Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон инак маротибаи саввум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол-2019” таҳти унвони “Қуллаи шараф” дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Мақсад аз гузаронидани Озмуни мазкур, ин ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодабарии брендинг мебошад.
Ҳамзамон озмуни мазкур нишон медиҳад, ки бренд чи гуна бартариятҳои рақобатнокиро ба ширкатҳо дар бозор ва пешрафти тиҷорат медиҳад.
Иштирок ва ғолибият дар ин Озмун яке аз омилҳои барои беҳтар намудани обрӯи ширкатҳо, ба даст овардани маъруфият ва эътироф миёни истеъмолкунандагон ва рақибон дар ҷумҳурӣ шуда метавонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ ва рушди тиҷорат ва брендинг дар Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро пайваста меандешад.
Тибқи тартиб аз ҷониби вазорат Қоидаҳо оид ба гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019», Нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати Ҳакамони Озмун аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъитӣ ва бахши хусусӣ вобаста ба гузаронидани Озмун тасдиқ карда шуда, кори худро мутобиқи Қоидаҳо иҷро намуданд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол-2019” аз санаи 25 сентябр оғоз гардида санаи 30 ноябри соли 2019 ба итмом расид.
Зикр кардан ба маврид, аст, ки назар ба солҳои гузашта имсол иштирокунандагон дар Озмун бештар гардидааст.
Маротибаи аввал чорабинии мазкур соли 2013 баргузор гардида, ки ба Озмун 50 ариза, соли 2017 ба Озмун 71 ариза ва имсол бошад ба Озмун 91 ариза пешниҳод гардид, ки тибқи тартиби муқарраргардида 85 адади он ба талаботи Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯй буда, бақайд гирифта шуданд. 6 ариза бинобар бо сабаби ба талаботи Қоидаҳо оид ба гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2019» ҷавобгӯ набудан бозхонд карда шуданд.
Аризаҳои пешниҳод шуда мутобиқи Қоидаҳои зикршуда ба 13 номинатсия ва 47 зерноминатсия ҷудо карда шудаанд ва ба Ҳакамони озмун барои баҳогузорӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот пешниҳод карда шуданд.
Мутобиқи баҳодиҳӣ ва Қарори Ҳакамон дар Озмуни ҷумҳуриявии Бренди сол-2019, ширкатҳо ва бахшҳои соҳибкорӣ бо 1 адад ҷоизаи тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), 40 адад ҷоизаи тиллоӣ, 12 адад бо ҷоизаи нуқрагин, 14 адад бо ҷоизаи биринҷӣ ва 18 нафар бо дипломи иштирокчии Озмун сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадафи асосии баргузор намудани озмуни мазкур ин пеш аз ҳама дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифодабарӣ ва пешбурди бренд дар фаъолияти худ мебошад.
Пешбурди бренд барои соҳибкории хурду миёна ва ширкатҳо имконият медиҳад, ки фаъолияти тиҷоратии худро боз ҳам равнақ диҳанд ва дар ин замина барои рушди иқтисоди кишвар тавассути рақобатпазир намудани молу маҳсулоти истеҳсолкардаашон дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ ҳиссагузор бошанд.