Санаи 9 январи соли ҷорӣ, бо иштироки, муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Усмонов, роҳбарияти Муассиса ва кулли кормандон,  ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Муассиса дар соли 2019 баргузор гардид.

   Ҷаласаро директори Муассиса Мирзо Исмоилзода оѓоз намуда, вобаста ба фаъолияти солона барои пешниҳоди маърӯза суханро ба Муовини  Директор Боймурод Боев доданд.

   Тибқи маърӯзаи пешниҳодгардида, маълум гардид, ки дар соли 2019 ба Муассиса 111 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ, 3 адад ариза барои гирифтани патент ба ихтироъ, 9 адад ариза барои гирифтани патенти Авруосиёгӣ ворид гардидааст.

Шумораи патентҳои авруосиёгӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра эътибор доранд, 6243 ададро ташкил медиҳанд.

    Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи бақайдгирии байналмилалии низоми Гаага бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ариза ба намунаи саноатӣ пешниҳод гардида, 25 аризаи дигар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзпазир гардидаанд. Дар маҷмуъ аз давраи ҳамроҳшавӣ ба низоми Гаага, 798 арзнома бо нишондоди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки аз ин миқдор 736 адади он ба қайд гирифта шудааст.

    Барои ба қайд гирифтани тамғаи молӣ 606 дархост ба Муассиса ворид шудааст, ки аз ин миқдор 308 дархост аз арзномадеҳони миллӣ ва 268дархост ба арзномадеҳони хориҷӣ таалуқ доранд.

    Дар давраи ҳисоботӣ, ба Муассиса 2309 дархости байналмилалӣ барои бақайдгирӣ ворид шудааст. Аз санҷиши нишони арзшуда 2396 дархост гузаштааст. Аз нишондоди мазкур 1488 дархост пурра ба қайд гирифта шуда, 178 дархост бо дискламатсия, 152 дархост қисман ба қайд гирифта шудаанд ва 578 дархост пурра рад шудаанд.

    Дар соли гузашта, аз ҷониби  Муассиса 506 рисолаҳои илмии олимон (471 рисолаи номзадӣ, 29 рисолаи докторӣ ва 6 рисолаи доктории Phd), ба қайд гирифта шудааст.

    Дар ин давра, қабули ҳисоботҳои баанҷомрасидаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ конструкторӣ 68 ададро ташкил дода, 70 корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ конструкторӣ, 63 адад захираҳои иттилоотӣ  ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Ҳамзамон 1221 корҳои ҷустуҷӯи мавзуӣ- иттилоотӣ гузаронида шуд.

    Дар давраи ҳисоботӣ 78 шакли пуркардаи ҳисобот дар бораи «Номгӯи нишондиҳандаҳои ҳолати иқтидори илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018», 200 варақаи шахсии кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 456 варақаҳои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ техникӣ ва 282 нусха адабиёти адади нашрашон кам ҷамъоварӣ карда шуд.

   Айни замон манбаи маълумотии «Кадрҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 4000 адад варақаи шахсии олимонро дар бар мегирад.

   Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, ба Муассиса 6828 ҳуҷҷат, аз вазорату идораҳо ворид гардид, ки нисбат ба ҳамаи онҳо мактубҳои ҷавобӣ ва хулосаҳои зарурӣ дар маҷмуъ 7138 ҳуҷҷат ирсол гардидааст.

   Ҳамчунин соли гузашта Муассиса ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  3 июни соли 2014, №371 “Дар бораи Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” як қатор лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намудааст, ки  лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул карда шуда, санаи 1 декабри соли 2018 ба тасвиб расид ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 02 январи соли 2019 ба имзо расонида шуданд аз ҷумла: лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»,«Дар бораи ихтироъ»«Дар бораи ихтирооти махфӣ»«Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»«Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ».

   Муассиса бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва ҳамчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар бо мақсади  ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии зеринро, аз қабили Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» ва намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорони ҷумҳурӣ, Озмуни ҷумҳуриявии ғайритиҷоратии «Бренди сол-2019» таҳти унвони «Қуллаи шараф» ва силсилаи семинар-машваратҳоро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар мавзӯи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ” бо пешниҳоди тақдимҳои гуногун барои доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муҳассилини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонаи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва шаҳраки Рашт, муассисаҳои таълимии хусусӣ, муассисаҳои дарёфти рушди истеъдодҳо (мутобиқи нақшаи тасдиқкардашудаи Муассиса дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) ташкил ва баргузор намуд.

   Дар ин давра Муассиса оид ба таъмини рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Идораи патентии Авруосиёгӣ, идораҳои патентии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва хориҷи дур, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

   Аз ҷумла, дар ин давра лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ (аз 9 сентябри соли 1994) тибқи тартиби муқараргардида пас аз баррасии вазорату идораҳо санаи 29 сентябр  аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ба имзо расонида шуд.

   Ба имзо расонидани Протокол аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки намунаҳои саноатии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии кишвар дар ҳудуди давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ҳифз карда шаванд.

   Дар анҷоми ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Усмонов суханронӣ намуда, дар маҷмуъ фаъолияти солонаи Муассисаро бо назардошти дастовардҳо, мусбӣ арзёбӣ намуданд.

   Ҳамчунин Директори Муассиса Мирзо Исмоилзода дар фарҷоми ҷаласа аз рӯи натиҷаҳои бадастомада ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳоро ба кулли кормандони Муассиса барои пешдасти кор намудан, манзур намуданд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!