзи криоконсерватсия.

  1. Барои тавсиф кардани консортсиумҳои микроорганизмҳо илова ба аломатҳое, ки дар боло барои штаммҳои инфиродӣ номбар шудаанд, боз аломатҳои зерин истифода мешаванд:

– асли баромад (манбаи ҷудокунӣ), омил ва шартҳои мутобиқшавӣ ва селексия, таркиби заҳрнокӣ (таксономӣ), қобилияти тақсимшавӣ, шумора ва компонентҳои бартаридошта, аломатҳои морфологӣ ва физиологии компонентҳои алоҳида, хел ва хусусиятҳои физиологии дар маҷмӯъ;

– таркиби заҳрнокӣ (таксономӣ), таносуб ва ивазшавии штаммҳо, хусусиятҳои штаммҳои нави инфиродӣ.

  1. Барои тавсифи мувофиқи таъиноти нав истифода шудани сохтор, тарз, модда, ва штамми маълум шарҳи мухтасари объекти татбиқшаванда, ки барои мушаххасгардонии он кифоя аст ва инчунин ишора ба ин таъиноти нав истифода бурда мешавад.
  2. Номгӯи нақшаҳо ва маводи дигар. Дар ин боби тавсифнома, ғайр аз номгӯи нақшаҳо, ба тариқи мухтасар нишон дода мешавад, ки дар ҳар кадоми онҳо чӣ тасвир карда шудааст.

Агар барои фаҳмонидани моҳияти ихтироъ маводи дигар низ пешниҳод шуда бошад, ба тариқи мухтасар шарҳи мундариҷаи ин мавод оварда мешавад.

  1. Маълумоте, ки имконияти амалӣ намудани ихироъро тасдиқ мекунад. Дар ин боб ба воситаи овардани мисолҳо ва бо истинод ба нақшаҳо ва маводи графикии дигар (агар онҳо мавҷуд бошанд) нишон дода мешавад, ки таъиноти дар ариза зикргардидаи ихтироъ чӣ гуна ба амал бароварда мешавад.

Имконияти амалӣ гардонидани ихтироъ, ки моҳияти он бо истифодаи аломати бо мафҳуми умумӣ, аз ҷумла, дар сатҳи ҷамъбандии функсионалӣ ифодашуда тавсиф гардидааст, ба воситаи тавсифи васила, ё тарзи ҳосил кардани василае, ки барои амалӣ гардонидани ин аломат лозим аст, ё ба воситаи ишора ба маълум будани ин гуна васила, ё тарзи ҳосил кардани он тасдиқ карда мешавад.

Дар боби мазкур ҳамчунин маълумоте оварда мешавад, ки он имконияти ҳангоми амалӣ намудани ихтироъ ҳосил намудани натиҷаи техникии дар боби «Моҳияти ихтироъ» зикргардидаро тасдиқ мекунад. Агар барои тавсифи ихтироъ аломатҳои миқдорие истифода шуда бошанд, ки дар шакли фосилаи бузургиҳо ифода шудаанд, имконияти дар ин фосила ба даст оварда шудани натиҷаи техникӣ нишон дода мешавад.

  1. Барои ихтирое, ки ба сохтор дахл дорад, бо истифодаи нақшаҳо тавсифи конструксияи он (дар ҳолати статикӣ) оварда мешавад. Ишораҳои рақамии элементҳои конструктивӣ дар тавсифнома бояд ба ишораҳои рақамии онҳо дар нақша мувофиқат кунанд.

Баъд аз тавсифи конструксияи сохтор амали (кори) он, ё тарзи истифодаи он бо истифодаи нақшаҳо ва агар зарур бошад, маводи дигари шарҳдиҳанда (эпюраҳо, диаграммаҳо ва ғ.), тавсиф карда мешавад.

Агар сохтор элементеро дар бар гирад, ки он дар сатҳи функсионалӣ тавсиф шудааст ва тарзи тавсифшавандаи амалигардонӣ истифодаи василаи барномасози (танзимшаванда) – и бисёрфунксионалиро дар назар дошта бошад, маълумоте пешниҳод карда мешавад, ки имконияти иҷрои амали мушаххаси ба ин васила дар таркиби ҳамин сохтор нисбатдодашударо тасдиқ менамояд. Агар дар қатори ин гуна маълумот алгоритм, аз ҷумла алгоритми ҳисоббарорӣ, оварда шавад, онро дар шакли блок-схема ва ё, агар ин имконпазир бошад, дар шакли ифодаи дахлдори риёзӣ пешниҳод мекунанд.

  1. Барои ихтирое, ки ба тарз дахл дорад, дар мисолҳо пайдарпаии амалҳо (усулҳо, амалиёт) бо объекти материалӣ, ҳамчунин шароити гузаронидани амалиёт, реҷаҳои мушаххас (ҳарорат, фишор ва ғ.) нишон дода мешаванд. Агар тарз бо истифодаи воситаҳое (сохторҳо, моддаҳо ва штаммҳо) тавсиф шавад, ки то санаи аввалият маълум буданд, танҳо ишора кардан ба ин воситаҳо кифоя аст. Дар сурати истифода намудани воситаҳои номаълум тавсифи онҳо оварда мешавад ва дар ҳолати зарурӣ тасвири графикӣ замима карда мешавад.

Ҳангоми дар тарз истифода намудани моддаҳои нав тарзи ҳосил намудани онҳо ошкор карда мешавад.

Агар ихтироъ ба тарзи ҳосил намудани гурӯҳи (қатори) пайвастагиҳои нави кимиёвие дахл дошта бошад, ки бо формулаи умумии сохторӣ тавсиф мешаванд, мисоли бо ин тарз ҳосил намудани пайвастагии гурӯҳ (қатор) ва агар гурӯҳ (қатор) пайвастагиҳоеро дар бар гирад, ки радикалҳои табиати кимиёвиашон гуногунро доранд, он қадар мисол оварда мешавад, ки барои тасдиқ намудани имконияти ҳосил намудани пайвастагиҳо бо ин радикалҳои гуногун кифоя аст. Барои ҳосил намудани пайвастагиҳои ба гурӯҳ (қатор) дохилбуда, формулаҳои сохторӣ ва хусусиятҳои физикию кимиёвие оварда мешаванд, ки бо усулҳои маълум тасдиқ карда шудаанд. Дар тавсифнома ҳамчунин маълумот дар бораи таъинот ва ё хусусиятҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли пайвастагиҳои нав оварда мешаванд.

Барои ихтирое, ки ба тарзи ҳосил намудани пайвастагии калонмолекулавии сохтораш муқаррарнашуда дахл дорад, маълумоти барои мушаххасгардонӣ зарур оварда мешавад. Маълумот оид ба реагентҳои ибтидоӣ барои ҳосил намудани пайвастагиҳо ва омехтаҳо, инчунин маълумоте, ки имконияти амалигардонии таъиноти аз ҷониби аризадиҳанда зикркардашудаи ин пайвастагиҳоро тасдиқ менамояд (аз ҷумла, маълумот оид ба хусусиятҳое, ки ҳамин таъинотро муайян менамоянд) оварда мешавад.

Агар ихтироъ ба тарзи ҳосил намудани омехтае дахл дошта бошад, ки таркиб ва сохтори муқаррарнашуда ва таъиноти мушаххас, ё хусусиятҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол дорад, мисолҳо ғайр аз тавсифи усулҳо ва шароити амалигардонии тарз, инчунин маълумотро дар бораи омехта, ки барои мушаххасгардонии он заруранд ва маълумотеро, ки тасдиқкунандаи таъиноти ин омехта мебошанд (аз ҷумла, маълумот дар бораи хусусиятҳое, ки ҳамин таъинотро муайян менамоянд), дар бар мегиранд.

Барои ихтирои марбут ба тарзи ҳосил намудани маҳсулоте, ки элементи он ва ё худи он аз маводи таркиб ва сохтораш муқаррарнагардида сохта шудааст, маълумот дар бораи мавод ва маҳсулоти аз он сохташуда, ки барои мушаххасгардонии онҳо имконият медиҳанд, маълумот дар бораи хосиятҳои мавод ва хусусиятҳои истифодабарии элемент ва ё худи маҳсулот оварда мешаванд.

Барои ихтирое, ки ба тарзи муолиҷа, ташхис ва ё пешгирии бемориҳои одамон ва ё ҳайвонот дахл дорад, маълумот дар бораи омилҳои ошкоркардашудае, ки ба этиопатогенези беморӣ таъсир мерасонанд ва ё мавҷуд будани алоқаи байни этиопатогенез ва нишондиҳандаҳои барои ташхис истифодашавандаро муайян менамоянд, ва дар ҳолати набудани ин гуна маълумот – маълумоти боэътимоде, ки самаранокии истифодаи тарзи арзшавандаро барои муолиҷа, ташхис ва ё пешгирии бемории номбаршуда тасдиқ менамояд, оварда мешавад.

  1. Барои ихтирое, ки ба пайвастагии нави кимиёвии инфиродӣ сохтораш муқарраркардашуда дахл дорад, формулаи сохтории бо усулҳои маълум тасдиқшуда, бузургиҳои доимии физикию кимиёвӣ оварда мешаванд ва нишон дода мешавад, ки бори аввал ин пайвастагии нав бо чӣ тарз ҳосил шудааст. Имконияти мувофиқи таъиноти муайян истифода намудани ин пайвастагӣ тасдиқ карда мешавад ва барои пайвастагиҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол бузургиҳои нишондиҳандаҳои миқдории фаъолнокӣ ва заҳрнокӣ ва инчунин нишондиҳандаҳои дигар оварда мешаванд.

Агар пайвастагии нави кимиёвии инфиродӣ бо истифодаи штамми микроорганизм, штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот ҳосил шуда бошад, маълумот дар бораи тарзи биосинтез бо иштироки ин штамм, маълумот дар бораи он ва агар лозим бошад, маълумот дар бораи ба нигоҳдорӣ супорида шудани штамм оварда мешавад.

Агар ихтироъ ба тарзи ҳосил намудани гурӯҳи (қатори) пайвастагиҳои нави кимиёвии сохторашон муқарраркардашудае дахл дошта бошад, ки бо формулаи умумии сохторӣ тавсиф мешаванд, имконияти ҳосил кардани ҳамаи пайвастагиҳои гурӯҳ ба воситаи овардани нақшаи умумии тарзи ҳосилкунӣ ва мисоли ҳосилкунии пайвастагии алоҳидаи гурӯҳ (қатор) тасдиқ карда мешавад (агар гурӯҳ пайвастагиҳоеро дар бар гирад, ки радикалҳои табиати кимиёвиашон гуногунро доранд, мисолҳое оварда мешаванд, ки барои тасдиқи имконияти ҳосил намудани пайвастагиҳо бо ин радикалҳои гуногун кифояанд).

Барои пайвастагиҳои ҳосилшуда ҳамчунин формулаҳои сохтории бо усулҳои маълум тасдиқкардашудаи онҳо, бузургиҳои доимии физикию кимиёвӣ ва далелҳое оварда мешаванд, ки имконияти амалигардонии таъиноти номбаркардашударо исбот мекунанд ва ҳамзамон тасдиқи ин гуна имконият нисбат ба баъзе пайвастагиҳои дорои радикалҳои табиати кимиёвиашон гуногун оварда мешавад.

Агар пайвастагиҳои нав аз ҷиҳати биологӣ фаъол бошанд, нишондиҳандаҳои фаъолнокӣ ва заҳрнокӣ барои ин пайвастагиҳо ва агар зарур бошад, интихобнокии амал ва нишондиҳандаҳои дигар оварда мешаванд.

Агар ихтироъ ба пайвастагии мобайнӣ дахл дошта бошад, инчунин имконияти ба маҳсули маълуми ниҳоӣ табдил додани он ва ё имконияти аз он ҳосил намудани маҳсули нави ниҳоӣ, ки таъиноти мушаххас, ё хусусиятҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол дорад, нишон дода мешавад.

Агар ихтироъ ба композитсия (омехта, маҳлул, хӯла, шиша ва ғ.) дахл дошта бошад, мисолҳое оварда мешаванд, ки дар онҳо моддаҳои ба таркиби композитсия дохилшаванда, хосиятҳо ва таносуби миқдории онҳо нишон дода шудаанд. Тарзи ҳосил намудани композитсия ва агар ба таркиби вай моддаи нав дохил шавад, тарзи ҳосил намудани ин модда тавсиф карда мешавад.

Дар мисолҳои овардашуда миқдори ҳар як моддаи (ингридиенти) ба таркиби композитсия дохилшаванда бо қимати ягонае нишон дода мешавад, ки он дар ҳудуди фосилаи қиматҳои дар формулаи ихтироъ нишондодашуда ҷойгир аст (дар ҳолати бо фоизҳо ифода карда шудани таносуби миқдории ингредиентҳо (аз рӯйи вазн ва ё ҳаҷм) миқдори умумии ингредиентҳои дар мисол нишондодашуда ба 100 % баробар аст).

  1. Барои ихтирое, ки ба штамм дахл дорад, маълумоти номенклатурӣ (феҳраст, номгӯӣ) ва асли баромади штамм, маълумот дар бораи таркиби миқдорӣ ва сифатии муҳитҳои ғизогирӣ, шароити парвариш (ҳарорат, рН, вазнгузаронии хоси 02, равшанӣ ва ғайра), вақти ферментатсия, хусусиятҳои биосинтез, маҳсулоти муфид, баромади маҳсулот, дараҷаи фаъолнокии штамм ва тарзҳои муайян кардани он нишон дода мешаванд. Тарзи ҷудокунӣ ва тоза кардани маҳсулоти ниҳоӣ (барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти нави мақсаднок, масалан, антибиотикҳо, ферментҳо ва ғ.) ошкор карда мешавад.

Барои консортсиумҳои микроорганизмҳо ва ҳуҷайраҳои растаниҳою ҳайвонот маълумоти зерин нишон дода мешавад: усули тафтиш кардани мавҷудияти компонентҳо, усули ҷудокунӣ (селексиионӣ) ва аломатҳое, ки селексия мувофиқи онҳо бурда мешуд, устувории консортсиум дар ҳолати парвариши тӯлонӣ, устуворӣ нисбат ба сирояти микроорганизмҳои бегона.

Имконияти ҳосил кардани штамм ба воситаи тавсифи тарзи ҳосил намудани он, ё пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи ба нигаҳдорӣ гузошта шудани он, ки тибқи қоидаҳои муқарраргардида тартиб дода шудааст, тасдиқ шуда метавонад, дар айни замон санаи ба нигаҳдорӣ гузошта шудан бояд аз санаи аввалияти ихтироъ пештар бошад.

  1. Формулаи ихтироъ барои муайян кардани ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқие, ки бо ҳуҷҷати муҳофизатӣ дода мешавад, хизмат мекунад.

Формулаи ихтироъ бояд пурра ба тавсифнома асос ёбад, яъне ихтироъро ба воситаи мафҳумҳои дар тавсифнома истифодашуда маънидод кунад.

Агар формулаи ихтироъ маҷмӯи аломатҳои асосиеро, ки барои ноил шудан ба натиҷаи техникии арзшуда кифояанд, дар бар гирад, ҳисобида мешавад, ки формулаи ихтироъ моҳияти ихтироъро ифода мекунад.

Аломатҳои ихтироъ дар формулаи ихтироъ ҳамин тавр ифода меёбанд, ки имконияти мушаххасгардонии онҳо таъмин карда шавад, яъне, мутахассис бояд дар асоси сатҳи маълуми техника маънои мафҳумҳоеро, ки ба воситаи онҳо ин аломатҳо тавсиф карда шудаанд, аз формула мушаххасан фаҳмида тавонад.

Тавсифи аломатро дар формулаи ихтироъ бо ишора ба манбаи иттилоот иваз кардан мумкин нест. Бо истинод овардан ба тавсифнома ва ё нақшаҳои ариза иваз карда шудани тавсифи аломат танҳо дар ҳамон ҳолат иҷозат дода мешавад, ки агар бе ин гуна истинод талаботи сархати чоруми банди мазкурро вайрон нанамуда, тавсиф кардани аломат имконнопазир бошад.

Аломати ихтироъро бо мафҳуми умумие, ки (ифодакунандаи таъинот, хосиятҳо ва ғ.) шаклҳои алоҳидаи амалигардонии онро дар бар мегирад, тавсиф намудан мумкин аст, агар хусусиятҳое, ки бо мафҳуми умумӣ фаро гирифта мешаванд, ба даст овардани натиҷаи техникии арзшударо таъмин намоянд.

Аломатро ба шарте дар шакли гуногун ифода кардан мумкин аст, ки агар ин гуна аломат дар ҳамаи шаклҳои дар алтернатива пешниҳодшуда, дар маҷмӯъ бо аломатҳои дигари ихтироъ ба даст оварда шудани ҳамон як натиҷаи техникиро таъмин намояд.

  1. Формула метавонад якзинагӣ ва бисёрзинагӣ буда, мувофиқан як, ё якчанд бандро дар бар гирад.
  2. Формулаи якзинагии ихтироъро барои тавсифи як ихтироъ ба воситаи маҷмӯи аломатҳои асосӣ, ки он дигар инкишоф дода намешавад, ё барои ҳолатҳои алоҳидаи баамалбарорӣ, ё истифодаи ихтироъ аниқтар гардонида намешавад, истифода мебаранд.
  3. Формулаи бисёрзинагии ихтироъро барои тавсифи як ихтироъ бо инкишофдиҳӣ ва ё дақиқкунии аломатҳои он дар ҳолатҳои алоҳидаи баамалбарорӣ, ё истифодаи ихтироъ ва ё барои тавсифи гурӯҳи ихтироот истифода мебаранд.

Формулаи бисёрзинагӣ, ки як ихтироъро тавсиф мекунад, як банди новобаста ва банд (ҳо) – и вобастаи пас аз он ояндаро дорад.

Формулаи бисёрзинагӣ, ки гурӯҳи ихтироотро тавсиф мекунад, якчанд банди новобастаро дорад, ки ҳар кадоми онҳо як ихтирои гурӯҳро тавсиф мекунад. Дар айни замон ҳар як ихтирои гурӯҳ метавонад бо ҷалби бандҳои вобастае, ки тобеи банди дахлдори новобастаанд, тавсиф карда шавад.

Бандҳои формулаи бисёрзинагӣ мувофиқи тартиби маънидод карда шуданашон аз рақами 1 сар карда, пайиҳам бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда мешаванд.

  1. Ҳангоми баён намудани формулае, ки гурӯҳи ихтироотро тавсиф менамояд, қоидаҳои зерин риоя карда мешаванд:

– бандҳои новобастае, ки ихтирооти алоҳидаро тавсиф мекунанд, чун қоида ишораҳоро ба бандҳои дигари формула дар бар намегиранд (ин гуна ишораро танҳо дар он сурат истифода бурдан мумкин аст, ки агар ба воситаи он банди новобастаро бе пурра такрор намудани мазмуни банди дигар баён кардан имконпазир гардад);

– бандҳои вобаста бо банди новобастае, ки тобеи он мебошанд, гурӯҳбандӣ карда мешаванд (аз ҷумла, дар ҳолатҳое, ки барои тавсифи ихтирооти гуногуни гурӯҳ бандҳои вобастаи ҳаммазмун ҷалб карда мешаванд).

– агар шарти ба гурӯҳ муттаҳид намудани ихтироот он бошад, ки яке аз онҳо барои ҳосил намудан, амалӣ гардонидан ва ё истифода намудани дигараш пешбинӣ шудааст, пас дар банди якуми новобастаи формула тавсифи ҳамон ихтирое оварда мешавад, ки ихтирои дигар барои он пешбинӣ шудааст.

  1. Банди формула чун қоида аз қисми маҳдудкунанда ва қисми тафовутӣ иборат аст. Дар қисми маҳдудкунанда он аломатҳои ихтироъ (аз ҷумла, мафҳуми авлодие, ки таъиноти ихтироъро ифода мекунад ва баёни формула аз он оғоз мешавад) ҷой дода мешаванд, ки бо аломатҳои ҳаммонанди наздиктарини ихтироъ яксонанд. Қисми тафовутӣ он аломатҳоеро дар бар мегирад, ки ихтироъро аз ҳаммонандии наздиктарини он фарқ мекунонанд.

Ҳангоми тартиб додани формула ва ба қисмҳои маҳдудкунанда ва тафовутӣ тақсим кардани он пас аз баёни қисми маҳдудкунанда ибораи «бо он фарқ мекунад, ки» ворид карда мешавад, ки бевосита баъд аз он баёни қисми тафовутӣ оғоз мегардад.

  1. Формулаи ихтироъ ба қисмҳои маҳдудкунанда ва тафовутӣ ҷудо карда намешавад, агар он, аз ҷумла, объектҳои зеринро тавсиф намояд:

– пайвастагиҳои кимиёвии инфиродӣ;

– штамми микроорганизм, штамми ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонот;

– аз рӯйи таъиноти нав истифода бурдани сохтор, тарз, модда, штамми пештар маълум;

– ихтирое, ки ҳаммонанд надорад.

Банди формула дар шакли як ҷумла оварда мешавад.

  1. Банди новобастаи формулаи ихтироъ ихтироъро ба воситаи маҷмӯи аломатҳои он, ки ҳаҷми дархостшавандаи ҳифзи ҳуқуқиро муайян менамояд, тавсиф карда, дар шакли таърифи мантиқии объекти ихтироъ баён карда мешавад.

Банди новобастаи формулаи ихтироъ бояд танҳо ба як ихтироъ дахл дошта бошад.

Дар як банди новобаста тавсиф намудани якчанд ихтироъ – вариантҳо (бандҳои 12-13 Қоидаҳои мазкур) дар он сурат мумкин аст, ки агар онҳо танҳо бо аломатҳои дар шакли алтернатива ифодашуда фарқ дошта бошанд.

Агар дар банди новобаста дар шакли гуногун танҳо аломатҳое ифода шуда бошанд, ки аз ҷиҳати функсионалӣ мустақил нестанд (масалан, ягон қисм ё ҷузъи сохтор, амали алоҳидаи тарз, модда, маводи дар тарз истифодашаванда намебошанд), он гоҳ ҳисобида мешавад, ки банди новобаста танҳо ба як ихтироъ дахл дорад.

Агар маҷмӯи аломатҳои дар банди новобастаи формула баёншуда тавсифи ихтироотеро дар бар гирад, ки ба объектҳои гуногун дахл доранд, ё ба воситаҳое дахл доранд, ки ҳар кадомашон таъиноти худро дошта, дар маҷмӯъ таъиноти умумиро ба амал намебароранд, он гоҳ банди новобастаи формула ба сифати банди ба як ихтироъ дахлдошта шинохта намешавад.

  1. Банди вобастаи формулаи ихтироъ инкишоф ва ё дақиқгардонии маҷмӯи аломатҳои дар банди новобаста овардашудаи ихтироъро ба воситаи аломатҳое, ки ихтироъро танҳо дар ҳолатҳои хусусии амалигардонӣ ё истифодаи он тавсиф мекунад, дар бар мегирад.

Банди вобастаи формулаи ихтироъро набояд чунин баён кард, ки дар натиҷаи ивазкунӣ ё хориҷкунии он аломатҳои ихтироъ ба амал ояд, ки тавсифи онҳо дар банди формула, ки банди вобаста тобеи он аст, оварда шудаанд.

Агар банди вобастаи формулаи ихтироъ ҳамин тавр баён шуда бошад, ки ивазкунӣ ва ё хориҷкунии аломатҳои банди новобаста ҷой дошта бошад, наметавон ҳисобид, ки банди мазкури вобаста якҷоя бо банди дахлдори новобаста (яъне, банди новобастае, ки банди вобаста тобеи он аст) як ихтироъро тавсиф менамояд.

Қисми маҳдудкунандаи банди вобастаи формула аз мафҳуми авлодӣ, ки таъиноти ихтироъро мухтасаран (дар муқоиса бо тавсифи дар банди новобаста баёншуда) ифода мекунад ва истинод ба банди новобаста ва ё банд (ҳо)- и вобастае, ки банди мазкури вобаста ба он дахл дорад, иборат аст. Дар ҳолати ба якчанд банди формула тобеъ будани банди вобаста истинодҳо ба онҳо бо истифодаи интихоби яке аз онҳо (алтернативӣ) нишон дода мешаванд.

Агар барои тавсиф кардани ихтироъ дар ҳолати алоҳидаи баамалбарорӣ, ё истифодаи он дар қатори аломатҳои банди вобаста танҳо аломатҳои банди новобаста лозим бошанд, бевосита ба банди новобаста тобеъ будани ин банд истифода мешавад. Агар барои тавсифи зикргардида аломатҳои як ва ё якчанд бандҳои вобастаи формула ҳам лозим бошанд, тобеияти банди додашудаи вобаста ба банди новобаста ба воситаи бандҳои дахлдори вобаста истифода бурда мешавад.

  1. Аломатҳои сохтор дар формула ҳамин тавр баён карда мешаванд, ки сохтор дар ҳолати статикӣ тавсиф карда шавад. Ҳангоми тавсифи элементи конструктивии сохтор ба мутаҳаррикии он, имконияти функсияи муайянро амалигардонидани он (масалан, имконияти боздорӣ, имконияти мустаҳкамкунӣ) ва ғайра ишора кардан мумкин аст.
  2. Дар формулаи ихтирои ба тарз дахлдошта аломатҳо ба тартиби муайяни иҷрои як қатор аломатҳо, аз ҷумла, ба истифодаи амалҳои нав, тартиби нави иҷрои амалҳои маълум, реҷаи нави иҷрои амалҳо, истифодаи маводу олоти муайян барои иҷрои амалҳо ишора мекунанд.

Агар барои тавсифи амал ба сифати аломати тарз феъл истифода бурда шавад, онро дар шакли феъли шахси сеюм ва шумораи ҷамъ (гарм мекунанд, нам мекунанд, метасфонанд ва ғайра) ба кор мебаранд.

  1. Ба формулаи ихтироъ, ки пайвастагиҳои кимиёвии инфиродиро тавсиф менамояд, ном ё ишораи пайвастагӣ дохил карда мешавад. Барои пайвастагии сохтораш муқарраршуда, ба формулаи ихтироъ формулаи сохтории пайвастагӣ дохил карда мешавад. Барои пайвастагии сохтораш муқаррарнашуда ба формулаи ихтироъ хусусиятҳои физикию кимиёвӣ ва дигар хусусиятҳои ин пайвастагӣ, ки имконияти мушаххасгардонии онро медиҳанд, аз ҷумла, тарзи ҳосил намудани он дохил карда мешаванд.
  2. Ба формулае, ки композитсияро тавсиф мекунад, моддаҳои (ингредиентҳои) таркибии он ва аломатҳои миқдории онҳо дохил карда мешаванд.

Агар формулаи тавсифкунандаи композитсия аломатҳои марбут ба таркиби миқдории ингредиентҳоро дар бар гирад, ин бузургиҳо бо воҳидҳои ягонае ифода мешаванд, ки чун қоида бо ду қимате, ки қимати калонтарин ва хурдтарини (ҳудуди болотарин ва поёнтарини) миқдорро муайян мекунанд, ифода карда мешаванд.

Иҷозат дода мешавад, ки миқдори яке аз ингредиентҳо бо як қимат нишон дода шуда, миқдори ингредиентҳои дигар дар шакли фосилаи қиматҳо нисбат ба ҳамон қимат нишон дода шавад (масалан, таркиби ингредиентҳо нисбат ба 100 ҳиссаи массавии ингредиенти асосии композитсия ва ё ба 1л. маҳлул).

Дар таркиби композиция миқдори антибиотикҳо, ферментҳо, анатоксинҳо ва ғайраҳо метавонанд бо як воҳид ва моддаҳои дигари композитсия бо воҳидҳои дигар иншон дода шаванд (масалан, ҳазор воҳид нисбат ба миқдори массавии ингредиентҳои боқимондаи композитсия).

Агар ихтирои ба композитсия дахлдошта, бо ворид кардани ингредиенти иловагӣ тавсиф карда шавад, ба формула пеш аз нишон додани аломати дахлдори тафовутӣ ибораи вожавии «ба таври илова дар бар мегирад» дохил карда мешавад.

Барои композитсияҳое, ки таъиноташон танҳо бо асоси фаъол муайян шуда, ингридиентҳои дигарашон барандаҳои нейтралие мебошанд, ки одатан дар композитсияҳои ҳамин таъинотро дошта истифода мешаванд, иҷозат дода мешавад, ки дар формула танҳо ҳамин асоси фаъол ва миқдори он дар композитсия нишон дода шавад (аз ҷумла, дар шакли «миқдори самаранок»).

Ин гуна композитсияро инчунин ба воситаи нишон додани ингридиентҳои нейтралӣ (дар баробари нишон додани асоси фаъол) дар шакли мафҳуми умумии «иловаи мақсаднок» тавсиф кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат таносуби миқдории асоси фаъол ва иловаи мақсаднок нишон дода мешавад.

Агар ба сифати аломати ихтироъ моддаи маълуми таркибаш мураккаб нишон дода шуда бошад, номи махсуси онро истифода бурдан мумкин аст, вале ҳамзамон бояд таъинот ва хосиятҳои ин модда ва асоси он нишон дода шавад. Дар ин ҳолат дар тавсифномаи ихтироъ манбаи иттилоотие, ки модда дар он тавсиф шудааст, нишон дода мешавад.

  1. Ба формулае, ки штамми микроорганизм, штамми коштаҳои ҳуҷайраҳои растаниҳо ва ҳайвонотро тавсиф мекунад, номи авлодӣ ва намудии объекти биологӣ ба забони лотинӣ, инчунин номи муаллиф (он)-и намуд ва агар штамм ба нигоҳдорӣ супурда шуда бошад, ном ва ё номи мухтасари коллексия, рақами бақайдгирии штамм дар коллексия ва таъиноти штамм дохил карда мешаванд.
  2. Агар объекти ихтироъ аз рӯйи таъиноти нав истифода шудани сохтор, тарз, модда, штамм бошад, сохтори зерини формулаи ихтироъ истифода бурда мешавад: «Истифодаи … (ном ва ё тавсифи сохтор, тарз, модда ва ё штамми маълум оварда мешаванд) ба сифати … (таъиноти нави сохтор, тарз, модда ва ё штамм оварда мешавад)».
  3. Нақшаҳо ва маводи дигар, ки моҳияти ихтироъро маънидод мекунад, метавонанд дар шакли маводи графикӣ (худи нақшаҳо, схемаҳо, расмҳо, ҷадвалҳо, эпюрҳо, остсиллограммаҳо ва ғайра), суратҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо тартиб дода шавад.

Расмҳо дар ҳолате пешниҳод карда мешаванд, ки агар ихтироъро ба воситаи нақшаҳо ва ё схемаҳо шарҳ додан имконнопазир бошад.

Суратҳо ҳамчун илова ба тасвирҳои графикӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, масалан, барои тасвир кардани марҳилаҳои алоҳидаи иҷрои амалиёти ҷарроҳӣ, суратҳоро ба сифати маводи асосии шарҳдиҳанда пешниҳод кардан мумкин аст.

Дар гӯшаи рости болоии ҳар як варақи маводи графикӣ номи ихтироъ оварда мешавад.

  1. Реферат барои иттилоотдиҳӣ дар бораи ихтироъ хизмат мекунад ва дар он баёни мухтасари тавсифномаи ихтироъ, ки бояд маълумоти зеринро дар бар гирад, оварда мешавад: номи ихтироъ, соҳаи техника, ки ихтироъ ба он дахл дорад ва ё соҳаи татбиқи ихтироъ, агар ин аз номи ихтироъ равшан набошад, тавсифи моҳияти ихтироъ ва натиҷаи техникии ҳосилшуда. Моҳияти ихтироъ дар реферат бо роҳи баёни озоди формула, ки дар рафти он тамоми аломатҳои асосии ҳар як банди новобаста асосан боқӣ мемонанд, сурат мегирад.

Ба реферат дар ҳолаҳоти зарурӣ нақша ва ё формулаи кимиёвиро дохил мекунанд. Нақшаи ба реферат дохилшавандаро дар варақи алоҳида бо ҳамон шумораи нусхаҳое, ки матни реферат оварда шудааст, пешниҳод мекунанд.

Реферат метавонад маълумоти иловагӣ, аз ҷумла нишондодро ба мавҷудият ва шумораи бандҳои вобастаи формула, тасвирҳои графикӣ ва ҷадвалҳоро дар бар гирад.

Ҳаҷми тавсияшавандаи матни реферат – то 1000 аломати чопӣ мебошад.

  • 5. Унсурҳои ғайри қобили қабул
  1. Ариза набояд элементҳои зеринро дар бар гирад: ифодаҳо, нақшаҳо, расмҳо, суратҳо ва маводи дигаре, ки хилофи ахлоқу тартиботи ҷамъиятианд; ибораҳои таҳқиромез нисбат ба маҳсулот ва ё равандҳои технологӣ, ҳамчунин нисбат ба аризаҳо ва ё патентҳо (шаҳодатномаҳо)-и шахсони дигар; ифодаҳо ва ё маълумоте, ки тамоман ба ихтироъ дахл надоранд ва ё барои мувофиқ дониста шудани ҳуҷҷатҳо ба талаботи Қоидаҳои мазкур зарур нестанд. Ишораи оддӣ ба норасоиҳои ихтирооти маълум, ки дар боби «Сатҳи техника» оварда шудаанд, унсури ғайри қобили қабул ҳисобида намешавад.
  • 6. Истилоҳот ва ишораҳо
  1. Дар формулаи ихтироъ, тавсифнома ва маводе, ки онро маънидод мекунанд, ҳамчунин дар реферат истилоҳот ва ихтисорҳои стандартӣ ва ҳангоми набудани онҳо – истилоҳот ва ихтисорҳои дар адабиёти илмӣ ва техникӣ маъмулгардида истифода бурда мешаванд.

Ҳангоми истифода намудани истилоҳот ва ишораҳое, ки дар адабиёт камистеъмоланд, маънои онҳо ҳангоми истифодаи аввалинашон дар матн шарҳ дода мешавад.

  1. Ҳамаи ишораҳои шартӣ маънидод карда мешаванд. Дар тавсифнома ва формула ягонагии истилоҳот риоя карда мешавад, яъне дар матни тавсифнома ва формула ҳамон як аломатҳо як хел номида мешаванд. Талаботи ягонагии истилоҳот ҳамчунин ба ченакҳои воҳидҳои физикӣ ва ба ифодаҳои шартии истифодашаванда дахл доранд.
  2. Номи ихтироъ ҳангоми зарурат метавонад рамзҳои алифбои лотинӣ ва рақамҳои арабиро дар бар гирад. Дар номи ихтироъ истифода намудани рамзҳои алифбоҳои дигар ва аломатҳои махсус номумкин аст.
  3. Бузургиҳои физикӣ асосан бо воҳидҳои Низоми ҷории байналхалқии воҳидҳо ифода карда мешаванд.
  • 7. Тартиби додани ҳуҷҷатҳои ариза
  1. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо тавре тартиб дода мешаванд, ки аз онҳо ба миқдори номаҳдуд нусха бардоштан имконпазир бошад.

Танҳо як рӯйи ҳар варақ истифода шуда, навиштаҳо дар он ба тарафи хурди варақ параллел ҷойгир карда мешаванд.

  1. Ҳуҷҷатҳои аризаро дар коғази бадошт, сафед, суфта ва беҷило тартиб медиҳанд.
  2. Ҳар як ҳуҷҷати ариза аз варақи алоҳида сар мешавад. Варақҳо андозаи 210 х 297 мм – ро доранд. Андозаи хурдтарини ҳошияҳои варақҳое, ки тавсифнома, формула ва реферати ихтироъро дарбар мегиранд, бояд чунин бошад, (мм):

– ҳошияи болоӣ – 20 – 30,

– ҳошияи поёнӣ – 15 – 25,

– ҳошияи рост – 15 – 25,

– ҳошияи чап – 25 – 30.

  1. Андозаи суратҳо тавре интихоб карда мешавад, ки аз андозаҳои муқарраршудаи варақҳои ҳуҷҷатҳои ариза калонтар набошад. Суратҳои андозаашон хурд бо риояи талаботи дар боло зикргардида нисбат ба сифат ва андозаи коғаз ба коғаз часпонида мешаванд.
  2. Ҳар як ҳуҷҷати ариза шуморагузории новобастаи варақҳоро дорад, ки он аз шумораи як сар мешавад. Шумораи варақҳо бо рақамҳои арабӣ, аз варақи дуюм сар карда, гузошта мешавад.
  3. Матни ҳуҷҷатҳо бо ҳарфҳои сиёҳ чоп карда мешавад. Матнҳои тавсифнома, формула ва реферат бо фосилаи 1,5 бо баландии на камтар аз 2,1 мм сарҳарфҳо (бе ҷудокунӣ ба сутунҳо) чоп карда мешаванд.

Рамзҳои графикӣ, номҳои аниқи лотинӣ ва ҳарфҳои юнонӣ, формула ё рамзҳои риёзӣ ва кимиёвиро ба тариқи дастӣ бо давот ё туши сиёҳ навиштан мумкин аст. Вале омезиши навишти формулаҳо (ҳам ба тариқи дастӣ, ҳам чопи компютерӣ) иҷозат дода намешавад.

  1. Дар тавсифнома, формулаи ихтироъ ва реферат формулаҳои кимиёвӣ истифода шуда метавонанд.

Формулаҳои сохтории пайвастагиҳои кимиёвӣ чун қоида дар варақи алоҳида (ба монанди маводҳои графикӣ) ҷой дода мешаванд, ҳар яки онҳо алоҳида рақамгузорӣ карда шуда, ҳамзамон ишораҳои истинодӣ шарҳ дода мешаванд.

Ҳангоми навиштани формулаҳои кимиёвии сохторӣ рамзҳои маъмулро истифода намудан ва алоқаҳои байни элементҳою радикалҳоро аниқ нишон додан лозим аст.

Номгӯйи силсилаҳои нуклеотидҳо ва ё аминокислотаҳо, ки дар шакли чопӣ пешниҳод мегардад, бояд мувофиқи стандарти ST.25 СУМЗ тартиб дода шавад.

  1. Дар тавсифнома, формулаи ихтироъ ва реферат метавонанд ифодаҳо (формулаҳо) ва рамзҳои риёзӣ истифода шаванд.

Шакли пешниҳоди ифодаи риёзӣ танзим карда намешавад.

Ҳамаи ифодаҳои ҳуруфии дар формулаҳои риёзӣ истифодашаванда бояд шарҳ дода шаванд. Шарҳи формуларо дар сатр навишта, баъди ҳар як сатр нуқтаю вергул гузоштан лозим аст. Шарҳи ифодаҳои ҳуруфӣ бо талаботе, ки онҳо дар формула пайдо мегарданд, оварда мешавад.

Ифодаҳои риёзии «>», «<», ва ғайра танҳо дар формулаҳои риёзӣ истифода мешаванд, дар матн бошад, онҳоро бо калимаҳо (зиёд, кам, баробар ва ғайра) ифода кардан лозим аст.

Барои ифода кардани фосилаҳои байни бузургиҳои мусбат истифода намудани аломати « » (аз ва то) мумкин аст. Дар ҳолатҳои дигар ин мазмунро бо калимаҳои «аз» ва «то» ифода намудан лозим аст.

Ҳангоми бо фоиз ифода шудани бузургиҳо аломати (%) баъди рақам гузошта мешавад. Агар бузургиҳо якчандто бошанд, пас аломати фоиз пеш аз номбаркунии бузургиҳо гузошта шуда, аз онҳо бо ду нуқта ҷудо карда мешавад.

Дар формулаҳои риёзӣ аз сатр ба сатр гузаронидан танҳо мувофиқи аломат иҷозат дода мешавад.

  1. Тасвирҳои графикӣ (нақшаҳо, схемаҳо, графикҳо, расмҳо ва ғ.) бо хатҳои сиёҳи кӯрнашавандаи ғафсиашон якхела, бе рангуборкунӣ иҷро карда мешаванд.

Масоҳат ва возеҳии тасвир бояд чунин интихоб карда шаванд, ки ҳангоми суратгирии онҳо бо камкунии ченакҳои хаттӣ то андозаи 2/3 ҳиссаи ченаки аслӣ, тамоми ҷузъҳои тасвир возеҳ бошанд.

Дар қавсҳо, доирачаҳо ва нохунакҳо ҷойгир кардани рақамҳо ва ҳарфҳо лозим нест. Баландаи рақамҳо ва ҳарфҳо на зиёда аз 3,2 мм интихоб карда мешавад. Ифодаҳои рақамӣ ва ҳуруфӣ равшан иҷро карда мешаванд. Ғафсии хатҳои онҳо ба ғафсии хатҳои тасвир мувофиқ аст.

Ҳар кадом тасвири графикӣ новобаста аз намудаш ҳамчун нақша бо рақамҳои арабӣ (нақшаи 1, нақшаи 2 ва ғайра) бо қоидаи ягонаи рақамгузорӣ, мувофиқи қоидаи дар матн номбар шуданаш рақамгузорӣ карда мешавад. Агар тавсифнома танҳо бо як нақша маънидод карда шавад, пас он нақша рақамгузорӣ карда намешавад.

Дар як варақ нақшаи якчанд ҷисмро ҷой додан мумкин аст, вале онҳо бояд аз якдигарашон ба таври возеҳ ҷудо карда шуда бошанд.

Агар ҷисмҳои дар ду ва зиёда аз он варақҳо ҷойгирбуда қисмҳои ҷисми ягонаро ифода кунанд, онҳо ҳамин хел ҷойгиронида мешаванд, ки дар натиҷаи пайи ҳам гузоштани варақҳо тасвири пурраи ҷисм ҳосил гардад. Ҷисмҳои алоҳида дар варақ ва ё варақҳо ҳамин хел ҷойгиронида мешаванд, ки варақҳо ҳарчӣ бештар пур шуда бошанд ва тасвир ҳангоми амудӣ ҷойгир будани тарафҳои дарози варақ хонда шавад.

Дар нақша истифода намудани проексияҳои росткунҷа (дар намудҳои гуногун, буришҳо) беҳтар аст, ҳамчунин истифода намудани проексияи аксонометрӣ низ иҷозат дода мешавад.

Буришҳоро бо хатҳои моил ҳамин тавр соя задан лозим аст, ки ишораҳои истинодӣ ва хатҳои асосӣ возеҳ боқӣ монанд.

Дар нақша ба истиснои ҳолатҳое, ки гуногунии таносубҳо барои равшан тасвир намудани элементҳо зарур аст, ҳар кадом элемент мутаносибан ба элементҳои дигар иҷро карда мешавад.

Нақшаҳо мувофиқи қоидаҳои мураттабсозии нақшаҳои техникӣ иҷро карда мешаванд: бе истифодаи ягон хел навиштаҷот, ба истиснои калимаҳое аз қабили «об», «буғ», «кушода», «пӯшида», «А-А» (барои ифода кардани буриш) ва ғайра.

Андозаҳо дар нақша нишон дода намешаванд. Онҳо ҳангоми зарурат дар тавсифнома оварда мешаванд.

Элементҳои дар нақша тасвиршуда бо рақамҳои арабии мувофиқ ба рақамҳои дар тавсифнома истифодашуда рақамгузорӣ карда мешаванд.

Ҳамон як элементи дар якчанд нақша овардашуда бо ҳамон як рақам ифода карда мешавад. Элементҳои гуногуни дар нақшаҳои гуногун тасвиргардида набояд бо рақами якхела рақамгузорӣ карда шаванд. Ишораҳои дар тавсифнома номбарнашуда дар нақшаҳо гузошта намешаванд.

Агар тасвири графикӣ дар шакли схема пешниҳод гардад, ҳангоми иҷро кардани он ишораҳои шартии стандартӣ татбиқ карда мешаванд.

Дар схемаи як намуд тасвир кардани элементҳои алоҳидаи схемаҳои намуди дигар (масалан, дар схемаи барқӣ элементҳои схемаҳои кинематикӣ ва гидравликӣ) мукин аст.

Агар элементҳои тасвирии схема дар шакли росткунҷаҳо дода шуда бошанд, ғайр аз ишораи рақамӣ дар дохили росткунҷа номи элемент ҳам навишта мешавад. Агар андозаҳои тасвири графикӣ имконияти иҷрои ин амалро надиҳанд, номи элементро дар хатти берун аз росткунҷа (ё агар зарур бошад, ҳамчун навиштаи зерирасмӣ) ҷой медиҳанд.

Андозаи сурат ҳамин тавр интихоб карда мешавад, ки он аз андозаи муқарраршудаи варақҳои ҳуҷҷатҳои ариза калонтар набошад. Суратҳои андозааашон хурд ба варақҳои коғаз (бо риояи талаботи нисбат ба андоза ва сифати коғаз муқарраргардида) часпонида мешаванд.

Расм бояд то дараҷае возеҳ бошад, ки барои нусхабардорӣ мувофиқ аст.

Нақшаҳо, схемаҳо, расмҳо дар тавсифнома ва формула оварда намешаванд.

  1. Маълумоти библиографӣ оид ба манбаъҳои иттилоот ҳамин тавр нишон дода мешаванд, ки аз рӯйи он манбаи дахлдори иттилоот пайдо карда шавад.

БОБИ 2. КОРБАРӢ бо идораи патентӢ ДАР МАСЪАЛАИ гирифтани ҲуҶҶати МУҲОФИЗАТӢ

  • 8. Таъин кардани намоянда
  1. Барои пешниҳоди ариза, анҷомдиҳии мукотибаи марбут ба ариза пас аз пешниҳод шудани он ва иҷрои амалҳои дигар бо Идораи патентӣ дар ҷараёни баррасии ариза аризадиҳанда метавонад намояндаи худро ба воситаи додани ваколатнома таъин намояд.
  2. Шахсони воқеие, ки доимо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони патентии онҳо корҳои марбут ба гирифтани патентро ба воситаи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Идораи патентӣ ба қайд гирифташуда анҷом медиҳанд.

Дар ҳолатҳои бо шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда шахсони воқеии доимо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта, ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд мустақилона ариза пешниҳод намоянд, боҷҳои патентиро пардохт намоянд ва амалҳои дигарро мувофиқи шартномаи байналхалқии Ҷумҳуии Тоҷикистон анҷом диҳанд.

  1. Агар аризадиҳанда шахси воқеие бошад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, ё шахси ҳуқуқие бошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, корҳои марбут ба гирифтани патентро бе ҷалби намояндаи патентӣ анҷом додан мумкин аст, ба шарте, ки нишонӣ барои мукотиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
  2. Идораи патентӣ дар бораи таъин кардани намоянда ба воситаи пешниҳоди ваколатнома ё бо ишораи дахлдор дар ариза оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки аз ҷониби аризадиҳанда имзо шудааст хабардор карда мешавад.
  3. Як ваколатнома ба якчанд аризаи ҳамон як аризадиҳанда, аризаҳои пешниҳодшуда, ё дар оянда пешниҳодшаванда дахл дошта метавонад. Дар чунин ҳолат барои яке аз аризаҳо нусхаи аслии ваколатнома ва барои ҳар яке аз аризаҳои боқимонда нусхаҳои ваколатнома пешниҳод мешаванд ва рақами аризае, ки бо он нусхаи асли ваколатнома (нусхаи тасдиқшуда) пешниҳод гардидааст, нишон дода мешавад. Ваколатномаи аз ҷониби шахсони хориҷӣ пешниҳодшуда бояд мувофиқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шавад.
  4. Агар ваколатнома бо забони давлатӣ ё русӣ пешниҳод нашуда бошад, тарҷумаи он ба забони давлатӣ ё русӣ, ки мувофиқи тартиби бо қонунгузорӣ муқарраршуда тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда мешавад.
  5. Дар сурати иҷро нагардидани ақаллан яке аз талаботи зикргардида, ё ба таври зарурӣ тартиб дода нашудани ваколатнома Идораи патентӣ шахси ба сифати намоянда номбаршударо дар бораи зарурати дар давоми ду моҳи пас аз гирифтани огоҳинома бартараф кардани номувофиқатиҳои ошкоргардида огоҳ мекунад.

Агар ваколатномаи мутобиқи қоида тартибдодашуда дар муҳлати зикргардида пешниҳод нагардад, амалҳои шахс нисбат ба ариза беэътибор дониста ва ӯ дар ин бора хабардор карда мешавад.

  • 9. Бурдани мукотиба бо Идораи патентӣ
  1. Мукотибаро аризадиҳанда ва ё намояндаи бо ваколатнома тасдиқшуда аз рӯйи ҳар кадом ариза алоҳида пеш мебарад. Мавод ба Идораи патентӣ бевосита пешниҳод карда мешавад, ё ба воситаи почта фиристода мешавад ва ё дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Маводе, ки баъди додани ариза пешниҳод карда мешавад, бояд рақами ариза ва имзои аризадиҳанда ва ё намояндаи ӯро, ки бо тартиби дар бандҳои 31 ва 32 Қоидаҳои мазкур оварда шудааст, дошта бошад.

Агар мавод бе риояи талаботи муқарраршуда тартиб дода шуда бошад, аризадиҳанда дар ин бора ва оид ба имконияти дар давоми се моҳи баъд аз гирифтани огоҳинома бартараф кардани норасоиҳо хабардор карда мешавад.

Маводи такроран ва дар муҳлати муқарраргардида пешниҳодшуда, ки бо риояи талаботи муқарраршуда тартиб дода шудааст, дар санаи пешниҳоди маводи ибтидоӣ пешниҳодгардида ҳисобида мешавад.

Агар муросилоте, ки вайронкунии талаботи муқарраршударо бартараф менамояд, дар муҳлати зикргардида пешниҳод нашавад, маводе, ки на рақами ариза ва на маълумоти дигари мушаххаскунандаи аризаро надорад, ба аризадиҳанда баргардонида мешавад ва маводе, ки бо вайронкунии талаботи дигар пешниҳод гардидааст, дар рафти баррасии ариза ба эътибор гирифта намешавад.

  1. Маводи дар рафти корбарӣ фиристодашавандаи ариза бо муҳлатҳои дар Қонун муқарраргардида пешниҳод карда мешавад. Агар муҳлат бо ибораи вожавии «дар давоми … аз санаи», «на дертар … аз санаи», «то ба охир расидани … аз санаи» ифода карда шавад, ҳисоби он аз рӯзе, ки пас аз санаи нишондодашуда фаро мерасад, оғоз меёбад. Агар рӯзи охирини муҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи якуме, ки пас аз ин сана фаро мерасад, рӯзи ба охир расидани муҳлат маҳсуб меёбад. Агар ба охир расидани муҳлат ба моҳе рост ояд, ки дар он шумораи дахлдори рӯз набошад, муҳлат дар рӯзи охирини ин моҳ ба охир мерасад.
  2. Агар мукотибаро аз рӯйи ариза намояндаи аризадиҳанда ба амал барорад, муҳлатҳои анҷом додани амалҳо аз ҷониби намоянда аз муҳлатҳое, ки барои аризадиҳанда муқаррар шудаанд, фарқ надоранд, аз ҷумла, дар сурати аз рӯзи муросиларо гирифтани Идораи патентӣ ҳисоб шудани муҳлат муросиларо гирифтани намоянда ҳамчун муросиларо гирифтани аризадиҳанда баррасӣ мешавад.
  3. Коргузорӣ дар Идораи патентӣ бо забони давлатӣ ва ё русӣ пеш бурда мешавад.

Ба маводе, ки аризадиҳанда бо забонҳои дигар пешниҳод мекунад, бояд тарҷумаи он ба забони давлатӣ ё русӣ замима карда шавад. Дар айни замон, барои мақсадҳои муайян намудани риоя гардидани муҳлатҳои муқарраршудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, маводи ба забони дигар пешниҳодшуда дар санаи ба Идораи патентӣ расиданаш пешниҳодгардида ҳисобида мешавад, агар тарҷумаи он дар давоми ду моҳи пас аз санаи расидани он ба забони дигар ба Идораи патентӣ ворид гардида бошад; дар акси ҳол мавод дар санаи ворид гардидани тарҷумаи он пешниҳодгардида ҳисобида мешавад.

То пешниҳод нашудани тарҷума маводе, ки на ба забони давлатӣ ва ё русӣ пешниҳод гардидааст, вориднашуда ҳисоб карда мешавад.

  1. Маводе, ки дар шакли барои хондан мушкил тартиб дода шудааст ва инчунин маводе, ки на аз ҷониби аризадиҳанда ё намояндаи ӯ ба Идораи патентӣ пешниҳод гардидааст, баррасӣ карда намешавад. Ба шахсе, ки ин гуна маводро пешниҳод намудааст, иттилоъномаи дахлдор фиристода мешавад.
  • 10. Дохил намудани тасҳеҳ ва ислоҳот ба маводҳои ариза
  1. Тасҳеҳ ва ислоҳоти ҳуҷҷатҳои ариза ба воситаи пешниҳоди варақҳое сурат мегирад, ки бар ивази ҳуҷҷатҳои ислоҳшаванда пешниҳод карда мешаванд. Варақҳои ивазкунанда барои ҳар як нусхаи ҳуҷҷати дахлдор пешниҳод мегарданд ва бо риояи талаботи бандҳои 86-100 Қоидаҳои мазкур тартиб дода мешаванд.

Агар тасҳеҳу ислоҳот танҳо ба ғалати чопӣ ё ғалатҳо дар маълумоти библиографӣ дахл дошта бошанду ислоҳ кардани онҳо боиси новозеҳ шудани ҳуҷҷат дар натиҷаи нусхабардорӣ нагардад, зарурати ворид намудани тасҳеҳу ислоҳоти дахлдорро бевосита дар дархостнома изҳор намудан мумкин аст. Пешниҳоди варақҳои ивазкунанда дар ин ҳолат зарур нест.

Тасҳеҳу ислоҳоти ариза, ки бо вайрон кардани талаботи дар банди мазкур зикргардида анҷом дода шудаанд, ҳангоми интишор ба назар гирифта намешаванд.

  • 11. Вогузоркунии ҳуқуқ ба гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
  1. Агар баъди пешниҳод шудани ариза шахсе, ки ҳуҷҷати ҳифозатӣ ба номи ӯ дархост мешавад, ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатиро ба шахси дигар вогузор кунад, ба Идораи патентӣ дархост оид ба ворид намудани тағйирот ба ариза дар барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ вобаста ба вогузор кардани ҳуқуқи истисноӣ (гузашт кардани патент) барои гирифтани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба шахси дигар тибқи замимаи 3 ба Қоидаҳои мазкур пешниҳод карда мешавад, ки ишораро оид ба вогузор кардани ҳуқуқи истисноӣ (гузашт кардани патент), розигии шахси дар ариза номбаршуда ва маълумотро дар бораи ӯ, дарбар мегирад.

Дархостро ҳарду шахси номбаршуда имзо мекунанд.

Ба дархост ҳуҷҷате замима карда мешавад, ки пардохти ҳатмиро барои пешниҳоди ариза тасдиқ менамояд.

  • 12. Шиносоӣ бо маводи ариза
  1. Аризадиҳанда (намояндаи вай) бо аризаи пешниҳодкардааш ва маводи марбут ба мукотибаи дахлдори байни ӯ ва Идораи патентӣ ҳам дар Идораи патентӣ (пас аз ба мувофиқа омадан оид ба вақти шиносоӣ) ва ҳам бо роҳи дархост кардани нусхаҳои ариза, маводи номбаршуда ва ё қисмҳои он шинос шуда метавонад.
  • 13. Шиносоӣ бо маводҳое, ки экспертиза дар рафти баррасии ариза нишон додаст
  1. Аризадиҳанда метавонад аз Идораи патентӣ нусхаҳои маводи дар дархост, қарор ва ё ҳисобот дар бораи ҷустуҷӯ зикргардидаро талаб кунад.
  2. Нусхаҳои маводи патентӣ дар давоми ду моҳи баъд аз санаи гирифтани дархости аризадиҳанда равон карда мешаванд.
  3. Аризадиҳанда бо маводи аризаи нашрнашуда, дар ҳамон қисме, ки ишора ба он дар дархост, қарор ва ё ҳисобот дар бораи ҷустуҷӯ оид ба аризаи баррасишаванда мавҷуд аст, бевосита дар Идораи патентӣ шинос шуда метавонад. Нусхаҳои ин гуна мавод ба аризадиҳанда фиристода намешаванд.
  • 14. Баррасии ариза бо иштироки аризадиҳанда
  1. Бо иштироки аризадиҳанда баррасӣ намудани масъалаҳои марбут ба ариза бо таклифи Идораи патентӣ ва ё бо хоҳиши аризадиҳанда баъд аз он ки ҳарду тараф бо ин масъалаҳо шинос карда шуданд, ба амал бароварда мешавад. Саволҳои экспертиза дар дархосте, ки дар он ба таври илова зарурати гузаронидани вохӯрӣ зикр мегардад ва саволҳои аризадиҳанда – дар дархост оид ба гузаронидани вохӯрӣ тибқи замимаҳои 4 ва 5 ба Қоидаҳои мазкур оварда мешаванд.
  2. Дар сурати пешниҳод намудани дархост ҷавоб ба он, новобаста аз нияти иштирок намудани аризадиҳанда дар баррасии ариза, дар муҳлати бо Қонун муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.
  3. Сана ва вақти баррасии ариза пешакӣ мувофиқа карда мешаванд. Дар ҳолати тағйир ёфтани вазъият ҷонибе, ки имконияти иштирок намуданро дар баррасии ариза дар вақти таъиншуда надорад, ҷониби дигарро бе таъхир дар ин бора огоҳ менамояд.
  4. Агар Идораи патентӣ ва ё аризадиҳанда баррасии якҷояи аризаро пеш аз вақт ё бемавқеъ донанд, пешниҳоди Идораи патентӣ ва ё хоҳиши аризадиҳанда бо овардани далелҳои дахлдор рад шуда метавонад.

Ҳангоми бе маслиҳати пешакӣ ба Идораи патентӣ ҳозир шудани аризадиҳанда хоҳиши ӯ дар бораи баррасии якҷояи ариза метавонад рад карда шавад.

  1. Дар баррасии ариза намояндаи аризадиҳанда, ки ба ин кор ваколати аризадиҳандаро дорад, дар сурати риоя шудани муқаррароти бандҳои 15-21 ва 101-112 Қоидаҳои мазкур иштирок карда метавонад.
  2. Шахсе, ки аризадиҳандаи ягона нест, дар вақти набудани аризадиҳандагони дигар дар баррасии ариза танҳо дар сурати мавҷуд будани ваколатнома барои намояндагӣ намудан иштирок карда метавонад.
  3. Баррасии ариза бо иштироки аризадиҳанда дар шакли гуфтушунид ва ё дар маҷлиси машваратии экспертон ба амал бароварда мешавад.

Гуфтушунидҳо дар ҳолате гузаронида мешаванд, ки агар масаъалаҳоро бевосита экспертон ва ё аризадиҳанда ҳал карда тавонанд. Маҷлиси машваратии экспертон вақте гузаронида мешавад, ки агар барои ҳалли масъалаҳо аз тарафи экспертиза як чанд мутахассисон ва ё коршиносон иштирок намуда бошад.

  1. Аз рӯйи натиҷаи гуфтушунидҳо ва ё маҷлиси машваратии экспертон мувофиқи намунаи муқарраршуда дар ду нусха протоколе тартиб дода мешавад, ки маълумотро дар бораи иштирокчиён, далелҳо, пешниҳодҳои тарафҳо ва хулосаҳоро оид ба коргузории минбаъда дарбар мегирад.
  2. Дар протокол метавонад маълумоти зерин оварда шавад:

– таҳрири нави формулаи ихтироъ, ки онро аризадиҳанда (намояндаи вай) пешниҳод кардааст;

– ариза дар бораи бозхонда шудани ариза;

– саволҳои экспертиза, ки шарҳу эзоҳ металабанд ва ғ.

Протоколро ҳамаи иштирокчиёни баррасии ариза имзо мекунанд. Як нусхаи протокол ба маводи ариза замима карда шуда, дигараш ба аризадиҳанда (намояндаи вай) дода мешавад.

  1. Дар ҳолати мавҷуд набудани ягонагии назар ба масъалаҳои муҳокимашаванда дар протокол ақидаҳои махсуси иштирокчиёни баррасӣ қайд шуда метавонанд. Нусхаи ба аризадиҳанда додашудаи протокол, ки хулосаҳои дахлдорро дарбар мегирад, метавонад ба ҷои огоҳинома дар бораи қатъ шудани корбарӣ аз рӯи ариза (дар ҳолати бозхонда шудани ариза) ва ё ба ҷойи дархости экспертиза хизмат намояд (дар ин ҳолат дар протокол қайди дахлдор ҷой дода мешавад).
  2. Протокол метавонад ҷавоби аризадиҳандаро оид ба дархости экспертиза иваз кунад (агар муҳлатҳои муқарраршудаи пешниҳоди ҷавоб риоя шуда бошанд). Дар ин сурат ба протокол қайди дахлдор ворид карда мешавад.
  • 15. Тамдид кардани муҳлати пешниҳоди маводи дархостшаванда
  1. Мувофиқи қисми 7 моддаи 19 Қонун муҳлати пешниҳоди маводи дархостшавандаро дар асоси дархости дахлдор дароз кардан мумкин аст. Ба дархости тибқи замимаи 6 ба Қоидаҳои мазкур ҳуҷҷате замима карда мешавад, ки пардохта шудани пардохти ҳатмии муқарраргардидаро барои дароз кардани муҳлат тасдиқ мекунад. Агар ин гуна ҳуҷҷат пешниҳод нашуда бошад, дархост пешниҳоднашуда маҳсуб меёбад ва аризадиҳанда дар ин бора огоҳ карда мешавад.
  2. Дархост дар бораи дароз кардани муҳлат дар давоми се моҳи баъд аз санаи ба аризадиҳанда равон кардани дархост ва ё санаи фиристода шудани маводи ба ариза муқобилгузошташуда пешниҳод карда мешавад.
  3. Аризадиҳанда дар бораи дароз карда шудани муҳлати пешниҳоди маводи дархостшаванда огоҳ карда мешавад.
  4. Ҳангоми риоя накардани муҳлати пешниҳоди дархости аризадиҳанда оид ба тамдиди муҳлат қонеъ гардонида нашуда, ӯ дар ин бора огоҳ карда мешавад.
  • 16. Барқарор кардани муҳлати гузаронидашуда
  1. Мувофиқи қисми 11 моддаи 20 ва қисми 11 моддаи 21 Қонун муҳлатҳои зерини гузаронидаи аризадиҳанда метавонанд барқарор карда шаванд:

– муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати ислоҳшуда ва ё ҳуҷҷати набуда аз рӯйи дархост дар марҳилаи экспертизаи ариза;

– муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз рӯйи дархост оид ба экспертиза дар марҳилаи экспертизаи моҳиятии ариза;

– муҳлати пешниҳоди эътирознома ба Шӯрои шикоятии Идораи патентӣ ба қарор дар бораи надодани нахустпатент аз рӯйи натиҷаҳои экспертизаи пешакӣ;

– муҳлати ба Шӯрои шикоятӣ пешниҳод намудани эътирознома ба қарор дар бораи надодани патент аз рӯйи натиҷаҳои экспертиза.

Аризадиҳанда дархостро дар бораи барқарор намудани муҳлатҳои гузаронидашудаи дар боло зикргардида, якҷоя бо ҳуҷҷати муҳлати пешниҳодаш гузаронидашуда на дертар аз дувоздаҳ моҳи баъд аз санаи гузаштани муҳлати гузаронидашуда тибқи замимаи 7 ба Қоидаҳои мазкур пешниҳод менамояд ва хамзамон сабабҳои узрноки гузаронида шудани муҳлатро зикр мекунад.

  1. Ба дархост ҳуҷҷатҳое замима карда мешаванд, ки мавҷудияти сабабҳои узрнок ва бо андозаи муқарраршуда пардохта шудани боҷро тасдиқ мекунанд.
  2. Аризадиҳанда дар бораи барқарор карда шудани муҳлати гузаронидашуда огоҳ карда мешавад.
  3. Агар муқаррар карда шавад, ки ақаллан яке аз талаботи дар бандҳои 130-132 Қоидаҳо зикргардида риоя нашудааст, дархост қонеъ гардонида намешавад ва аризадиҳанда дар ин бора огоҳ карда мешавад.
  • 17. Бозхонди ариза
  1. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад аризаро дар муҳлатҳое, ки бо моддаи 22 Қонун пешбинӣ шудаанд, бозхонд намояд. Дархостро дар бораи бозхондани ариза на дертар аз санаи ба қайд гирифта шудани ихтироъ тибқи замимаи 8 ба Қоидаҳои мазкур пешниҳод кардан мумкин аст.

Аризаи бозхондашуда оқибатҳои ҳуқуқӣ надорад, яъне минбаъд аз рӯйи он иҷро кардани ягон амале, ки аҳамияти ҳуқуқӣ дорад, мумкин нест (экспертизаи ингуна ариза гузаронида намешавад, ҳуҷҷати муҳофизатӣ дода намешавад ва ғайра) ва дар оянда ҳуқуқҳои аризадиҳанда ба ин ариза асос ёфта наметавонанд (махсусан, ҳангоми пешниҳод кардани аризаи минбаъда дархост намудани аввалият аз рӯйи санаи ворид шудани аризаи бозхондашуда ва ё санаи ворид шудани маводи иловагӣ ба он мумкин нест), аризаи бозхондашуда нашр карда намешавад ва он дар ҷараёни экспертизаи аризаҳои дигар ба сатҳи техника дохил карда намешавад.

  1. Идораи патентӣ аризадиҳандаро вобаста ба натиҷаҳои баррасии дархост ба воситаи огоҳинома тибқи замимаи 9 ба Қоидаҳои мазкур хабардор менамояд.
  2. Агар дархост баъд аз ба охир расидани муҳлате, ки дар сархати якуми банди мазкур пешбинӣ шудааст, пешниҳод шуда бошад, он баррасӣ карда намешавад.

Хоҳиши аризадиҳанда дар бораи беэътибор донистани дархости вай оид ба бозхонди ариза (бозхонди дархост оид ба бозхонди ариза), ки баъди ба аризадиҳанда фиристода шудани огоҳинома дар бораи ба маълумот гирифта шудани ин дархост ворид шудааст, барои бекор кардани оқибатҳои дар сарсатри дуюми дар боло зикргардида асос шуда наметавонад.

  1. Муқаррароти сархати дуюми банди мазкур ҳамчунин нисбат ба аризаҳое, ки бозхондашуда маҳсуб меёбанд, амал мекунанд.
  • БОБИ 3. БАРРАСИИ ариза Дар ИДОРАИ ПАТЕНТӢ
  • 18. Воридшавии ариза ба Идораи патентӣ
  1. Маводи ба Идораи патентӣ воридшудаи ариза ба воситаи сабти санаи воридшавии он ба қайд гирифта мешавад, агар ин мавод ақаллан дархостро дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (патент ё нахустпатент) ба забони давлатӣ дарбар гирад.

Ба ариза барои гирифтани патент шумораи ҳаштрақамаи бақайдгирии Идораи патентӣ дода мешавад (ду рақами аввал соли пешниҳодшавии ариза ва шаш рақами боқимонда рақами тартибии онро ифода менамоянд).

Ба ариза барои гирифтани нахустпатент шумораи ҳафтрақамаи бақайдгирии Идораи патентӣ дода мешавад (ду рақами аввал соли пешниҳодшавии ариза ва панҷ рақами боқимонда рақами тартибии онро ифода менамоянд).

  1. Дар бораи ворид шудани ҳуҷҷатҳои ариза ва зарурати пешниҳоди маводи нопурра Идораи патентӣ аризадиҳандаро дар давоми даҳ рӯз бо огоҳиномаи махсус, ки дар он қайдҳои Идораи патентӣ (рақами бақайдгирӣ ва санаи воридшавӣ) зикр карда мешаванд,тибқи замимаи 10 ба Қоидаҳои мазкур хабардор менамояд. Муҳлати пешниҳоди маводи камомад мувофиқи қисмҳои 4-5 моддаи 12 Қонун аз санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани маҷмӯи нопурраи маводи ариза сар карда, се моҳро ташкил медиҳад.
  2. Агар маводи нопурра дар муҳлати зикргардида пешниҳод нагардад, ариза пешниҳоднашуда маҳсуб меёбад.
  3. Агар ҳуҷҷатҳои ариза на ба забони давлатӣ ё русӣ пешниҳод шуда бошанд ва дар таркиби ҳуҷҷатҳои ариза дархост оид ба пеш аз муҳлат гузаронидани экспертизаи расмӣ барои гирифтани патент ва ё экспертизаи пешакӣ барои гирифтани нахустпатент мавҷуд бошад, аризадиҳанда огоҳ карда мешавад, ки ин амалҳо то гирифтани тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ба забони давлатӣ ё русӣ гузаронида намешаванд.
  4. Маводи бақайдгирифташудаи ариза баргардонида намешавад.
  5. Санаи пешниҳоди ариза мутобиқи моддаи 14 Қонун аз рӯйи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ҳуҷҷатҳои зерин муқаррар карда мешавад:

– дархости бо забони давлатӣ пешниҳодшуда барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

– тавсифномаи ихтироъ;

– нақшаҳо, агар онҳо дар тавсифнома зикр шуда бошанд.

Агар дар рӯзи воридшавиаш ариза на ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардидаро дарбар гирад, ба сифати санаи пешниҳоди ариза санаи воридшавии ҳуҷҷати дертар расида қабул мегардад ва аризадиҳанда дар ин бора огоҳ карда мешавад.

  1. Дар рафти тафтиши ҳуҷҷатҳои бақайдгирифташудаи ариза мавҷуд будани расиди пардохти ҳатмии андозааш муайян барои пешниҳоди ариза муқаррар карда мешавад. Дар ҳолати набудани чунин ҳуҷҷат ё ҳуҷҷате, ки асосҳоро барои напардохтани пардохти ҳатмӣ ё кам кардани андозаи он тасдиқ менамоянд, аризадиҳанда оид ба зарурати дар давоми ду моҳи баъд аз санаи воридшавии маводи ариза пешниҳод намудани ҳуҷҷат (ҳо) – и норасо ё муайян намудани объект (ҳо) – е, ки оид ба онҳо бояд экспертиза гузаронида шавад (агар то санаи воридшавии маводи ариза пардохти ҳатмӣ на барои ҳамаи объектҳо пардохта шуда бошад), огоҳ карда мешавад.
  2. Аризадиҳанда ҳамчунин огоҳ карда мешавад, ки ҳангоми дар муҳлати зикргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷат (ҳо) маводи ариза, агар он ба як ихтироъ дахл дошта бошад, пешниҳоднашуда маҳсуб меёбад, аз рӯйи ариза ба гурӯҳи ихтироот бошад, мувофиқи пардохти ҳатмии супоридашуда экспертиза нисбат ба ихтирооте гузаронида мешавад, ки худи аризадиҳанда интихоб кардааст (агар аризадиҳанда оид ба интихоби худ дар муҳлати муқарраршуда огоҳ намояд), ё нисбат ба ихтирооте сурат мегирад, ки онҳо дар формула аввалин шуда омадаанд.
  3. Агар андозаи пардохти ҳатмӣ супоридашуда аз андозаи пардохти ҳатмие, ки барои як ихтироъ муқаррар шудааст, камтар бошад, маводи ариза ба гурӯҳи ихтироот низ пешниҳоднашуда маҳсуб меёбад.

Агар ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷат (ҳо) – и дар боло зикргардида маводи ариза дархостро дар бораи пеш аз муҳлат оғоз намудани экспертизаи расмӣ ва ё экспертизаи пешакӣ дарбар гирад, аризадиҳанда инчунин дар бораи он огоҳ карда мешавад, ки ин дархости ӯ баъд аз гирифтани ҳуҷҷат (ҳо) – и зикргардидаи марбут ба пардохти ҳатмӣ қонеъ гардонида мешавад.

Огоҳиномаи марбут ба пардохти боҷро ба аризадиҳанда ҳамзамон бо огоҳинома дар бораи ба қайд гирифта шудани маводи ариза фиристодан мумкин аст.

  1. Маълумот дар бораи ариза аз лаҳзаи ба Идораи патентӣ ворид шудани он то лаҳзаи интишор махфӣ ба ҳисоб меравад ва набояд ба тариқи ғайриқонунӣ ифшо карда шавад.
  • 19. Экспертизаи расмии ариза
  1. Мутобиқи моддаи 13 Қонун аризадиҳанда дар муддати се моҳи пас аз санаи пешниҳоди ариза ҳуқуқ дорад ба маводи ариза моҳияти ихтирои арзшударо тағйир надода, бе пардохти ҳатмӣ ва пардохти корбарӣ ислоҳ ва тасҳеҳот дохил кунад.
  2. Агар талаботи бандҳои 15 ва 22 Қоидаҳои мазкур риоя шуда бошанд, экспертизаи расмии ариза баъд аз гузаштани се моҳ аз санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани он гузаронида мешавад.
  3. Аз рӯйи дархости хаттии аризадиҳанда тибқи замимаи 11 ба Қоидаҳои мазкур ва дар сурати риояи талаботи зикргардида экспертизаи расмии аризаро то ба охир расидани муҳлати семоҳа оғоз намудан мумкин аст.
  4. Ҳангоми ворид шудани хоҳиши аризадиҳанда дар бораи пешниҳоднагашта дониста шудани дархост (бозхонди дархост оид ба пеш аз муҳлат оғоз намудани экспертизаи расмӣ) ҳуқуқи аризадиҳанда дар бораи бе пардохти ҳатмӣ бо ташаббуси худаш ворид намудани тасҳеҳ ва ислоҳот ба маводи ариза, ки онро моддаи 13 Қонун пешбинӣ намудааст, барқарор карда намешавад.
  5. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи расмии ариза нуқтаҳои зерин санҷида мешаванд:

– мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки бояд дар таркиби ариза бошанд ва ё ба он замима карда шаванд (бандҳои 14-21 Қоидаҳои мазкур);

– риояи талаботи муқарраршуда нисбат ба ҳуҷҷатҳои ариза (бандҳои 23 -100 Қоидаҳои мазкур), ки бе таҳлили моҳияти ихтироъ ошкор карда мешавад;

– риояи тартиби пешниҳоди ариза дар ҳолатҳое, ки қисми чоруми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз ҷумла тафтиши мавҷудият ва дурустии тартибдиҳии ваколатномае, ки ваколатҳои намояндаи патентиро тасдиқ менамояд;

– оё ихтироъ ба маҷмӯи ихтирооте, ки давлат онҳоро махфӣ шинохтааст, дахл дорад;

– оё ихтироъ ба маҷмӯи объектҳое дохил мегардад, ки ба онҳо ҳифзи ҳуқуқӣ дода мешавад (бандҳои 4, 10 ва 11 Қоидаҳои мазкур);

– риоя шудани талаботи ягонагии ихтироъ (банди 13 Қоидаҳои мазкур);

– оё маводи иловагӣ, агар он пешниҳод шуда бошад, моҳияти ихтирои арзшударо тағйир медиҳад ва оё тартиби муқарраршудаи пешниҳоди маводи иловагӣ риоя шудааст (бандҳои 280-289 Қоидаҳои мазкур);

– дурустии таснифи ихтироъ, ки аз ҷониби аризадиҳанда анҷом дода шудааст (агар аризадиҳанда ихтироъро мувофиқи ТБП синфбандӣ накарда бошад, ин амалро экспертизагар ба анҷом мерасонад).

  1. Агар дар рафти экспертизаи расмии ариза муқаррар карда шавад, ки ариза бо вайрон кардани талабот ба ҳуҷҷатҳои он тартиб дода шудааст, ба аризадиҳанда дархост тибқи замимаи 12 ба Қоидаҳои мазкур фиристода мешавад. Дар дархост норасогиҳои ошкоршуда зикр гардида, пешниҳод карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои набуда ва ё ислоҳшуда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани дархост фиристода шаванд.
  2. Асосҳо барои фиристодани дархост:

– дар таркиби ариза мавҷуд набудани ақаллан яке аз ҳуҷҷатҳои бо банди 14 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда (ба истиснои дархост дар бораи додани патент);

– набудани ваколатнома барои намояндагӣ кардан ва ё риоя нашудани талабот нисбат ба тартибдиҳии ваколатнома, агар ариза ба воситаи намояндаи патентӣ ё дигар намоянда пешниҳод шуда бошад;

– ба миқдори камтар аз меъёри муқарраршуда пешниҳод намудани нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ариза;

– аризаро на ба воситаи намояндаи патентии дар Идораи патентӣ бақайдгирифташуда пешниҳод намудани шахсони воқеии берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ва ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, агар созишномаи байналмилалӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тартибро дар назар надошта бошад;

– дар ариза дар бораи додани патент набудани мусодираҳо (реквизитҳо), имзоҳо, муҳр (агар он зарур бошад), ки онҳоро Қоидаҳои мазкур дар назар доштаанд;

– зарурати аниқ кардани масаъалаҳое, ки бо пардохти дурусти боҷҳо алоқаманданд;

– дар тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо ошкор намудани норасоиҳое, ки нусхабардорӣ, интишор, нигаҳдории онҳоро халалдор менамоянд ва ё бо онҳо шинос шудани шахсони манфиатдорро имконнопазир мегардонанд (вайрон кардани талабот нисбат ба андозаҳои варақҳо, андозаҳои ҳошияҳои варақҳо ва ғайра, сифати чоп, ки хондани ҳуҷҷатҳои аризаро мушкил мекунад ва ғайра);

– дар тавсифномаи ихтироъ набудани бобҳои сохторие, ки Қоидаҳои мазкур пешбинӣ намудаанд (агар маълумоте, ки бояд дар боби дахлдор оварда шавад, дар боби дигар ҷой дода шуда бошад, дархост фиристода намешавад), ҳамчунин дар тавсифнома ва ё формулаи ихтироъ иваз намудани тавсифномаи аломат бо истинод ба манбаи иттилоотие, ки дар он аломат ин аломат шарҳ дода шудааст;

– дар ариза мавҷуд будани истинод ба манбаъҳое, ки дастраси умум нестанд ва ё мавҷуд будани ишора ба номумкинии нашри ин ё он маълумоти дар ариза ҷойдошта (ба истиснои ишора ба номумкинии нашри маълумот дар бораи муаллифоне, ки хоҳиш доранд ҳангоми нашри маълумот дар бораи ариза ва ё патент ба сифати муаллиф зикр нагарданд);

– вайрон карда шудани муқарраротҳои бандҳои 74-75 Қоидаҳои мазкур оид ба он, ки банди формула бояд дар шакли як ҷумла тартиб дода шавад;

– дар формулаи ихтироъ набудани ишора ба объекти ихтироъ, ки барои он ҳифзи ҳуқуқӣ дархост карда мешавад;

– дар формулаи ихтироъ бар ивази аломатҳои объекте, ки намуди дахлдорро дорад, овардани танҳо маълумот дар бораи хусусиятҳои эксплуататсионию истеъмолии он ва натиҷаю падидаҳое, ки ҳангоми амалӣ намудан ва ё истифодаи он ҷой доранд;

– дар бандҳои вобастаи формулаи бисёрзинагии ихтироъ мавҷуд будани аломатҳое, ки дар баъзе аз шаклҳои иҷро ё истифодаи ихтироъ боиси хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ ё ахлоқӣ гардидани ихтироъ мешаванд;

– вайрон карда шудани муқаррароти бандҳои 75-76 Қоидаҳои мазкур, ки мувофиқи он банди новобастаи формула бояд танҳо ба як ихтироъ дахл дошта бошад;

– дар формулаи ихтироъ мавҷуд будани банди вобастае, ки он хориҷ ва ё иваз намудани аломат (ҳо) – и ихтироъро, ки тавсифаш (он) дар ҳамон банди формула, ки банди вобаста дар тобеияти он аст, дода шудааст, талаб менамояд;

– дар тавсифномаи ихтироъ ва ё формулаи ихтироъ истифода намудани истилоҳоти ғайримаъмул, ки ба гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ монеъ мешавад;

– бо ҳам мувофиқ наомадани ҳуҷҷатҳои ариза (номи ихтирои дар ариза овардашуда ба номи дар тавсифнома овардашуда мувофиқат намекунад, дар тавсифномаи ихтироъ аломатҳои дар формулаи ихтироъ зикргардиданома нестанд, нақшаҳо ба тавсифномаи ихтироъ мувофиқат намекунанд ва ғайра);

– вайрон карда шудани муқаррароти банди 85 Қоидаҳои мазкур нисбат ба реферат;

– мавҷуд будани вайронкуниҳои дигари Қоидаҳои мазкур нисбат ба тавсифнома ва формулаи ихтироъ, ки бе таҳлил кардани моҳияти ихтирои арзшуда (гурӯҳи ихтироот) муқаррар карда мешавад.

  1. Дар дархост ба аризадиҳанда таклиф кардан мумкин аст, ки тавсифнома ва формулаи саҳеҳшудаи марбут ба як ихтироъро ё марбут ба гурӯҳи ихтироотро, ки ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил медиҳанд, пешниҳод намояд. Ҳамзамон, дар ҳолати дар сархатҳои 14-15 банди 159 Қоидаҳои мазкур зикргардида, вақте ки формулаи саҳеҳшуда метавонад бандҳои новобастаро барои ихтирооте дарбар гирад, ки дар формулаи қаблӣ пешниҳод шуда, вале ба бандҳои алоҳида ҷудо нашуда буданд, дар дархост ба зарурати пардохтани иловагии пардохти ҳатмӣ ишора карда мешавад.
  2. Агар андозаи пардохти ҳатмӣ барои пешниҳоди ариза пардохтшуда аз андозае, ки барои миқдори бандҳои формула муқаррар шудааст, камтар бошад, дар дархост ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки мувофиқати андозаи пардохти ҳатмӣ ва миқдори бандҳои формуларо бо роҳи ислоҳкунии дахлдори формула ва ё пардохтани иловагии пардохти ҳатмӣ таъмин намояд.
  3. Дархости маводи норасо ва ислоҳшударо ба аризадиҳанда чанд маротибае, ки барои бартараф кардани норасогиҳои ариза ва ҳуҷҷатҳои он зарур бошад, фиристодан мумкин аст.

Ҳуҷҷати ислоҳнамудаи аризадиҳанда, ки дар баробари ислоҳоти мувофиқи дархост воридшуда, ҳамчунин ислоҳоти бо ташаббуси аризадиҳанда воридшударо дарбар мегирад, бо риояи шартҳои бандҳои 280-189 Қоидаҳои мазкур пешниҳод карда мешавад.

  1. Агар аризадиҳанда маводи дархостшаванда ё дархостро дар бораи дароз кардани муҳлати пешниҳоди мавод бо риояи талаботи банди 131 Қоидаҳои мазкур пешниҳод накунад, ариза бозхондшуда маҳсуб гардида, аризадиҳанда дар ин бора тибқи замимаи 13 ба Қоидаҳои мазкур хабардор карда мешавад.
  2. Коргузорӣ аз рӯйи ариза қатъ карда мешавад. Маводи ариза ба бойгонии Идораи патентӣ супорида мешавад.
  3. Идораи патентӣ бо мақсади ба ин ё он соҳаи техника нисбат додани мавзӯи ариза таснифи ихтирооти арзшударо мувофиқи ТБП ба амал мебарорад.
  4. Таснифи ихтирооти арзшуда дар чунин ҳолатҳо ба амал бароварда мешавад:

– ҳангоми гузаронидани экспертизаи расмии ариза;

– ҳангоми гузаронидани экспертизаи пешакии ариза;

– ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯи иттилоотӣ ва ё экспертизаи моҳиятии ариза.

  1. Тасниф мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Муқаддимаи ТБП (бандҳои 72 – 86) гузаронида мешавад.
  2. Ҳангоми тасниф формулаи ихтирои арзшуда барои интихоб намудани индекси тасниф асос мебошад. Барои дарки амиқтари моҳияти ихтироъ тавсифнома ва нақшаҳо ҷалб карда мешаванд. Агар ариза якчанд объектеро фаро гирад, ки ба сарлавҳаҳои гуногуни ТБП дохил мешаванд, ҳамаи индексҳои дахлдори тасниф муқаррар карда мешаванд. Дар ин ҳолат интихоби индекси якумро номи ихтироъ муайян мекунад.

Индексҳои тасниф, ки дар зинаи марҳилаи расмӣ муқаррар карда шудаанд, метавонанд дар рафти гузаронидани экспертизаи пешакӣ ва экспертизаи моҳиятии ариза тағйир дода шаванд.

  1. Агар дар натиҷаи баррасии расмии ариза (бе таҳлили моҳияти ихтирооти арзшуда) муқаррар гардад, ки ариза бо вайрон кардани талаботи ягонагии ихтироъ (банди 13 Қоидаҳои мазкур) пешниҳод шудааст, дар ин бора ба аризадиҳанда огоҳинома фиристода шуда, таклиф карда мешавад, ки дар давоми ду моҳи баъд аз санаи гирифтани огоҳинома хабар диҳад, ки кадоме аз ихтироот бояд баррасӣ шавад ва агар зарур бошад, ба маводи ариза тасҳеҳоти дахлдорро ворид кунад.
  2. Экспертизаи риояи талаботи ягонагии ихтироъ нисбат ба формулаи ибтидоии ихтироъ, агар он аз якчанд банди новобаста иборат бошад, гузаронида мешавад. Агар аризадиҳанда формулаи тағйирдодашударо мувофиқи Қоидаҳои муқарраршуда пешниҳод намуда бошад, риояи талаботи ягонагии ихтироъ нисбат ба формулаи охирини пешниҳодкардаи аризадиҳанда, агар он низ якчанд банди новобастаро дошта бошад, санҷида мешавад.
  3. Агар аризадиҳанда дар муҳлати муқарраршуда хабар надиҳад, ки кадоме аз ихтирооти арзшуда (ё гурӯҳи ихтирооте, ки талаботи ягонагии ихтироро қонеъ мегардонанд, агар чунин гурӯҳ дар номӯи ихтирооти арзшуда мавҷуд бошад) бояд баррасӣ шавад ва ҳуҷҷатҳои тасҳеҳшударо пешниҳод накунад, экспертиза танҳо нисбат ба он ихтирое гузаронида мешавад, ки дар формула аввалин шуда омадааст (ё он ихтирооти арзшуда, ки дар формула аввалин шуда омадаанд ва гуруҳи ихтирооти ҷавобгӯи талаботи ягонагии ихтироъро ташкил медиҳанд).
  4. Агар маводи иловагӣ умуман ва ё қисман моҳияти ихтирои арзшударо тағйир диҳад ва ё бе риояи шартҳои пешбининамудаи бандҳои 294-303 Қоидаҳои мазкур пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар бораи он огоҳонида мешавад, ки ин мавод дар рафти гузаронидани экспертиза умуман ва ё экспертизаи қисми дахлдор ба эътибор гирифта намешавад.
  5. Агар маводи иловагие, ки ҳуҷҷатҳои аризаро ислоҳ ё саҳеҳ менамоянд, бо вайронкунии муқаррароти банди 114 Қоидаҳои мазкур пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар ин бора ва дар бораи оқибатҳои риоя накардани талаботи зикргардида, ки дар сархати 3 банди 114 Қоидаҳои мазкур оварда шудаанд, хабардор карда мешавад.

Агар дар маводи ариза инчунин дигар вайронкуниҳои талаботи Қоидаҳои мазкур, ки асоси дархост буда метавонанд, ҷой дошта бошанд, дар дархост ба чунин вайронкуниҳо низ ишора карда мешавад.

  1. Агар ихтирои арзшуда дар рафти экспертизаи расмии ариза мувофиқи Қоидаҳои муқарраршуда махфӣ дониста шавад, аризадиҳанда огоҳ карда мешавад, ки тибқи қисми 3 моддаи 5 Қонун додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба ихтироъ имконнопазир аст.
  2. Агар дар натиҷаи экспертизаи расмии ариза муқаррар гардад, ки ариза ба пешниҳоди патентпазир шинохтнашаванда нисбат дорад, ба аризадиҳанда қарор дар бораи рад шудани додани патент фиристода шуда, ҳамзамон хабар дода мешавад, ки дар сурати норозигии аризадиҳанда бо далелҳои овардашуда ӯ ҳуқуқ дорад ба Шӯрои шикоятии Идораи патентӣ дар давоми як моҳи пас аз гирифтани қарор эътирознома пешниҳод намояд (қисми 10 моддаи 19 Қонун).
  3. Агар ихтироъ дар формулаи бисёрзинагӣ тавсиф шуда бошад, экспертиза нисбат ба ҳар як банди формула гузаронида мешавад. Ба пешниҳоди арзшуда ҳифзи ҳуқуқӣ дода намешавад, агар он дар маҷмӯъ ва он шакле, ки дар банди новобастаи формула шарҳ дода шудааст, ба номгӯйи пешниҳодоте дохил гардад, ки дар банди 10 Қоидаҳои мазкур оварда шудаанд. Дар ин ҳолат ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад ва дар он далелҳое, ки барои рад гардидани додани патент асос шуда метавонанд ва истинод ба манбаъҳои дахлдори иттилоотӣ (агар он зарур бошад) оварда мешаванд.

Ҳамзамон пешниҳод мешавад, ки аризадиҳанда ё далелҳои овардашударо рад кунад ва ё формулаи ихтироъро тасҳеҳ дода, аз он банди дахлдорро хориҷ намояд.

  1. Агар аризадиҳанда дар ҷавоби худ далелҳои экспертизаро рад накарда ва ба формулаи ихтироъ тағйироти дар дархост пешниҳодшударо ворид нанамуда бошад, оид ба рад гардидани додани патент қарор қабул карда мешавад.
  2. Агар ариза ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро дар бар гирад, тартиби нисбат ба онҳо муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур риоя шуда бошанд ва ҳалли техникии арзшуда ба номгӯйи пешниҳодоте, ки ба онҳо ҳифзи ҳуқуқӣ дода намешавад, дохил нагардад, аризадиҳанда дар бораи натиҷаи мусбати экспертизаи расмии ариза тибқи замимаи 14 ба Қоидаҳои мазкур хабардор карда мешавад.

Агар дар ариза аввалияти пештар аз санаи воридшавии ариза ба Идораи патентӣ дархост нашуда бошад, аризадиҳанда инчунин дар бораи аввалияти ихтироъ хабардор карда мешавад.

Аввалияти ихтироъ аз рӯйи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани аризае муқаррар карда мешавад, ки ба таркиби он дархост дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, тавсифнома, формула ва нақшаҳо (агар дар тавсифнома ба онҳо истинод оварда шуда бошад) дохил мешаванд (моддаи 14 Қонун).

  • 20. Экспертизаи моҳиятии ариза
  1. Ҳангоми экспертизаи моҳиятии ариза амалҳои зерин анҷом дода мешаванд:

– тафтиши иловагии риоя гардидани талаботе, ки дар банди 157 Қоидаҳои мазкур оварда шудаанд;

– муқаррар кардани аввалияти ихтироъ, агар он мувофиқи моддаҳои 17-18 Қонун дархост карда шавад;

– тафтиши формулаи пешниҳодшудаи ихтироъ мувофиқи бандҳои 202-218 Қоидаҳои мазкур;

– тафтиши маводи иловагӣ мувофиқи бандҳои 280-289 Қоидаҳои мазкур, агар аризадиҳанда ингуна маводро пешниҳод карда бошад;

– тафтиши ба шартҳои патентпазирӣ мувофиқ будани ихтирои арзшуда, ки он дар формулаи аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳодшудаи маводи аввалаи ариза ё маводи иловагии ба эътибор қабулшуда шарҳ дода шудааст.

  1. Мувофиқи қисми 1 моддаи 20 Қонун экспертизаи моҳиятии ариза аз рӯйи дархости хаттии аризадиҳанда ва ё шахсони сеюм тибқи замимаи 15 ба Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад.

Якҷоя бо дархост ҳуҷҷате пешниҳод карда мешавад, ки супурда шудани пардохти корбариро барои гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза тасдиқ мекунад. Андозаи пардохти корбарӣ вобаста ба шумораи бандҳои новобастаи формулаи ихтироъ дар таҳрири охирине, ки аризадиҳанда онро то пешниҳод кардани дархост ва ё якҷоя бо он мувофиқи Қоидаҳои муқарраршуда пешниҳод намудааст, муайян карда мешавад. Дар ҳолати якҷоя бо дархост пешниҳод накардани ҳуҷҷати номбаршуда аризадиҳанда дар бораи он огоҳ карда мешавад, ки дархост пешниҳоднашуда маҳсуб мегардад.

Агар аризадиҳанда ҳуқуқ дошта бошад, ки пардохти корбариро барои гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза ба андозаи камтар аз андозаи муқарраршуда пардозад ё пардохти онро ба таъхир андозад ва ё аз супурдани он озод карда шавад, ҳуҷҷате, ки мавҷудияти асосҳоро барои ба таъхир андохтани пардохт, озод кардан аз пардохт ё кам кардани андозаи он тасдиқ менамояд, якҷоя бо дархост пешниҳод карда мешавад.

Агар аризадиҳанда ҳангоми пешниҳоди дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ пардохти корбариро ба андозаи камтар аз андозаи муқарраршуда пардохта бошад, ӯ огоҳонида мешавад, ки дар муддати ду моҳи баъд аз санаи гирифтани огоҳинома бояд ҳаҷми пардохт ба андозаи муқарраршудаи он мувофиқ карда шавад ё ба формулаи ихтироъ тағйирот ворид карда шавад, агар мувофиқати зикргардида бо ин роҳ таъмин шуда тавонад.

Дар сурати пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои дар огоҳинома номбаршуда дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ қонеъ гардонида намешавад, коргузорӣ аз рӯи дархост қатъ карда мешавад. Аризадиҳанда дар ин бора, ҳамчунин дар бораи он огоҳонида мешавад, ки ҳуқуқи вай ба пешниҳоди дархост оид ба гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза то гузаштани се сол ва агар ариза барои додани нахустпатент пешниҳод шуда бошад – то гузаштани панҷ сол аз санаи пешниҳоди ариза боқӣ мемонад.

Агар дархост оид ба гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза аз ҷониби шахси сеюм пешниҳод шуда, андозаи пардохти корбарии пардохтшуда аз андозаи муқарраршудаи он камтар бошад, дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ қонеъ гардонида намешавад ва дархостдиҳанда дар ин бора хабардор карда мешавад.

  1. Дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза дар давоми се соли баъд аз санаи пешниҳоди ариза барои гирифтани патент ё дар давоми муҳлати амали нахстпатент пешниҳод шуда метавонад.

Муҳлати зикргардида дароз ва барқарор карда намешавад.

Агар дархост дар муддати се сол пешниҳод карда нашавад, ариза барои ихтироъ, ки аз рӯйи он нахустпатент дархост нашудааст, бозхондшуда ба ҳисоб рафта, дар ин бора аризадиҳанда огоҳонида мешавад.

  1. Идораи патентӣ ҳангоми ворид шудани дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ пешниҳодкунандаи онро дар бораи натиҷаҳои баррасии дархост огоҳ мекунад. Агар дархостро шахси сеюм пешниҳод кунад, дар ин бора ҳамчунин аризадиҳанда ҳам огоҳ карда мешавад.

Агар дархостҳо аз номи якчанд нафар шахсон ворид шуда бошанд, дархосте, ки санаи воридшавиаш дертар аст, пешниҳоднашуда маҳсуб меёбад ва дархостдиҳанда дар ин бора огоҳонида мешавад.

  1. Агар дархост оид ба гузаронидани экспертизаи моҳиятӣ ба аризае дахл дошта бошад, ки пештар бозхонд шуда буд, ё бозхондшуда ба ҳисоб меравад, экспертизаи моҳиятӣ гузаронида намешавад.
  2. Дар сурати то анҷоми экспертизаи расмӣ пешниҳод шудани дархост экспертизаи моҳиятии ариза баъд аз ба аризадиҳанда фиристода шудани огоҳинома дар бораи натиҷаи мусбати экспертизаи расмии ариза оғоз меёбад.

Агар дар давраи гузаронидани экспертизаи расмӣ ариза бозхонда шавад, бозхондшуда ба ҳисоб равад ва ё агар дар натиҷаи экспертизаи расмӣ қарор дар бораи рад шудани додани патент қабул шуда бошад, дархостдиҳанда дар бораи имконнопазир будани экспертизаи моҳиятии ариза огоҳонида мешавад.

  1. Шахсе, ки аризадиҳанда набуда, оид ба гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза дархост пешниҳод кардааст, дар баррасии ариза иштирок намекунад. Мукотиба аз рӯйи ариза мувофиқи нишонии зикрнамудаи аризадиҳанда бурда мешавад. Ба шахсе, ки дархост пешниҳод намудааст, нусхаи қарори аз рӯйи натиҷаи баррасии ариза қабулшуда равон карда мешавад.

Агар то лаҳзаи қабули қарор ариза ҳанӯз интишор нашуда бошад, ба дархостдиҳанда танҳо оид ба чӣ гуна будани қарор хабар дода, нусхаи ин қарор баъд аз нашри маълумот дар бораи ариза равон карда мешавад.

Агар то ба анҷом расидани баррасии ариза аризадиҳанда аризаро боз хонад ва ё он бозхондшуда ба ҳисоб равад, коргузорӣ аз рӯйи ариза қатъ мегардад ва шахсе, ки оид ба гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза дархост додааст, дар ин бора огоҳ карда мешавад.

  1. Ҳангоми аз шахси сеюм ворид шудани дархост оид ба гузаронидани экспертизаи моҳиятии аризаи шахси воқеие, ки намояндаи патентиро таъин накардааст, огоҳинома дар бораи ворид шудани дархости шахси сеюм ба он аризадиҳанда ба воситаи почта бо Қоидае, ки тасдиқи супорида шудани огоҳиномаро дар назар дорад, фиристода мешавад. Агар тасдиқномаи почта дар бораи ба аризадиҳанда супорида шудани огоҳинома ба Идораи патентӣ наояд, мактуби навбатии Идораи патентӣ ба аризадиҳанда низ ба ҳамин тартиб, ки он то гирифтани тасдиқнома боқӣ мемонад, фиристода мешавад.
  2. Агар шахсе, ки оид ба гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза дархост додааст, то сар шудани ин экспертиза хоҳиш кунад, ки дархости вай пешниҳоднагардида ҳисобида шавад (бозхондани дархост дар бораи гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза), дархост пешниҳоднашуда ба ҳисоб меравад, пардохти корбарӣ барои гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза пардохташуда метавонад баргардонида шавад ва ё мувофиқи Қоидаҳои муқарраршуда ба ҳисоб гирифта шавад. Агар дархост оид ба гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза пас аз оғози ин экспертиза бозхонда шавад, экспертизаи моҳиятӣ қать намегардад ва пардохти корбарӣ баргардонида намешавад.
  3. Агар аризадиҳанда барои ихтироъ аввалиятеро дархост намояд, ки аз санаи воридшавии ариза ба Идораи патентӣ пештар аст, риояи талаботи қисмҳои 2-4 ва 6 моддаи 17 ва моддаи 18 Қонун муқаррар карда мешавад.
  4. Ҳангоми мувофиқи қисми якуми моддаи 18 Қонун дархост шудани аввалияти конвенсионӣ иҷрои шартҳои зерин санҷида мешавад:

– мавҷуд будани нусхаи аризаи якум, ки онро аризадиҳанда дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж пешниҳод намудааст. Агар нусхаи зикргардида баъд аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ ворид шуда бошад – риоя шудани муҳлати семоҳа (аз санаи зикргардида), ки дар давоми он нусхаи аризаи якум бояд пешниҳод мешуд, санҷида мешавад (агар аризаҳои якум якчандто бошанд, шартҳои зикргардида бояд нисбат ба нусхаҳои ҳар як ариза риоя шаванд);

– риоя шудани муҳлати 12-моҳа (аз санаи пешниҳоди аризаи якум), ки дар давоми он ариза бо дархости аввалияти конвенсионӣ бояд ба Идораи патентӣ ворид мешуд. Агар ариза дертар аз муҳлати зикргардида, аммо то гузаштани ду моҳ аз санаи ба охир расидани он ворид шуда бошад, тафтиш карда мешавад, ки оё аризадиҳанда сабабҳои аз ӯ новобастаро, ки боиси дар муҳлати зикргардидаи 12-моҳа пешниҳод нашудан ариза гардиаанд, овардааст ва инчунин зарурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки ин сабабҳоро тасдиқ менамоянд (агар онҳо пешниҳод нашуда бошанд) муқаррар карда мешавад (муҳлатҳои номбаршуда бо тартиби дар банди 110 Қоидаҳои мазкур зикргардида ҳисоб карда мешаванд);

– пешниҳод шудани дархост оид ба муқаррар намудани аввалияти конвенсионӣ дар муддати на дертар аз ду моҳи баъд аз санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани ариза;

– дар аризаи якум ошкор карда шудани ихтирои арзшуда.

Дар ҳолати набудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ё дар онҳо ҷой доштани нуқсонҳо ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки иловаҳо ва ислоҳоти дахлдорро дар муддати се моҳ ворид намояд. Агар маводи дахлдор пешниҳод нагардад, аризадиҳанда оид ба рад гардидани хоҳиши ӯ дар бораи муқаррар намудани аввалияти дархостшуда огоҳонида мешавад.

  1. Агар аризадиҳанда муқаррар намудани аввалияти ихтироъро аз рӯйи санаи воридшавии маводи иловагӣ ба аризаи қаблан пешниҳодшуда дархост карда бошад (тибқи қисми 2 моддаи 17 ҳамин Қонун), риояи талаботи зерин санҷида мешавад:

– аризае, ки аз рӯйи он ин гуна аввалият дархост карда мешавад, бояд ба Идораи патентӣ дар давоми се моҳи баъд аз санаи огоҳиномаро гирифтани аризадиҳанда дар бораи он, ки баэътиборгирии маводи иловагӣ бинобар моҳияти ихтирои арзшударо тағйирдиҳанда пиндошта шуданаш имконнопазир аст, ворид гардида бошад.

  1. Агар хулоса дар бораи он, ки маводи иловагӣ моҳияти ихтироъро тағйир медиҳад, дар натиҷаи баррасии ариза дар машварати коршиносон қабул гардида ва дар протокол сабт шуда бошад, ҳисоби муҳлати семоҳа барои пешниҳоди аризаи нав аз санаи нусхаи ин протоколро гирифтани аризадиҳанда ё аз санаи ба аризадиҳанда (ё намояндаи ӯ) супурда шудани ин нусха оғоз меёбад;

– ихтирои арзшуда бояд дар маводи иловагие, ки муқаррар намудани аввалияти ихтироъ аз рӯйи санаи воридшавии он дархост шудааст (бо дарназардошти мундариҷаи аризаи ибтидоие, ки мавод илова бар он аст), ошкор шуда бошад.

  1. Агар аризадиҳанда тибқи қисми 3 моддаи 17 Қонун муқаррар намудани аввалияти ихтироъро аз рӯйи санаи ба Идораи патентӣ ворид шудани аризаи қаблии ӯ ба ихтироъ дархост карда бошад, риоя шудани талаботи зерин санҷида мешавад:

– аризае, ки дар он ин гуна аввалият дархост карда мешавад, бояд ба Идораи патентӣ дар давоми 12 моҳи баъд аз санаи ворид шудани аризаи қаблӣ ворид шуда бошад;

– аризаеро, ки аз рӯйи он ин гуна аввалият дархост карда мешавад, бояд худи ҳамон аризадиҳандае дода бошад, ки аризаи қаблиро пешниҳод намудааст;

– ихтирои арзшуда бояд дар аризаи қаблӣ ба ихтироъ ошкор шуда бошад;

– дар аризаи қаблӣ набояд аввалияти пештар дархост шуда бошад.

Ҳангоми дар асоси якчанд ариза қаблӣ дархост шудани аввалият риоя намудани талаботи зикргардида нисбати ба ҳар кадоми онҳо муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми дархост шудани аввалияти номбаршуда аризаи қаблан пешниҳодгашта (ва ё ҳамаи аризаҳо, агар онҳо якчандто бошанд) бозхондшуда маҳсуб ёфта, аризадиҳанда дар ин бора огоҳонида мешавад.

  1. Ҳангоми аввалияти ихтироъро аз рӯйи аризаи ҷудокардашуда дархост намудани аризадиҳанда (қисми 6 моддаи 17 ҳамин Қонун) риоя шудани талаботи зерин санҷида мешавад:

– аризаи ҷудокардашуда бояд ба Идораи патентӣ то аз рӯйи аризаи ибтидоӣ қабул шудани қарор дар бораи радди додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки имконияти шикоят аз болои он аз даст рафтааст (яъне дар давраи мавҷуд будани имконияти усулии давом додани коргузорӣ аз рӯйи ариза) ва дар ҳолати мавҷудияти қарор дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ – то рӯзи бақайдгирии ихтироъ дар Феҳристи давлатии ихтироот, ворид шуда бошад;

– ихтирои дар аризаи ҷудокардашуда арзшуда бояд дар аризаи ибтидоӣ ва агар ариза аз аризаи конвенсионӣ ҷудо карда шуда бошаду аввалият аз рӯйи санаи аввалияти аризаи конвенсионӣ дархост шавад, – дар аризаи якум ошкор шуда бошад.

  1. Дар сурати якчанд аввалиятро дархост намудани аризадиҳанда, вобаста ба асосҳои барои дархост намудани ин гуна аввалиятҳо овардаи аризадиҳанда, риояи талаботи дахлдори дар бандҳои 189-193 ҳамин Қоидаҳои мазкур муқаррар карда мешавад.

Аз ҷумла, агар нисбат ба ихтирооте, ки дар бандҳои новобаста ва вобастаи формула тавсиф карда шудаанд, аввалиятҳои ҳархелаи конвенсионӣ дар асоси ду аризаи якум, ки санаҳои ҳархелаи пешниҳодшавӣ доранд, дархост карда шаванд (қисми 1 моддаи 18 Қонун), пас ҳангоми муқаррар намудани иҷрои талаботи банди 189 Қоидаҳои мазкур мавҷуд будани нусхаҳои ду аризаи якум ва риоя шудани муҳлати 12-моҳа нисбат ба санаҳои пешниҳоди ду аризаи якум санҷида мешавад.

  1. Ошкор карда шудани ҳар кадоме аз ихтирооти дар бандҳои новобаста ва вобаста тавсифшуда нисбат ба ҳамон аризаи якуме санҷида мешавад, ки аввалият ба ин ихтироъ аз рӯйи санаи воридшавии он дархост карда мешавад.

Агар аризадиҳанда санаҳои аввалиятро ба бандҳои формула нисбат надода бошад, муқаррар карда мешавад, ки ҳар як ихтироъ дар маҷмӯъ дар кадоме аз аризаҳои якум ошкор карда шудааст.

  1. Ҳангоми тафтиши риоя шудани шартҳои муқаррар намудани аввалияти ихтироъ мувофиқи бандҳои 192-195 Қоидаҳои мазкур итминон пайдо кардан лозим аст, ки аризаи дар асосаш аввалият дархостшаванда ё аризае, ки ба он маводи иловагӣ пешниҳод шудаасту ин мавод барои дархости аввалият асос гардидааст, бозхонда нашудааст ё бозхондашуда маҳсуб намеёбад.

Ҳангоми тафтиши риоя шудани муҳлатҳое, ки ҳамчун шарти муқаррар кардани аввалияти дархостшаванда нишон дода шудаанд, ба банди 110 Қоидаҳои мазкур пайравӣ кардан лозим аст.

  1. Ҳангоми муқаррар намудани риояшавии талаботи марбут ба ошкор карда шудани ихтироъ дар маводи қаблан пешниҳодшуда (аризаи қаблан пешниҳодшуда, маводҳои иловагӣ), ки барои дархости аввалият асос мебошанд, нуқтаҳои зерин тафтиш карда мешаванд:

– оё дар ин мавод (тавсифнома, формулаи аризаи пештар пешниҳодшуда, дар қисми матнии маводи иловагӣ) ҳамаи аломатҳое, ки ба формулаи ихтирои арзшуда дохил карда шудаанд, нишон дода шудаанд;

– оё дар ин мавод то санаи дархостшавандаи аввалият ихтироъ бо пуррагии барои амалӣ намудан кифоя ошкор карда шудааст. Дар ҳолати дархост шудани аввалияти конвенсионӣ ҳангоми тафтиши риояшавии ин шарт аз аризадиҳанда талаб кардан мумкин аст, ки тарҷумаи аризаи якуми дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж додашударо пешниҳод намояд.

  1. Агар саволҳое, ки ҳангоми муқаррар кардани аввалият бармеоянд, монеаи ба анҷом расонидани экспертиза набошанд, онҳо якҷоя бо саволҳои дигари марбут ба баррасии ариза равшан карда мешаванд.
  2. Агар талаботи дар бандҳои 189-193 Қоидаҳои мазкур зикргардида аз ҷониби аризадеҳ риоя шуда бошанд, аввалияти дархостгардида муқаррар карда мешавад.

Агар аввалияти ихтироъ аз рӯйи аризае дархост шуда бошад, ки он аз аризаи конвенсионӣ ҷудо карда шудааст, дар сурати риоя гардидани муқарраротҳои банди 193 Қоидаҳои мазкур, аввалият на аз рӯйи санаи пешниҳоди ин ариза ба Идораи патентӣ, балки аз рӯйи санаи аввалияти аризаи конвенсионӣ муқаррар карда мешавад. Дар айни замон санаи пешниҳоди аризаи конвенсионӣ санаи пешниҳоди аризаи ҷудокардашуда маҳсуб меёбад.

  1. Агар аризадиҳанда ақаллан яке аз талаботи дар бандҳои 189-193 Қоидаҳои мазкур зикргардидаро риоя накарда бошад, аввалияти ихтироъ аз рӯйи санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ мувофиқи банди 178 Қоидаҳои мазкур муқаррар карда мешавад (дар ин бора аризадиҳанда огоҳонида мешавад). Агар талаботи мазкур барои ягон ихтироъ, масалан, ихтирои дар яке аз бандҳои формулаи бисёрзинагӣ тавсифшуда, риоя нашуда бошад, аввалият аз рӯйи санаи пешниҳод ба Идораи патентӣ танҳо барои ин ихтироъ муқаррар карда мешавад.
  2. Агар баъд аз муқаррар карда шудани аввалият аризадиҳанда формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро пешниҳод кунад, тафтиши такрории мавҷуд будани асосҳо барои муқаррар кардани аввалияти дархостшаванда гузаронида мешавад.
  3. Тафтиш нисбат ба формулаи ихтирои дар маводи ибтидоии ариза пешниҳодшуда ва агар аризадиҳанда онро баъд аз пешниҳоди ариза тағйир дода бошад – нисбат ба формулаи тағйирдодашуда гузаронида мешавад (ба шарте, ки талаботи бандҳои 282-289 Қоидаҳои мазкур риоя шуда бошанд).
  4. Агар ҳангоми гузаронидани экспертизаи расмии ариза вайрон шудани талаботи ягонагии ихтироъ муқаррар гардида бошад ва аризадиҳанда то оғози экспертизаи моҳиятии ариза, дар муҳлати муқарраршуда оид ба он ки кадом ихтироъ (ихтироот) бояд дар доираи аризаи пешниҳодшуда баррасӣ шавад (шаванд) хабар дода бошад, тафтиш нисбат ба формулаи ин ихтироъ (ихтироот) гузаронида мешавад.

Агар ин гуна маълумот аз аризадиҳанда дар муҳлати муқарраршуда ворид нашавад, тафтиш нисбат ба ихтироъ ва ё гурӯҳи ихтирооте гузаронида мешавад, ки ҷойи ягонаи ихтироъкориро ташкил мекунанд ва дар формула аввалин шуда омадаанд.

  1. Ҳангоми тафтиши формулаи ихтироъ дар он мавҷуд будани аломатҳои асосии ихтирои арзшуда, ки маҷмӯи онҳо барои ҳосил намудани натиҷаи техникии нишондодаи аризадиҳанда кифоя аст, муқаррар карда мешаванд. Мавҷуд будани ниёзи ҷамъият ба ин натиҷаи техникӣ санҷида намешавад.
  2. Агар аломати асосие, ки бе он натиҷаи техникӣ (ягонтои натиҷаҳо, агар аризадиҳанда якчанд намуди онҳоро нишон дода бошад) ба даст намеояд, ба банди новобастаи формулаи ихтироъ дохил карда нашуда бошад, вале дар тавсифнома ва ё банди вобастаи формулаи ихтироъ мавҷуд бошад, ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки ин гуна аломатро ба банди новобастаи формулаи ихтироъ дохил кунад. Дар айни замон далелҳое оварда мешаванд, ки зарурати ин аломатро барои ноил шудан ба натиҷаи техникӣ тасдиқ мекунанд. Асоси ин далелҳоро алоқаи сабабиву натиҷавии байни аломатҳо ва натиҷаи техникӣ, ки дар тавсифнома ошкор карда шудааст, ё таҳлили назариявии аз ҷониби экспертизагар гузаронидашуда ташкил карда метавонанд.
  3. Агар муқаррар карда шавад, ки формулаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда аломатҳои ғайриасосӣ ва ё аломатҳоеро дар бар мегирад, ки тавсифкунандаи танҳо шаклҳои алоҳидаи иҷро ва ё истифодаи ихтирои арзшуда мебошанд, ақидаи аризадиҳанда оид ба зарурати нигоҳ доштани таҳрири пешниҳодшудаи пурсида мешавад.
  4. Ҳангоми тафтиши формулаи ихтироъ риоя гардидани шарте, ки дар сархати 4 банди 69 Қоидаҳои мазкур оварда шудааст, муқаррар карда мешавад.

Агар дар рафти экспертиза шубҳае оид ба имконияти мушаххасшавандагии аломат ба миён ояд, эксперт ҳуқуқ дорад, ки аз аризадиҳанда тасдиқи ин гуна имкониятро дархост намояд.

Агар муқаррар карда шавад, ки барои мушаххасшавандагии аломат ислоҳ кардани тавсифи он зарур аст, ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки ин гуна ислоҳро ворид намояд.

Агар шарти мушаххасшавандагии аломат риоя шуда бошад, вале барои тавсиф кардани он истилоҳоти куҳнашуда ва ё истилоҳоте истифода гардида бошанд, ки барои соҳаи дахлдори техника бегонаанд, ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки ислоҳоти мувофиқро ворид намояд.

Агар ихтироъ ба сохтор ё тарзи сохтани он ва ё ба тарзе, ки бо истифодабарии сохтор тавсиф меёбад, дахл дошта бошад ва ба формулаи ихтироъ аломатҳое ворид шуда бошанд, ки мавҷудияти нишонҳои вожавӣ, тасвирӣ ё омехтаро дар сохтор ё ягон элементи он ифода мекунанд ва ин нишонаҳо ба кори сохтор ё амалигардонии таъиноти он таъсир намерасонанд, ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки ба формула ислоҳоти дахлдорро ворид намуда, ин гуна аломатро аз формула хориҷ кунад.

Агар муқаррар гардад, ки аломат бо истифодаи мафҳумҳое тавсиф шудааст, ки имконияти мушаххасгардонии аломатро намедиҳанд ва ё агар аломат мавҷудияти нишонҳои вожавӣ, тасвирӣ ё омехтаеро дар сохтор ё ягон элементи он ифода карда бошад, ки онҳо ба кори сохтор ё амалигардонии таъиноти он таъсир намерасонанд, вале аризадиҳанда ба ворид намудани ислоҳот ба формулаи ихтироъ розӣ нашуда бошад, ин гуна аломатҳо дар ҷараёни минбаъдаи баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд.

  1. Ҳангоми тафтиши риоя шудани талаботи банди 69 Қоидаҳои мазкур дар тавсифномаи ихтироъ мавҷуд будани мафҳумҳое, ки бо истифодаи онҳо ихтироъ тавсиф шудааст, муқаррар карда мешавад.

Агар мафҳумҳое ошкор карда шаванд, ки аризадиҳанда онҳоро ҳангоми тавсифи аломатҳои ба формула дохилшуда истифода намудааст, вале ин мафҳумҳо дар тавсифнома истифода нашудаанд, ба аризадиҳанда хабар дода мешавад, ки формулаи пешниҳоднамудаи ӯ ба тавсифномаи он асос наёфтааст, ҳамзамон ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки ин мафҳумҳоро ё аз формула хориҷ кунад, ё агар нигоҳдории онҳоро дар формула зарур шуморад, ба тавсифнома ворид намояд.

  1. Агар дар ариза формулаи якзинагӣ ва ё формулаи бисёрзинагие оварда шуда бошад, ки як банди новобаста дорад, дар ин формула тавсиф шудани як ихтироъ тафтиш карда мешавад.

Ин гуна тафтиш мувофиқи муқаррароти бандҳои 76-77 Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад. Агар вайрон шудани талаботи зикргардида муқаррар карда шавад, дар дархости ба аризадиҳанда ирсолшуда дар ин бора хабар дода мешавад ва ҳамзамон ба ӯ пешниҳод карда мешавад, ки формуларо ислоҳ кунад ва пардохти корбарии дахлдорро ё иловаи онро барои гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза бипардозад. Дар айни замон ҳамчунин ба зарурати риоя намудани талаботи ягонагӣ дар формулаи ислоҳшуда ва пардохтани пардохти корбарии дахлдор (агар ба формулаи ислоҳшуда бандҳои нави новобаста илова шуда бошанд), ё агар аризадиҳанда ба ворид намудани ислоҳот ба формула ё пардохтани пардохти корбарии иловагӣ барои экспертизаи моҳиятии ариза розӣ набошад, ба зарурати муайян намудани ихтирое, ки бояд таҳти баррасии минбаъда қарор гирад, ишора карда мешавад.

Агар барои хулосаи номбаршуда риоя нагардидани шартҳои истифодабарии мафҳумҳои алтернативӣ барои тавсифи аломат асос шуда бошанд, хатои аризадиҳанда ва мушаххасан хусусияти алтернативие, ки нисбат ба он вайронкунии шарти зикргардида муқаррар гардидааст, нишон дода мешавад.

  1. Агар аризадиҳанда формулаи бисёрзинагиеро пешниҳод карда бошад, ки якчанд банди новобаста дорад, мувофиқи нишондодҳои дар банди 209 Қоидаҳои мазкур овардашуда таҳлили ҳар кадоми онҳо гузаронида мешавад (якҷоя бо бандҳои вобастаи ба онҳо тобеъбуда, агар ин гуна бандҳо бошанд).

Нисбат ба формулаи бисёрзинагӣ, ки ҳар кадом банди новобастаи он (якҷоя бо бандҳои вобастаи ба он тобеъбуда, агар ин гуна бандҳо бошанд) танҳо як ихтироъро тавсиф мекунад, муқаррар карда мешавад, ки оё ихтирооти ба формула дохилшуда гурӯҳи ихтироотеро, ки ғояи ягонаи ихтироъкорӣ доранд, ташкил медиҳанд.

  1. Агар ихтирооти дар бандҳои новобаста тавсифшуда бо ҳамдигар чуноне ки дар банди 13 Қоидаҳои мазкур нишон дода шудааст, нисбат дошта бошанд, ҳисобида мешавад, ки шарти ягонагии ғояи ихтироъкорӣ риоя шудааст.
  2. Ҳангоми тафтиш намудани дурустии ба вариантҳо нисбат дода шудани ихтирооти дар бандҳои новобаста тавсифшуда, боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки таъиноти аз ҷониби аризадиҳанда зикргардидаи ихтироъ ва натиҷаҳои техникӣ ба ҳам мувофиқ меоянд.

Агар барои ҳар кадоме аз ихтирооти гурӯҳ (ва ё яке аз онҳо) якчанд натиҷаҳои техникӣ нишон дода шуда бошанду мувофиқоӣ танҳо нисбат ба баъзе аз натиҷаҳои номбаршудаи техникӣ муқаррар карда шуда бошад, шарти мувофиқ омадани натиҷаҳои техникӣ вайроншуда ҳисобида намешавад.

Шарти мувофиқ омадани натиҷаҳои техникӣ дар ҳолате вайроншуда ба ҳисоб намеравад, ки агар ғайр аз тавсифи барои ҳамаи ихтироот умумии натиҷаи техникӣ, маънидодкунии яке аз онҳо ба тариқи илова нишондодро ба ягон хусусияти махсус («пастшавии соиш» ва «пастшавии соиш дар шароити намнокии баланд») дар бар гирад.

  1. Агар аризадиҳанда талаботи ягонагии ихтироъро риоя накарда бошад, ӯ дар ин бора бо муқаррароти дар банди 169 Қоидаҳои мазкур муқарраргардида огоҳонида мешавад.
  2. Агар дар ҷараёни таҳлили формулаи пешниҳодшудаи ихтироъ муайян гардад, ки талаботи нисбат ба сохтор ва мундариҷаи формула гузошташуда риоя намешаванд, аз ҷумла, дар ҳолатҳое, ки риоя нашудани ин талабот дар марҳилаи экспертизаи расмии ариза муайян нагардида буд, ба аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад, ки формулаи ихтироъро саҳеҳ намояд.
  3. Формулаи ихтироъ, ки тибқи дархости экспертиза ва ё бо ташаббуси худи аризадиҳанда тағйир дода шудааст, мувофиқи бандҳои 204-214 тафтиш карда мешавад.

Барои экспертизаи патентпазирии ихтироъ формулае қабул карда мешавад, ки тағйироти ба он воридшуда аз ҷониби аризадиҳанда тасдиқ карда шудаанд.

  1. Агар дар рафти тафтиши тибқи банди 209 Қоидаҳои мазкур гузаронидашуда муқаррар гардад, ки формулаи якзинагӣ ё формулаи бисёрзинагии як банди новобаста дошта ба зиёда аз як ихтироъ дахл дорад ва аризадиҳанда саҳеҳ намудани формуларо рад карда бошад, ба ӯ хабар дода мешавад, ки экспертизаи патентпазирӣ нисбат ба пешниҳодҳои зерин гузаронида мешавад:

– ихтирои якум (ихтирооти якум, ки ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил медиҳанд ва барояшон пардохти ҳатмӣ пардохта шудааст) аз ҷумла, ихтирооти дар формулаи ихтироъ зикргардида, агар вайронкунии шарти ягонагии ихтироъ муқаррар карда шуда бошад, ё агар талаботи ягонагӣ вайрон нашуда, вале пардохти ҳатмии иловагӣ барои гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза пардохт нашуда ва аризадиҳанда дар бораи он ки кадом пешниҳодро бояд баррасӣ кард, хабар надода бошад;

– формулаи баррасишавандаи ихтироъ, агар экспертиза муқаррар кунад, ки ихтирооти муаяйншуда ғояи ягонаи ихтироъкориро ташкил мекунанд ва расиде, ки пардохти ҳатмии муқарраршударо тасдиқ менамояд, дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод шудааст (банди 180 Қоидаҳои мазкур).

  1. Ҳангоми гузаронидани тафтиши пешбининамудаи банди 210, тартибҳои банди 216 Қоидаҳои мазкур мувофиқан татбиқ карда мешаванд.
  2. Ҳангоми тафтиши патентпазирии ихтирои арзшуда мувофиқати он ба шартҳои қобили татбиқ будан, навӣ ва сатҳи ихтироъкорӣ муқаррар карда шуда, инчунин тафтиши иловагии мансубияти он ба маҷмӯи ихтирооте, ки ба сифати ихтирооти патентпазир шинохта намешаванд, сурат мегирад. Махсусиятҳои тафтиши патентпазирӣ дар ҳолати формулаи бисёрзинагиро (чӣ бо як ва чӣ бо якчанд банди новобаста) доштани ариза дар бандҳои 245-251 Қоидаҳои мазкур оварда шудаанд.

Ҳангоми тафтиш кардани патентпазирии ихтирои арзшуда ба сатҳи техника манбаъҳое дохил намешаванд, ки иттилооти марбут ба ихтироъро, ки онро худи муаллиф, аризадиҳанда ё шахси аз онҳо мустақиман ё ба тариқи ғайримустақим ин иттилоотро гирифта ҳамин тавр ошкор кардааст, ки маълумот дар бораи моҳияти ихтироъ қобили дастрасии умум гардидааст, дар бар мегиранд, агар ариза ба ихтироъ дар муҳлати на дертар аз шаш моҳи баъд аз санаи ошкоршавии маълумот ба Идораи патентӣ пешниҳод шуда бошад.

  1. Аз рӯйи натиҷаҳои тафтиши патентпазирӣ қарор дар бораи додани патент ва ё рад шудани додани патент тибқи замимаҳои 16 ва 17 ба Қоидаҳои мазкур бароварда мешавад (бандҳои 260-265 Қоидаҳои мазкур).
  2. Мувофиқи қисми панҷуми моддаи 6 Қонун агар ихтироъ дар саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва соҳаҳои дигари фаъолияти инсон истифода шуда тавонад, он қобили татбиқ ҳисобида мешавад.
  3. Ҳангоми муқаррар кардани имконияти истифодабарии ихтироъ тафтиш карда мешавад, ки оё маводи ариза ишораро ба таъиноти объекти арзшудаи ихтироъ дар бар мегиранд.

Ҳамчунин тафтиш карда мешавад, ки оё дар маводи ибтидоии ариза воситаҳо ва методҳое тавсиф ёфтаанд, ки бо ёрии онҳо ихтироъро дар он шакле, ки дар яке аз бандҳои формула омадааст, ба амал баровардан мумкин аст. Агар ин гуна маълумот дар маводи ариза набошад, қобили қабул аст, ки воситаҳо ва методҳои зикргардида дар манбае тавсиф шуда бошанд, ки то санаи аввалияти ихтироъ дастраси умум гардидааст.

Ғайр аз ин ба он боварӣ ҳосил намудан зарур аст, ки дар ҳолати ба амал баровардани ихтироъ таъиноти аз ҷониби аризадиҳанда нишондодашудаи ихтироъро аз рӯйи ҳар кадоме аз бандҳои формула воқеан ҳам амалӣ гардонидан мумкин аст.

  1. Агар муқаррар карда шавад, ки то санаи аввалияти ихтироъ ҳамаи талаботи зикргардида риоя карда шудаанд, ҳисобида мешавад, ки ихтироъ ба шарти қобили татбиқ будан мувофиқ аст.

Ҳангоми риоя нашудани ақаллан яке аз талаботи зикргардида хулоса бароварда мешавад, ки ихтироъ ба шарти қобили татбиқ будан мувофиқ нест. Дар ин ҳолат ба аризадиҳанда дархостеро фиристодан мумкин аст, ки дар он далелҳои дахлдор оварда ва пешниҳод мешавад, ки аризадиҳанда ақидаи худро нисбат ба ин далелҳо баён намояд ва формулаи ихтироъро саҳеҳ кунад (агар ба ақидаи экспертиза маводи аризаро ҳамин тавр ислоҳ кардан мумкин бошад, ки дар натиҷа хулосаи номбаршуда метавонад тағйир ёбад) ҳамзамон дар дархост тавсияҳои мушаххаси марбут ба ислоҳ намудани формуларо овардан мумкин аст.

  1. Агар номувофиқатии ихтироъ ба шарти қобили татбиқ будан муқаррар шуда бошад, тафтиши навӣ ва сатҳи ихтироъкорӣ гузаронида намешавад.
  2. Мувофиқи қисми 2 моддаи 6 Қонун ихтироъ нав ба ҳисоб меравад, агар он қисми сатҳи техника набошад.

Тафтиши навии ихтироъ нисбат ба тамоми маҷмӯи аломатҳои ба банди новобастаи формулаи ихтироъ дохилшуда гузаронида мешавад.

  1. Ариза ба ихтироъ ё модели муфид, ки санаи аввалияташ пештар аст, аз ҳамин сана ба сатҳи техника ворид карда мешавад (танҳо барои экспертизаи навии ихтироъ), агар ҳамаи шартҳои зерин риоя гарданд:

– ариза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда бошад (ба аризаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда аризаҳо оид ба додани шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва ё патентҳое, ки аз рӯйи онҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда дархостҳо дар бораи додани патентҳо ва нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, аризаҳои байналхалқие, ки аз рӯйи онҳо санаи пешниҳоди байналхалқӣ муқаррар карда шудааст ва дар онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора шудааст, аризаҳои Авруосиёгии нашршуда, ҳамчунин аризаҳои Авруосиёгие, ки тибқи моддаи 16 Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба аризаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудаанд, баробар карда мешаванд);

– аризаро шахси дигар, яъне аризадиҳандаи дигар пешниҳод карда бошад;

– ариза бозхондашуда набошад (амали аризаи байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ нагардида бошад).

Аз санаи аввалияташон сар карда, ба сатҳи техника ҳамчунин ҳамаи ихтироъҳо ва моделҳои судманди (аз ҷумла, ихтирооти худи ҳамон шахс) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентнокшуда (яъне дар Феҳристҳои дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда) дохил карда мешаванд.

Ариза аз рӯйи тавсифнома ва формулае, ки ба ин ариза то санаи ворид шудани дархост, тавсифнома, формула ва нақшаҳо (агар дар тавсифнома ишора ба онҳо мавҷуд бошад) дохил мешуданд, ба сатҳи техника ҳамроҳ карда мешавад. Агар ин сана аз санаи аввалияти аризаи баррасишаванда дертар бошад, пас аризаи аввалияти пештар дошта дар ҳамон қисми мундариҷаи худ ба сатҳи техника дохил мешавад, ки он ба мундариҷаи маводе, ки барои муқаррар кардани аввалият ҳамчун асос хизмат мекунад (аризаи якум, аризаи пештар пешниҳод кардашуда, маводҳои иловагӣ ба ин ариза) мувофиқ аст.

  1. Ихтироот ва моделҳои судманди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентнокшуда ба сатҳи техника танҳо нисбат ба формулае, ки бо он бақайдгирии ихтироъ ва ё модели судманд дар Феҳристи дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст, ҳамроҳ карда мешаванд.
  2. Агар дар сатҳи техника воситае ошкор карда шуда бошад, ки ҳамаи аломатҳои ҳаммонанд бо аломатҳои дар формулаи ихтироъ зикргардида, аз ҷумла, тавсифи таъинот ба он хосанд, ихтироъ ба шартҳои навӣ мувофиқ ҳисобида намешавад.

Агар ихтирои арзшуда ба мувофиқи таъиноти нав татбиқ намудани сохтор, тарз, модда, штамм дахл дошта бошад, дар ҳолати ошкор гардидани манбаи иттилоотие, ки аз он бо таъиноти нишондодаи аризадиҳанда татбиқ намудани ҳамон сохтор, тарз, модда, штамм маълум аст, ихтироъ ҳамчун ихтирои ба шартҳои навӣ мувофиқ шинохта намешавад.

  1. Агар ба сифати манбаи иттилооти ба сатҳи техника дохилшаванда аризаи аввалияташ пештар хизмат кунад, бовар ҳосил кардан зарур аст, ки он ариза бозхонда нашудааст, ё бозхонда ҳисобида намешавад.

Агар ариза бозхонда нашуда бошад ва муҳлати муқаррарнамудаи бозхондани он, ки моддаи 22 Қонун муқаррар намудааст, гузашта бошад, баррасии ихтирои арзшуда мувофиқи бандҳои 231 ва ё 232 Қоидаҳои мазкур давом меёбад.

Агар ариза бозхонда нашуда, аммо муҳлати бозхонда шудани он нагузашта бошад, ба аризадиҳандаи ихтирои баррасишаванда дар бораи мавҷуд будани ин гуна ариза (бе зикри аризадиҳанда ва ошкор кардани мазмуни ариза) ва дар бораи имконияти мавқуф гузоштани баррасии ариза то муайян шудани тақдири аризаи аввалияташ пештар хабар дода мешавад.

  1. Агар аризадиҳанда ба мавқуф гузошта шудани баррасии ариза розӣ набошад, муқаррар карда мешавад, ки ихтирои арзшуда ба шарти навӣ мувофиқат намекунад.
  2. Агар муқаррар карда шавад, ки ихтирои дар банди новобастаи формулаи тавсифшуда ба шарти навӣ мувофиқ аст ва агар формула бандҳои вобастаро дошта бошад, нисбати бандҳои вобастаи формула таҳлили сатҳи техника гузаронида намешавад.
  3. Агар ихтирои дар банди новобастаи формулаи дорои бандҳои вобаста нав ҳисобида нашуда бошад, баррасии минбаъдаи ариза мувофиқи банди 245 Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад.
  4. Ҳангоми муқаррар карда шудани нав набудани ихтирое, ки бо формулаи бандҳои вобаста надошта тавсиф шудааст, ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад, ки дар он далелҳои экспертиза оварда шуда, пешниҳод карда мешавад, ки ақидаи худро нисбат ба ин далелҳо баён кунад ва агар зарур бошад, формулаи дар асоси маводи ибтидоии ариза ислоҳшударо пешниҳод намояд.
  5. Нисбат ба аризае, ки барояш мувофиқ набудан ба шарти навӣ муқаррар карда шудааст, тафтиши сатҳи ихтироъкорӣ гузаронида намешавад.
  6. Ихтироъ мувофиқи қисми чоруми моддаи 6 ҳамин Қонун дорои сатҳи ихтироъкорӣ ҳисобида мешавад, агар он барои мутахассис аз маълумот дар бораи сатҳи техника ошкоро пайдо нагардад.
  7. Тафтиши сатҳи ихтироъкорӣ нисбат ба ихтирои дар банди новобастаи формула тавсифшуда гузаронида мешавад ва амалҳои зеринро дар бар мегирад:

– мувофиқи банди 51 Қоидаҳои мазкур муайян кардани ҳаммонанди (аналоги) наздиктарини ихтироъ;

– ошкор намудани аломатҳое, ки ихтирои дар банди новобастаи формула тавсифшударо аз аналоги наздиктарин фарқ мекунонанд (аломатҳои тафовутӣ);

– аз сатҳи техника пайдо кардани ихтирооте, ки аломатҳои онҳо бо аломатҳои тавфовутии ихтирои баррасишаванда яканд.

  1. Ихтироъ ба шарти сатҳи ихтироъкорӣ мувофиқ ҳисобида мешавад, агар ихтирооте, ки аломатҳояшон бо аломатҳои тафовутии он яканд, ёфта нашуда бошанд, ё агар ин гуна ихтироот ёфт шуда бошанд ҳам, маълум будани таъсири аломатҳои тафовутӣ ба натиҷаи техникии аз ҷониби аризадиҳанда зикргардида тасдиқ нашуда бошад.
  2. Ихтирооте, ки асоси онҳоро, аз ҷумла, пешниҳодоти зерин тешкил медиҳанд, ба шарти сатҳи ихтироъкорӣ номувофиқ ҳисобида мешаванд:

– бо ягон ҷузъи маълум, ки ба василаи маълум аз рӯйи қоидаҳои маълум ҳамроҳ карда шудааст, пурра гардонидани ин васила бо мақсади ҳосил кардани натиҷаи техникие, ки бар асари маҳз ҳамин гуна пуррагардонӣ имконпазир будани он муқаррар карда шудааст;

– иваз кардани ягон ҷузъи василаи маълум бо чузъи дигари маълум бо мақсади ҳосил кардани натиҷаи техникие, ки бар асари маҳз ҳамин гуна ивазкунӣ имконпазир будани он муқаррар карда шудааст;

– хориҷ кардани ягон ҷузъи васила (элемент, амал) ва ҳамзамон ҳориҷ намудани таъиноте, ки бо мавҷуд будани ин ҷузъ вобаста аст ва ҳосил кардани натиҷае, ки дар ҳолати чунин хориҷкунӣ мусаллам аст (содашавӣ, коҳиши масса, хурд шудани андозаҳо, баланд шудани устуворӣ, ихтисор шудани давомнокии протсес ва ғ.);

– афзун намудани шумораи элементҳои якхела, амалҳо барои тақвият додани натиҷаи техникие, ки ба мавҷуд будани маҳз ҳамин хел элементҳо, амалҳо вобаста аст;

– аз маводи маълум сохта шудани воситаи маълум ё ягон ҷузъи он барои ноил шудан ба натиҷаи техникие, ки маҳз бар асари хусусиятҳои маълуми ин мавод имконпазир аст;

– офаридани васила аз ҷузъҳои маълум, ки интихоб ва робитаҳои байни онҳо аз рӯйи қоида ва тавсияҳои маълум сурат гирифтааст, агар натиҷаи техникии ҳосилшуда танҳо аз хосиятҳои маълуми ҷузъҳои ин васила ва робитаҳои байни онҳо вобаста бошад;

– мувофиқи таъиноти нав татбиқ намудани сохтор, тарз, модда, штамми маълум, агар таъиноти нав бо хусусиятҳо, сохтор, баамалбарории маълум вобаста буда, маълум бошад, ки маҳз ҳамин хусусиятҳо, сохтор, баамалбарорӣ барои татбиқ намудани ин таъинот заруранд.

Ихтирооте, ки дар тағйирдиҳии аломати (ҳои) миқдорӣ, дар робитаи мутақобили ин аломатҳо ё тағйири шакли ин робитаҳо асос ёфтаанд, низ ихтирооти ба шарти сатҳи техника номувофиқ дониста мешаванд, агар воқеияти таъсири омилҳои зикргардида ба натиҷаи техникӣ маълум бошад ва қиматҳои нави аломатҳои миқдорӣ ё робитаи байни онҳо аз вобастагиҳо ё қонуниятҳои маълум ҳосил шуда метавонистанд.

  1. Ба шарти сатҳии ихтироъкорӣ аз ҷумла пешниҳодоти зерин мувофиқанд:

– тарзҳои ҳосил намудани пайвастагиҳои нави инфиродӣ (синф, гурӯҳ) бо сохтори муқарраркардашуда;

– тарзҳои ҳосил кардани пайвастагиҳои маълуми инфиродӣ (синф, гурӯҳ) бо сохтори муқарраршуда, агар онҳо дар реаксияи барои ин синф ё гурӯҳ нав асос ёфта бошанд, ё агар асоси ин тарзҳоро реаксияи барои ин синф ё гурӯҳ маълум, ки шароити гузаронидани он номаълум буд, ташкил диҳад;

– композитсияи камаш аз ду ингредиент иборатбуда, ки натиҷаи синергетикиеро таъмин менамояд, ки имконияти ноилшавӣ ба он аз сатҳи техника барнамеояд (яъне, хусусиятҳои ҳарду ингредиентро зоҳир мекунад, вале нишондиҳандаҳои миқдории ақаллан яке аз ин хусусиятҳо аз нишондиҳандаҳои хусусиятҳои як ингредиент баландтар аст);

– пайвастагии инфиродие, ки зери формулаи умумии сохтории гурӯҳи пайвастагиҳои маълум меафтад, вале на ҳамчун пайвастагии махсус ҳосилшуда ва ё тадқиқшуда тавсиф шудааст ва зимни ин хусусиятҳои барои ин гурӯҳ сифатан ва аз ҷиҳати миқдор наву номаълумро зоҳир мекунад (ихтирои селективӣ).

  1. Ихтироъ аз сабаби соддагии зоҳирии худ ва дар маводҳои ариза ошкор карда шудани механизми дастрасшавандаи натиҷаи техникӣ ҳамчун ихтирои ба сатҳи ихтироъкорӣ номувофиқ шинохта намешавад, агар ингуна ошкоршавӣ на аз сатҳи техника, балки танҳо аз маводҳои ариза маълум шуда бошад.
  2. Маълум будани таъсири аломатҳои тафовутии ихтирои арзшударо ба натиҷаи техникӣ ҳам як ва ҳам якчанд манбаи иттилоотӣ тасдиқ карда метавонанд. Бе нишон додани ягон хел манбаи иттилоот, ҷалб намудани далелҳое, ки асоси онҳоро донишҳои дар соҳаи дахлдори техника маълуму маъмул ташкил медиҳанд, мумкин аст. Аммо агар аризадиҳанда талаб кунад, экспертиза бояд ин манбаъҳои иттилоотиро дар рафти баррасии минбаъдаи ариза нишон диҳад.
  3. Тасдиқи маълум будани таъсири аломатҳои тафовутӣ ба натиҷаи техникӣ талаб карда намешавад, агар аризадиҳанда ин гуна натиҷаро нисбат ба аломатҳои тафовутӣ муайян накарда бошад ва ё агар муқаррар гардида бошад, ки натиҷаи техникии аз ҷониби аризадиҳанда зикршуда ҳосил намешавад.
  4. Агар ихтирои арзшудае, ки дар формулаи бисёрзинагии дорои бандҳои вобаста тавсиф шудааст, нисбат ба банди новобаста ба шарти сатҳи ихтироъкорӣ мувофиқ дониста шуда бошад, нисбат ба бандҳои вобастаи формула тафтиши минбаъда гузаронида намешавад.
  5. Агар муқаррар карда шавад, ки ихтироъ аз рӯйи банди новобастаи формулаи бандҳои вобастадошта ба шарти сатҳи ихтироъкорӣ мувофиқат намекунад, баррасии минбаъдаи ариза мувофиқи банди 245 Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад.
  6. Агар набудани сатҳи ихтироъкорӣ барои ихтирое, ки бо формулаи бандҳои вобаста надошта тавсиф шудааст, муқаррар гардида бошад, ба аризадиҳанда дархост фиристода, дар он далелҳои дахлдорро оварда, пешниҳод кардан мумкин аст, ки ақидаи худро нисбат ба ин далелҳо баён намояд ва агар зарур бошад, дар асоси маводи ибтидоии ариза формулаи ихтироъро ислоҳ кунад.
  7. Агар ихтироъ бо формулаи бисёрзинагии дорои бандҳои вобаста тавсиф шуда ва нисбат ба банди новобастаи он бинобар набудани навӣ ё сатҳи ихтироъкорӣ хулоса оид ба патентнопазирӣ ҳосил шуда бошад, аризадиҳанда дар ин бора огоҳонида шуда, аз ӯ хоҳиш карда мешавад, ки нуқтаи назари худро нисбат ба баррасии минбаъдаи ариза баён намояд ва агар баррасии минбаъдаро мувофиқи мақсад донад, формулаи ислоҳшудаи ихтироъро пешниҳод кунад.
  8. Агар нисбат ба банди новобастаи формулае, ки бандҳои вобаста дорад, патентпазирии ихтироъ муқаррар шуда бошад, боварӣ ҳосил намудан зарур аст, ки ихтирои бо ҷалби аломатҳои бандҳои вобаста тавсифшуда шарти қобили татбиқ буданро қонеъ мегардонад ва ба пешниҳодоте, ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондӯстӣ ва ахлоқанд, мансуб намебошад бандҳои 10-11 Қоидаҳои мазкур).
  9. Дар ҳолати натиҷаи мусбати тафтиши аз рӯйи ҳамаи шартҳои зикргардида гузаронидашуда ихтирое, ки бо формулаи бисёрзинагии дорои бандҳои вобаста тавсиф шудааст, патентпазир ҳисобида шуда, мувофиқи банди 264 Қоидаҳои мазкур қарор дар бораи додани патент бароварда мешавад.
  10. Дар ҳолати натиҷаи манфии тафтиши нисбат ба шарти дилхоҳе аз шартҳои зикргардида гузаронидашуда, аризадиҳанда дар ин бора ба воситаи дархост огоҳонида шуда, ба ӯ пешниҳод карда мешавад, ки далелҳои зидди қарори экспертизаро оварад, ё формуларо ислоҳ намояд ва ё ин гуна бандҳои вобастаро аз формулаи ихтироъ хориҷ кунад.
  11. Агар гурӯҳи ихтироот арз шуда бошад, тафтиши патентпазирӣ нисбат ба ҳар кадоме аз ихтирооти ба гурӯҳ дохилшуда гузаронида мешавад. Патентпазирии гурӯҳро танҳо дар он сурат муқаррар кардан мумкин аст, ки агар ҳамаи ихтирооти гурӯҳ патентпазир бошанд.

Агар муқаррар гардида бошад, ки на ҳамаи ихтирооти гурӯҳ патентпазиранд, дар ин бора аризадиҳанда огоҳонида шуда, ба ӯ пешниҳод карда мешавад, ки нисбат ба далелҳои овардашуда ақидаи худро изҳор кунад ва агар зарур бошад, аз формула бандҳои новобастаеро, ки дар онҳо ихтирооти патентнопазир тавсиф шудаанд, хориҷ намояд ва ё ин бандҳоро дар шакли ислоҳшуда баён кунад.

  1. Агар аризадиҳанда дар ҳолатҳои дар боло овардашуда формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро пешниҳод кунад, баррасии минбаъдаи ариза мувофиқи бандҳои 202-219 Қоидаҳои мазкур нисбат ба ихтирое (ихтирооте) гузаронида мешавад, ки дар ин формула тавсиф шудааст (шудаанд).
  2. Агар аризадиҳанда далелҳои радкунандаи хулосаи экспертиза ва ё формулаи тағйир додашударо пешниҳод накарда, бо формулаи пештар овардашуда додани патентро қатъиян талаб кунад, баррасии минбаъдаи ариза сурат намегирад ва мувофиқи бандҳои 264-269 Қоидаҳои мазкур қарор дар бораи рад шудани додани патент бароварда мешавад.
  3. Мувофиқи қисми 4 моддаи 20 Қонун дархости маводи иловагӣ, аз ҷумла формулаи тағйирдодашудаи ихтироъ, ба аризадиҳанда дар ҳолате равон карда мешавад, ки агар бе ин гуна мавод гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза ва инчунин баровардани қарор имконнопазир бошад.
  4. Барои дархост тибқи замимаи 18 ба Қоидаҳои мазкур, аз ҷумла, ҳолатҳои зерин асос шуда метавонанд:

– зарурати ҳалли масъалаҳое, ки бо дуруст пардохта шудани пардохҳои ҳатмӣ ва корбарӣ алоқаманданд;

– зарурати аниқ кардани формулаи ихтироъ аз рӯйи натиҷаҳои тафтиши он мувофиқи бандҳои 202-218 Қоидаҳои мазкур;

– зарурати ҳал кардани масъалаҳои марбут ба тафтиши патентпазирии ихтирои арзшуда мувофиқи банди 219 Қоидаҳои мазкур;

– зарурати аниқ кардани формулаи ихтироъ аз рӯйи натиҷаҳои тафтиши патентпазирии ихтирои арзшуда;

– зарурати ҳал кардани масъалаҳои марбут ба баррасии аризаҳо ба объектҳои ҳаммонанди моликияти саноатӣ, ки ҳамон як санаи аввалиятро доранд, мувофиқи бандҳои 270-273 Қоидаҳои мазкур.

  1. Саволҳои дигар, инчунин эродҳо ва пешниҳодҳое, ки дар ҷараёни баррасии ариза ба миён меоянд ва аз ҷумла, бо муқаррар намудани аввалият, аниқкунии тавсифи аломати асосии ихтироъ ва ғайра вобастаанд, низ метавонанд ба дархосте, ки бо асосҳои дар боло зикршуда фиристода мешаванд, дохил гарданд.
  2. Агар барои фиристодани дархост асосҳои дар боло зикргардида мавҷуд набошанд, аризадиҳанда дар бораи эродҳо, пешниҳодҳо ва ғайра ба воситаи мактуб огоҳ карда мешавад.
  3. Дар ҳолати муқаррар гардидани патентпазирии ихтироъ (ихтироот), ки мувофиқи бандҳои 216-217 Қоидаҳои мазкур баррасӣ шудааст, аризадиҳанда ба воситаи дархости фиристодашаванда дар ин бора огоҳонида шуда, ба ӯ бори дигар пешниҳод карда мешавад, ки формуларо бо роҳи аз он хориҷ кардани тавсифи ихтирое, ки патентпазирии он санҷида нашудааст, ё ба воситаи ба банди алоҳидаи новобаста ҷудо кардани ин ихтироъ ва пардохти ҳатмии дахлдор ислоҳ кунад. Ҳамзамон аризадиҳанда огоҳ карда мешавад, ки агар дар муҳлати муқарраргардида маводи дархостшуда, ё илтимоснома дар бораи дароз кардани муҳлати муқарраршуда пешниҳод нашавад, ариза мувофиқи қисми 7 моддаи 19 Қонун бозхондашуда ҳисобида мешавад.
  4. Агар аризадиҳанда ба формулаи ихтироъ (ки дар асоси он оид ба патентпазирии ихтироъ хулоса ҳосил шудааст) ворид намудани аломати мушаххаснашаванда ва ё дар маводи ибтидоии ариза мавҷуднабударо қатъиян талаб кунад, ё ба формула ворид намудани аломатеро талаб кунад, ки тавсифи он бо ишора ба манбаи иттилоот иваз шудааст ва ё ворид намудани банди нави новобастаеро талаб кунад, ки он баъд аз пешниҳоди ариза аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод шуда, тибқи бандҳои 287-288 Қоидаҳои мазкур ба эътибор гирифта нашуда буд, ба аризадиҳанда дархост фиристонида ва дар он пешниҳод карда мешавад, ки формулаеро пешниҳод намояд, ки аломатҳо ё банд (ҳо) – и дар боло зикргардидаро надошта бошад; ҳамзамон аризадиҳанда огоҳонида мешавад, ки агар маводи дархостшуда дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардад, ё дархост дар бораи дароз кардани муҳлати пешниҳод ворид нагардад, ариза бозхондшуда ҳисобида мешавад.
  5. Дар дархосте, ки ба аризадиҳанда фиристода мешавад, дар баробари баёни далелҳое, ки монеаи гузаронидани (ё ба охир расонидани) экспертизаи моҳиятӣ гаштаанд, ҳамчунин ҳамаи саволҳо, эродҳо ва пешниҳодҳое оварда мешаванд, ки дар рафти баррасии ариза пайдо шудаанд (аз ҷумла, аз рӯйи асосҳое, ки дар бандҳои 158-162 Қоидаҳои мазкур оварда шудаанд).
  6. Назари экспертиза оид ба масъалаҳои дар дархост зикргардида ба воситаи далелҳои техникӣ ё ҳуқуқӣ тақвият дода мешавад. Ҳангоми зарурат ба адабиёти техникӣ ба муқаррароти Қонун, Қоидаҳои мазкур ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрӣ истинод оварда мешавад.
  7. Ҳангоми ба аризадиҳанда фиристодани пешниҳодоти марбут ба тасҳеҳи формула (аз қабили, аниқкунии тавсифи аломати асосӣ, аз формула хориҷ намудани аломати ғайриасосӣ ва ғ.) нишон додани оқибатҳои ҳуқуқии ворид кардан, ё ворид накардани ин гуна тасҳеҳот мувофиқи мақсад аст.
  8. Агар дар дархост ба манбаи иттилоот истинод оварда шавад, бояд нишондодҳои библиографие, ки барои дарёфт намудани ин манбаъ заруранд ва инчунин нишондодҳои дигаре (саҳифа, сарсатр, рақами ҷисми тасвирҳои графикӣ ва ғайра), ки имконияти ёфтани маълумоти дахлдорро дар манбаи иттилоот медиҳанд, нишон дода шаванд.
  9. Агар дар натиҷаи тафтиши патентпазирии ихтироъ зарурати аниқ кардани формулаи ихтироъ муқаррар гардида, он асоси фиристодани дархост бошад ва агар аниқкунии формула тасҳеҳи дахлдори тавсифнома ва ё нақшаҳоро тақозо кунад, ба аризадиҳанда пешниҳод кардан мумкин аст, ки тавсифнома ва ё нақшаҳои саҳеҳшударо (ё варақҳои ивазкунандаро) ироа намояд.

Ҳамин гуна пешниҳодро инчунин ҳангоми дар тавсифнома ва ё нақшаҳо мавҷуд будани норасоиҳо, аз ҷумла, норасоиҳои пештар нишондодаи экспертиза, ки аризадиҳанда онҳоро бартараф нанамудааст, кардан мумкин аст.

Ҳамзамон аризадиҳанда огоҳ карда мешавад, ки агар тавсифномаи дархостшаванда пешниҳод карда нашавад, ҳангоми таҳияи қарор оид ба додани патент тавсифнома аз тарафи Идораи патентӣ ба таври дахлдор тасҳеҳ мешавад.

  1. Дархост ба аризадиҳанда чанд маротибае, ки барои баррасии ариза зарур бошад, фиристода мешавад.
  2. Агар муқаррар карда шавад, ки ихтирои арзшуда (агар гурӯҳи ихтироот арз шуда бошад – ҳар кадом ихтирои гурӯҳ), ки бо формулаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда ифода гардидааст, ба тамоми шартҳои патентпазирӣ мувофиқ аст, дар бораи бо ҳамин формула дода шудани патент қарор бароварда мешавад.

Агар формулаи арзшуда моҳияти ихтироъро ифода карда, пурра ба тавсифнома асос ёфта бошад, вале бе дарназардошти ҳаммонандии наздиктарин (ё умуман ҳаммонанд) тартиб дода шуда бошад, ё агар формула дар баробари аломатҳои объекти арзшуда инчунин аломатҳои объекти дигарро дар бар гирад, дар қарор оид ба додани патент формулаи ихтироъ дар таҳрири аризадиҳанда оварда мешавад.

Агар дар тавсифнома ва ё нақшаҳо норасогиҳое вуҷуд дошта бошанд, ки аризадиҳанда дар бораи бартараф кардани онҳо тибқи банди 262 Қоидаҳои мазкур огоҳонида нашуда буд, ба аризадиҳанда пешниҳод кардан мумкин аст, ки дар муддати ду моҳи баъд аз санаи фиристода шудани ин гуна пешниҳод тавсифнома ва ё нақшаҳои саҳеҳшударо пешниҳод намояд.

Дар айни ҳол, аризадиҳанда огоҳ карда мешавад, ки агар ин муҳлат кифоя набошад, ӯ метавонад то ба охир расидани он дар бораи муҳлати дигаре, ки набояд аз шаш моҳи пас аз гирифтани пешниҳод дарозтар набошад ва дар давоми ин муҳлат тавсифнома ва ё нақшаҳои саҳеҳшуда пешниҳод мешаванд, хабар диҳад.

Аризадиҳанда ҳамчунин огоҳ карда мешавад, ки агар дар муҳлати муқарраршуда тавсифномаи аниқкардашуда пешниҳод нагардад ва ё аризадиҳанда дар бораи талаб кардани муҳлати дигар хабар надиҳад ва агар ин гуна хабар расида бошад, тавсифномаи саҳеҳшударо дар муддати хабардодааш пешниҳод накарда бошад, Идораи патентӣ ҳангоми тайёр кардани қарор оид ба додани патент тавсифномаро ба таври дахлдор саҳеҳ менамояд.

Агар формулаи пешниҳодшудаи ихтироъ дар имло, аломатҳои китобатӣ ва ғайра хатоҳо дошта бошад, ҳангоми тайёр намудани қарор дар бораи додани патент ба формулаи ихтироъ ислоҳоти дахлдор дохил карда мешаванд.

  1. Агар муқаррар гардад, ки ихтирои арзшуда, ки бо формулаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда ифода ёфтааст, ақаллан ба яке аз шартҳои патентпазирӣ мувофиқ намеояд, дар бораи рад шудани додани патент қарор қабул ва асосҳои дахлдор оварда мешаванд.

Агар аризадиҳанда баъд аз фаҳмидани сабабҳое, ки боиси қабули қарори рад шудаанд, далелҳои худро нисбат ба патентпазирии ихтироъ пешниҳод намуда, вале ин далелҳо хулосаи экспертизаро тағйир надода бошанд, дар қарор таҳлили ин далелҳо оварда мешавад.

Агар дар қарор ба ягон манбаи иттилоот истинод оварда шавад, ҳангоми овардани нишонаҳои библиографии он бояд шарти дар бандҳои 258-260 Қоидаҳои мазкур зикргардида риоя карда шавад.

  1. Агар ихтирои арзшуда дар формулаи бисёрзинагӣ тавсиф шуда бошад, ки як банди новобаста ва бандҳои вобаста дорад ва агар муқаррар гардида бошад, ки чунин ихтироъ нисбат ба банди новобаста ба яке аз шартҳои патентпазирӣ мувофиқ намеояд ва аризадиҳанда тасҳеҳ додани ин бандро рад кардааст, дар ин ҳолат низ дар бораи рад шудани додани патент қарор бароварда мешавад.
  2. Қарор дар бораи рад шудани додани патент ҳамчунин дар ҳолате бароварда мешавад, ки агар патентпазирии ихтирои дар банди новобастаи формула тавсифшуда муқаррар гардида бошад, ин формула бандҳои дигари новобаста надошта бошад, аммо тавсифи дар бандҳои вобастаи формула овардашуда чунин бошад, ки ба амал баровардани ихтироъ ё таъиноти аз ҷониби аризадиҳанда зикргардидаи онро имконнопазир мегардонад, ё ин тавсиф боиси хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои инсондӯстӣ ва ахлоқӣ дониста шудани ихтироъ гардида бошад ва аризадиҳанда саҳеҳкунии формула ё аз он хориҷ намудани ин гуна бандҳои вобастаро рад намуда бошад.
  3. Агар формулаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда як банди новобаста дошта бошад ва ин банд аломати асосии дар тавсифнома омадаи ихтироъро дар бар нагирад ва бо ин сабаб ихтирои ба ҳамин тариқ тавсифшуда ба ягон шарти патентпазирӣ мувофиқат накунад ва инчунин агар аризадиҳанда ба формула дохил намудани аломати зикргардидаро рад кунад, дар бораи рад шудани додани патент қарор бароварда мешавад.
  4. Агар муқаррар гардад, ки яке аз ихтирооти арзшудаи дар формула тавсифшуда патентпазир нест ва аризадиҳанда ислоҳ кардан ва ё аз формула хориҷ намудани тавсифи ин ихтироъро рад мекунад, қарор дар бораи рад шудани додани патент бароварда мешавад.

Дар айни замон дар қарор патентпазирии ихтироъ (ихтироот) – и дигар, ки нисбати он (нисбаташон) ин гуна хулоса ба даст оварда шудааст, тасдиқ карда мешавад.

  1. Агар патентпазирии ихтироъ аз рӯйи аризаи баррасишаванда муқаррар гардида бошад, вале аризаи дигари бозхонднашуда ва ё бозхондшуда ҳисобиданашавандае мавҷуд бошад, ки ба ихтирои ҳаммонанд дахл дошта, ҳамон як санаи аввалиятро дорад, ба аризадиҳандаи аризаи баррасишаванда дар ин бора ва инчунин дар бораи он хабар дода мешавад, ки додани патент аз рӯйи аризаи ӯ дар сурати иҷрои шартҳои қисми 7 моддаи 17 ҳамин Қонун мумкин аст. Ҳамзамон аризадиҳанда дар бораи он хабардор карда мешавад, ки аризаи ӯ рақами бақайдгирии пештар ё дертарро дорад.
  2. Ба аризадиҳандаи ихтирои баррасишаванда додани нишонаҳои библиографии аризаи дигар, ки ба ихтирои ҳаммонанд дахл дорад, инчунин ошкор кардани мундариҷаи он то нашри маълумот дар бораи ин ариза ва ё аз рӯйи он гирифтани патент танҳо бо ризоияти аризадиҳандаи аризаи дигар мумкин аст.
  3. Созишномаи дар қисми 7 моддаи 17 ҳамин Қонун зикргардида додани ду ва зиёда аз ин ҳуҷҷати муҳофизатӣ ва ё додани ҳуҷҷати муҳофизатиро аз рӯйи аризае, ки дар нисбати он қарори рад кардани додани патент қабул шудааст, пешбинӣ карда наметавонад.
  4. Ҳаммонандии ихтироот дар асоси таҳрири охирини формулаҳои ихтироъ, ки аз ҷониби аризадиҳандагон бо тартиби муқарраршуда пешниҳод гардидаанд, муайян карда мешавад.

Ихтироот ҳаммонанд дониста мешаванд, агар мундариҷаи бандҳои новобастаи формула пурра мувофиқ бошанд.

  • 21. Экспертизаи пешакии ариза барои гирифтани нахустпатент
  1. Дар рафти экспертизаи пешакӣ амалҳои зерин гузаронида мешаванд:

– муқаррар намудани аввалияти ихтироъ, агар он тибқи моддаҳои 17 – 18 Қонун дархост шуда бошад;

– тафтиши формулаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда тибқи бандҳои 206-222 Қоидаҳои мазкур;

– тафтиши маводи иловагӣ тибқи бандҳои 280-289 Қоидаҳои мазкур, агар ин гуна мавод аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод шуда бошад;

– тафтиши мувофиқатии ихтирои арзшуда ба шартҳои навӣ ва қобили татбиқ будан.

  1. Тибқи қисми 1 моддаи 21 Қонун экспертизаи пешакии ариза пас аз анҷоми мусбати экспертизаи расмии он гузаронида мешавад.

Экспертизаи пешакии ариза аз рӯйи дархости хаттии аризадиҳанда ва ё шахсони сеюм тибқи замимаи 19 ба Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад.

Экспертизаи пешакии ариза мутобиқи бандҳои 188-251 (ба истиснои бандҳои 234-244) ва 252-263 Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад.

  1. Санҷидани мувофиқати ихтирои пешниҳодшуда ба талаботи навии сатҳи техника танҳо инҳоро дар бар мегирад:

– ҳаммонандҳо ва пешнамунаҳои ихтироъ, ки аризадиҳанда дар маводҳои ариза овардааст;

– аризаҳои бозхонднашуда барои ихтироот аз тарафи шахсони дигар пештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ихтирооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон патентдоршуда, моделҳои судманди бақайдгирифташуда ва дигар сарчашмаҳои иттилоотии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси умумбуда.

  1. Бо мақсади дақиқии санҷиши сарчашмаҳои иттилоотии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси умумбуда ҷустуҷӯи патентӣ-иттилоотӣ, тибқи Тартиби гузаронидани ҷустуҷӯи патентӣ-иттилоотӣ барои додани нахустпатент ба ихтироъ анҷом дода мешавад.
  2. Идораи патентӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи пешакӣ ҳуқуқ дорад, аз аризадиҳанда маводҳои иловагӣ, аз ҷумла формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро тибқи замимаи 20 ба Қоидаҳои мазкур дархост намояд.

Маводҳои иловагӣ вобаста ба дархости экспертиза бе тағйири моҳияти ихтироъ бояд дар давоми ду моҳи баъди санаи гирифтани дархост пешниҳод карда шаванд.

  1. Аз рӯйи натиҷаҳои тафтиши патентпазирӣ қарор дар бораи додани нахустпатент ва ё рад шудани додани нахустпаент тибқи замимаҳои 21 ва 22 ба Қоидаҳои мазкур бароварда мешавад.
  • 22. Тафтиши маводи иловагӣ
  1. Дар сурати ворид шудани маводи иловагие, ки ҳуҷҷатҳои аризаро тасҳеҳ медиҳанд (яъне, бояд ба муҳтавои онҳо ворид карда шаванд) ва бо ташаббуси аризадиҳанда пас аз пешниҳоди дархост оид ба пеш аз муҳлат гузаронидани экспертизаи расмӣ ва ё агар ин гуна дархост дода нашуда бошад, пас аз гузаштани се моҳи баъд аз санаи воридшавии ариза пешниҳод шудаанд, тафтиш кардан лозим аст, ки оё якҷоя бо маводи зикргардида ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти корбарӣ муқарраршуда пешниҳод шудааст.

Агар ин гуна ҳуҷҷат якҷоя бо маводи иловагӣ пешниҳод нашуда бошад, маводи иловагӣ дар ҷараёни экспертиза ба эътибор гирифта намешавад ва аризадиҳанда дар ин бора огоҳ карда мешавад. Ин огоҳиро ба таркиби ҳуҷҷати навбатии экспертиза, ки ба аризадиҳанда фиристода мешавад, дохил кардан мумкин аст.

  1. Агар маводи иловагӣ формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро дар бар гирад, муқаррар карда мешавад, ки оё тағйири формула ба он ворид намудани як ё якчанд банди новобастаеро, ки дар формулаи ибтидоӣ ба ин сифат ҷудо карда нашуда буданд, дар назар дорад ва оё якҷоя бо маводи иловагӣ ҳуҷҷате, ки пардохт гардидани пардохти корбарии дахлдорро (бо дарназардошти муҳлатҳои пешниҳоди мавод) тасдиқ мекунад, пешниҳод шудааст.

Дар сурати якҷоя бо маводи иловагӣ пешниҳод нашудани ҳуҷҷати зикргардида тағйирҳои формула ҳангоми баррасии ариза ба эътибор гирифта намешаванд.

  1. Нисбат ба ҳуҷҷатҳои иловагии бо дархости Идораи патентӣ пешниҳодшуда риояи муҳлатҳои мукарраршудаи пешниҳоди онҳо тафтиш карда мешавад.

Маводи зикргардида бояд дар муддати ду моҳи пас аз санаи дархостро гирифтани аризадиҳанда пешниҳод карда шавад.

Агар аризадиҳанда нусхаҳои маводеро, ки ба аризаи вай муқобил гузошта шудааст, дархост карда бошад, маводи иловагиро дар муддати ду моҳи пас аз санаи ин нусхаҳоро гирифтани аризадиҳанда пешниҳод кардан мумкин аст, агар аризадиҳанда онҳоро дар давоми ду моҳи пас аз гирифтани дархости экспертиза талаб карда бошад.

Ҳангоми тафтиши аз ҷониби аризадиҳанда риоя шудани муҳлатҳои муқарраргардида банди 110 Қоидаҳои мазкурро ба инобат гирифтан лозим аст.

Агар муқаррар гардад, ки аризадиҳанда муҳлатҳои пешниҳоди маводи иловагиро риоя накардааст (ва ин муҳлатҳо мувофиқи банди 131 Қоидаҳои мазкур тамдид наёфтаанд), ариза бозхондшуда ҳисобида ва аризадиҳанда дар ин бора огоҳонида мешавад.

  1. Дар сурати ворид шудани маводи иловагие, ки бо ташаббуси аризадиҳанда ва ё бо дархости Идораи патентӣ пешниҳод ва ба баррасӣ қабул шудааст, тафтиш карда мешавад, ки оё он моҳияти ихтирои арзшударо тағйир медиҳад. Маводи иловагӣ моҳияти ихтироъро тағйирдиҳанда шинохта мешавад, агар он аломатҳоеро дар бар гирад, ки бояд ба формула ворид карда шаванд, вале ин аломатҳо дар маводи қаблӣ мавҷуд набуданд.

Ба сифати аломатҳое, ки бояд ба формула ворид карда шаванд, на танҳо аломатҳое шинохта мешаванд, ки онҳо дар формулаи аз ҷониби аризадиҳанда тасҳеҳёфта мавҷуданд, балки он аломатҳое, ки нисбати онҳо аризадиҳанда ба ин гуна воридкунӣ танҳо ишора намудааст.

  1. Аломатҳои дар маводи иловагӣ овардашуда, ки бояд ба формула ворид карда шаванд, ҳамчун аломатҳои дар маводи қаблии ариза мавҷуднабуда шинохта мешаванд, агар онҳо дар формула ё тавсифномаи ихтироъ, ки ба таркиби ариза то санаи ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани дархост барои додани патент, тавсифнома, формулаи ихтироъ ва нақшаҳо (агар дар тавсифнома ба онҳо истинод оварда шуда бошад) дохил мешуданд, тавсиф нашуда бошанд.

Агар дар маводи қаблии ариза аломати асосии ихтироъ бо мафҳуми умумӣ ва бе ошкор намудани шаклҳои хусусии ба амал баровардани он ифода шуда бошад, ва ин шакли хусусии ба амал баровардани ихтироъ дар маводи иловагӣ ба сифати аломате, ки бояд ба формула ворид карда шавад, пешниҳод шуда бошад, чунин амал асос мегардад, ки маводи иловагӣ ба сифати маводи тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ шинохта шавад.

Аломатҳое, ки дар тавсифнома танҳо дар нисбати сатҳи техника, аз ҷумла, ҳаммонанди наздиктарин зикр гардидаанд, ба аломатҳои дар маводи қаблии ариза мавҷудбуда дохил намешаванд.

Агар ариза ба гурӯҳи ихтироот дахл дошта бошад, ба сифати аломатҳои ягон ихтирои гурӯҳ, ки дар маводи қаблии ариза мавҷуд буданд, аломатҳое ҳисобида мешаванд, ки дар тавсифнома маҳз нисбат ба ҳамин ихтироъ зикр шудаанд.

Истисноро аз ин қоида гурӯҳи ихтирооте ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо барои истифода дар дигараш пешбинӣ шудааст. Дар ин ҳолат аломатҳои дар маводи қаблӣ мавҷудбудаи як ихтироъ аломатҳои ҳамин ихтирои дигар ҳисобида мешаванд.

  1. Агар ихтирои арзшуда ба истифодаи сохтор, тарз, модда ё штамми маълум бо таъиноти нав дахл дошта бошад, маводи иловагӣ тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ дониста мешавад, агар дар он ба таъиноти нави объекти маълум, ки дар маводи ибтидоии ариза тавсиф нагардида буд, ишора шуда бошад, ё агар маводи иловагӣ аломатҳои дигареро дар бар гирифта бошад, ки барои тавсифи объекти маълум истифода шудаанд.
  2. Агар маводи иловагӣ маълумотеро дар бораи ихтирои арзшуда дар бар гирад, ки он маълумот дар маводи ибтидоии ариза мавҷуд набуд ва ба аломатҳое, ки бояд ба формула дохил шаванд, алоқамандӣ надорад, дар ин сурат маводи иловагӣ тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ ҳисобида намешавад. Мисоли ин гуна маълумот, чунин маълумот аст: маълумоти нав (иловагӣ) дар бораи шароити амалигардонии ихтироъ, мисолҳои амалигардонии ихтироъ, ишора ба имконияти ҳосил кардани натиҷаи нави техникӣ, маводи графикии тасҳеҳшуда ва ғ.

Маводи иловагие, ки дар баробари аломатҳои дар маводи ибтидоии ариза мавҷуднабуда ва ба формулаи ихтироъ дохилшаванда инчунин маълумоти дигареро дар бар мегирад, ки барои баррасии ариза зарур аст, танҳо нисбат ба он қисме, ки аломатҳои зикргардидаро дар бар мегирад, тағйирдиҳандаи моҳияти ихтироъ дониста мешавад.

Маълумоти дигар дар ҷараёни гузаронидани экспертиза ба эътибор гирифта мешавад.

  1. Дар рафти тафтиши формулаи аз ҷониби аризадиҳанда тағйирдодашудаи ихтироъ, ки дар маводи иловагӣ оварда шудааст, муқаррар карда мешавад, ки оё тағйирот ба ихтирои арзшуда дахл дорад.

Он тағйироти формулаи ихтироъ, ки воридкунии бандҳои новобастаро ба формула пешбинӣ мекунад, агар ин бандҳо ба ихтирои арзшуда дахл надошта бошанд, ба эътибор гирифта намешаванд ва аризадиҳанда дар ин бора огоҳонида мешавад.

  1. Банди новобастаи ба формула воридшуда дар ҳолатҳои зерин ба ихтироъ дахлдор дониста мешавад:

– тағйири ишораи намуди объект (сохтор, тарз ва модда), агар объекти нави ишорашуда назар ба объекти дар ибтидо ишорашуда ба аломатҳои дар формулаи ибтидоии ихтироъ овардашуда бештар мувофиқ бошад;

– иваз намудани объекти ибтидоии «истифода мувофиқи таъиноти нав» ба объекте, ки ҳамин таъиноти навро дорад, агар муқаррар гардида бошад, ки маълумот дар бораи таъиноти нави арзшудаи объект то санаи аввалияти ихтироъ дастраси умум нагардидааст;

– иваз намудани объекти қаблан арзшудаи ихтироъ ба объекти «истифода мувофиқи таъиноти нав», агар аз маълумоте, ки то санаи аввалияти ихтироъ дастраси умум гардидааст, маълум будани воситае, ки аз объекти арзшуда танҳо бо таъиноташ фарқ мекунад, муқаррар шуда бошад;

– тартиб додани банди (ё якчанд банди) нави новобаста, ки дар натиҷаи ислоҳ кардани камбудиҳои дар сархатҳои 14-15 банди 159 Қоидаҳои мазкур зикргардида сурат гирифтааст.

  1. Агар маводи иловагӣ тағйирдиҳандаи моҳияти ихтирои арзшуда дониста шавад, ба аризадиҳанда (дар ҳуҷҷати навбатие, ки ба ӯ аз ҷониби бахши экспертиза фиристода мешавад) дар бораи он, ки кадоме аз маълумоти маводи иловагӣ асоси чунин хулоса гардид, хабар дода мешавад.
  • 23. Табдили ариза
  1. Мутобиқи қисми 1 моддаи 15 Қонун ариза барои додани патентро дар давоми се соли баъди санаи пешниҳод шуданаш ба воситаи пешниҳоди дархости дахлдор ва дар сурати пардохти корбарӣ ба ариза барои додани нахустпатент табдил додан мумкин аст.
  2. Тибқи қисми 2 моддаи 15 Қонун то қабули қарори экспертизаи пешакӣ ариза барои додани нахустпатент ба воситаи пешниҳоди дархости дахлдор ва дар сурати пардохти корбарӣ метавонад ба ариза барои додани патент табдил дода шавад.

Дар сурати пешниҳод гардидани ин гуна дархост тибқи замимаҳои 23 ва 24 ба Қоидаҳои мазкур дуруст тартиб додани он мувофиқи бандҳои 108-113 Қоидаҳои мазкур тафтиш карда шуда, инчунин муқаррар карда мешавад, ки оё ин дархост то нашри маълумот оид ба ариза ворид шудааст ва оё якҷоя бо дархост ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохт кардани пардохти корбарии дахлдор пешниҳод шудааст.

Агар дархост бе риояи талаботи муқарраршуда пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда дар ин бора огоҳонида мешавад.

Агар дархост баъд аз нашри маълумот дар бораи ариза ба ихтироъ пешниҳод шуда бошад, аризадиҳанда огоҳонида мешавад, ки табдили ариза имконнопазир аст.

Дар сурати якҷоя бо дархост пешниҳод нашудани ҳуҷҷат оид ба пардохт гардидани пардохти корбарӣ дархост пешниҳоднашуда ба ҳисоб меравад ва аризадиҳанда дар ин бора огоҳонида мешавад.

Агар муайян гардад, ки дархост бо риояи талабот ва муҳлати муқарраршуда ворид гардида, якҷоя бо он расиди пардохти ҳатмӣ пешниҳод шудааст, ба аризадиҳанда дар бораи табдил дода шудани ариза огоҳинома фиристода мешавад.

  1. Агар аризадиҳанда то санаи воридшавии дархост оид ба табдили ариза маводи иловагии тасҳеҳдиҳандаи ариза ё формулаи тағйирдодашудаи ихтироъро пешниҳод карда бошад, тафтиши ин мавод мувофиқи бандҳои 202-287 ва 280-289 Қоидаҳои мазкур бояд то фиристода шудани огоҳинома дар бораи натиҷаи баррасии дархост оид ба табдилдиҳӣ гузаронида шавад.
  2. Табдилдиҳии аризаҳои бозхондшуда ва аризаҳое, ки бозхонда ҳисобида мешаванд, ба амал бароварда намешавад.
  3. Агар дархост оид ба табдил ба аризае дахл дошта бошад, ки мувофиқи қисми ҳафтуми моддаи 19 Қонун бозхонда ҳисобида шудааст ва агар якҷоя бо дархост он, дархост оид ба барқароркунии муҳлати гузаронидашуда пешниҳод шуда бошад, ин дархост тибқи бандҳои 131-134 Қоидаҳои мазкур баррасӣ карда мешавад; дар сурати муқаррар гардидани имконпазирии барқароркунии муҳлат аризадиҳанда дар ин бора ва дар бораи сурат гирифтани табдилдиҳии ариза хабардор карда мешавад.
  4. Агар аризадиҳанда то ба ӯ фиристодани огоҳинома оид ба табдил дода шудани ариза хоҳиш намояд, ки дархосташ оид ба табдил бозхонда шавад (бозхонди дархост дар бораи табдили ариза), табдили ариза суратнагирифта ҳисобида шуда, пардохти корбарии пардохтгардида баргардонида мешавад, ё бо тартиби муқарраршуда ба ҳисоб гирифта мешавад.
  5. Хоҳиши аризадиҳанда дар бораи бозхонди дархост оид ба табдили ариза, агар он баъд аз фиристодани огоҳинома дар бораи табдил дода шудани ариза расида бошад, барои табдили дубораи ариза ва баргардонии пардохти корбарӣ асос ба ҳисоб намеравад.
  • 24. Нашри маълумот оид ба ариза ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ
  1. Маълумот дар бораи ариза дар он сурат нашр карда мешавад, ки агар ариза барои додани патент пешниҳод шуда бошад, экспертизаи расмии он бо натиҷаи мусбат ба итмом расида бошад ва ин ариза бозхонднашуда ва ё бозхонднашуда ҳисобида нашуда бошад.
  2. Ҳангоми нашри маълумот оид ба ариза, ки тибқи қисми якум ва дуюми моддаи 23 Қонун ба амал бароварда мешавад, Идораи патентӣ маълумоти зеринро дар бораи ариза интишор менамояд:

– рақами ариза;

– санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ;

– ном ва (ё) унвони аризадиҳанда (гон);

– номи мамлакати истиқомат ва (ё) ҷойгиршавии аризадиҳанда (аризадиҳандагон);

– номи муаллиф (он) – и ихтироъ, агар ӯ (онҳо) ба ҳамин сифат номбар нашуданаш (он) – ро ҳангоми нашри маълумот талаб накарда бошад;

– рақам, сана ва мамлакати пешниҳоди ариза (ҳо) – е (санаи пешниҳоди маводи иловагӣ ба он), ки дар асоси он (онҳо) санаи аввалияти ихтироъ дархост карда мешавад, агар аввалияти дархостшаванда аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ пештар бошад;

– индекси (ҳои) сарлавҳа (ҳои) ТБП, ки дар натиҷаи экспертизаи расмии ариза муқаррар карда шудааст;

– номи ихтироъ;

– формулаи ихтироъ дар он шакле, ки дар маводи ибтидоии ариза омадааст, ё агар он тағйир дода шуда бошад, дар таҳрири охирине, ки то гузаштании 12 моҳ аз санаи воридшавии ариза пешниҳод шудааст;

– реферат ба забони англисӣ (агар онро аризадиҳанда пешниҳод карда бошад).

Ислоҳоту тағйироти ҳуҷҷатҳои ариза, ки бо вайронкунии талаботи банди 84 Қоидаҳои мазкур тартиб дода шудаанд, ё ба Идораи патентӣ пас аз воридшавии дархост дар бораи нашри маълумот оид ба ариза то гузаштани 18 моҳ аз санаи пешниҳоди ариза ворид гардидаанд, ҳангоми нашри маълумот дар бораи ариза ба эътибор гирифта намешаванд.

Агар то санаи нашри маълумот дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки таркиби ин маълумот дар банди 301 Қоидаҳои мазкур муқаррар гардидааст, интишори маълумот дар бораи ариза сурат нагирифта бошад, ба сифати санаи интишори маълумот дар бораи ариза санаи интишори маълумот дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатӣ ҳисобида мешавад.

  1. Пас аз интишори маълумот дар бораи ариза оид ба додани патент ба ихтироъ шахси дилхоҳ метавонад бо маводи ариза шинос шавад. Идораи патентӣ дастрасии тавсифнома, формулаи ихтироъ, нақшаҳо (агар дар ариза бошанд), реферат ва инчунин маводи иловагиеро таъмин менамояд, ки ҳуҷҷатҳои зикргардидаро тасҳеҳ ё тағйир медиҳанд, агар онҳо бо тартиби муқарраршуда дар муддати 12 моҳи пас аз санаи пешниҳоди ариза пешниҳод шуда бошанд.

Нусхаҳои маводи зикргардида ба шахси дилхоҳ аз рӯйи тарифҳои муқарраршуда барои хизматҳо пешниҳод шуда метавонанд.

  1. Дархости аризадиҳанда дар бораи нашри маълумот оид ба ариза то гузаштани 18 моҳ аз санаи пешниҳоди ариза мувофиқи қисми дуюми моддаи 23 Қонун дар сурати пардохти маблағи дахлдор қонеъ гардонида мешавад. Маълумот дар бораи ариза, ғайр аз ҳолатҳои бозхондшуда ё бозхондашуда ҳисобида шудани он, дар муддати 6 моҳи баъд аз ворид шудани дархост интишор карда мешавад. Агар дархост то анҷоми экспертизаи расмӣ ворид шуда бошад, ҳисоби муҳлати зикргардида аз санаи ба аризадиҳанда фиристодани огоҳинома дар бораи натиҷаи мусбати экспертизаи расмӣ оғоз мешавад.

Бозхонди дархост ба эътибор гирифта мешавад, агар он то анҷоми омодасозии маълумот барои интишор ворид шуда бошад.

  1. Ҳангоми мувофиқи моддаи 23 Қонун нашр намудани маълумот оид ба додани ҳуҷати муҳофизатӣ Идораи патентӣ маълумоти зеринро интишор менамояд:

– рақами патент;

– индекси (ҳои) сарлавҳаи (ҳои) ТБП, ки Идораи патентӣ барои ихтирои арзшуда муқаррар кардааст;

– рақам ва санаи пешниҳоди аризае, ки аз рӯйи он ҳуҷати муҳофизатӣ дода шудааст;

– санаи интишори маълумот оид ба ариза ва шумораи хабарномаи расмӣ;

– рақам, сана ва рамзи (тибқи стандарти SТ.3 СУМЗ) мамлакати пешниҳоди аризае (санаи пешниҳоди маводи иловагӣ ба он), ки дар асоси он (ҳо) санаи аввалияти ихтироъ муқаррар шудааст, агар ин аввалият аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ пештар бошад;

– номи муаллиф (он) – и ихтироъ, агар ӯ (онҳо) ба ҳамин сифат номбар нашуданаш (он) – ро талаб накарда бошад (бошанд) ва номи дорандаи патент;

– рамзи мамлакати истиқомати муаллиф (он) – и ихтироъ ва мамлакати истиқомати (ҷойгиршавии) соҳиби патент мувофиқи стандарти SТ.3 СУМЗ;

– номи ихтироъ;

– формулаи ихтироъ;

– реферат ба забони англисӣ ва дигар забонҳо (агар онро аризадиҳанда пешниҳод карда бошад);

– нақша (маводи графикӣ), агар зарурат ва имконияти техникии овардани он бошад.

  1. Хоҳиши муаллифи ихтироъ дар бораи ба ҳамин сифат зикр накардани номи ӯ ҳангоми нашри маълумот оид ба ариза, агар ин дархост тибқи замимаи 25 ба Қоидаҳои мазкур то анҷоми омодакунии нашр пешниҳод шуда бошад, ба эътибор гирифта мешавад.

Дар худи ҳамин муҳлат муаллиф метавонад хоҳиши зикргардидаро бозпас гирад.

  1. Идораи патентӣ маълумотро дар бораи ворид намудани тағйирот ба маълумоти интишоргардида оид ба аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳофизатии додашуда дар нашрияи расмӣ (Навиди патентӣ) интишор мекунад.
  2. Идораи патентӣ пас аз ба қайд гирифтани ихтироъ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда бетаъхир дар хабарномаи расмӣ нашр мекунад.