Санаи 19-уми сентябр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини ҷиҳати истиқболи сазовори ғолибони Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек суханронӣ намуда, ғолибони Универсиадаи патентии Авруосиёгии “Нигоҳ ба сӯи оянда» – ро табрик намуда ба онҳо дар фаъолияти мнбаъдаи илмиву эҷодиашон муваффақиятҳо таманно намуданд.

Тибқи маълумоти сарпараст ва ташкилкунандаи Универсиада Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ, барои иштирок дар Универсиада зиёда аз  185 нафар бо пешниҳоди 143 лоиҳаи навоварона  ва ихтироъ ҳуҷҷат супориданд.

Боиси хушнудӣ аст, ки аз байни наврасон ва ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 нафар ба Универсиада ҳуҷҷат супорида аз онҳо 10 нафар сазовори ҷоиза ва ҷойҳои назаррас гардиданд.

Аз ҷумла, ба Ғуломов Комил Давлатмуродович (донишҷуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон); Бораҷабова Назирабегим Баҳодуровна (Донишҷуйи курси 5-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино), Ҷаборова Саҳоба Саломудиновна (Аспиранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино), Сафаров Тоҳир Мамадҷонович (Муҳандиси Маркази илмии механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, Аҳроров Акбар Орифжонович (Донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи миллии техникии Беларус), Убайдулло Муҳаммадҳофизи Одина (Аспиранти Маркази биология ва тибби инноватсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), Исмоилов Содиқ Абдурозиқович ва Иброҳимзода Исмоил (1. Донишҷӯи курси 4-уми ихтисос. 1-54010104-метрология, стандартизатсия ва сертификатсия Донишгоҳи технологии саноати сабуки Тоҷикистон. 2. Магистри 2-юми соли таҳсил, махсус. Маълумоти педагогии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – мутахассиси шӯъбаи технологияҳои нав) дипломи иштирокчии Универсиада ва ба Манижаи Холмурод (донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ҷоизаи олӣ – медали Идораи патентии авруосиёгии Ташкилоти патентии авруосиёгӣ – «Нигоҳ  ба  сӯи оянда»-ро (дар доираи мавзӯи «Оянда аз назари ҷавонон: аз ғоя то патент» дар категорияи II -уми синусолӣ (аз 18 то 25 сола) аз рӯи номинатсияҳо  сарфароз гардонида шуданд.

 

 

 

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!